Баргашт Чоп кардан

ЛИБОСИ МИЛЛӢ. ТАҚЛИДКОРӢ ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО БА НЕСТӢ МЕБАРАД!


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари суханрониҳои хеш бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин, пешгирии гаравидан ба фарҳанги бегона пайваста таъкид мекунанд, ки бесабаб нест, зеро воқеан, вақтҳои охир тамоили бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Чунин одати бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.
Бо тасдиқи ин андеша Нодира Музаффарӣ, сардори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор, изҳор дошт, ки либоси зебою шинами миллӣ дар ҳамаи давру замон зинатбахши занону духтарони тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монд. Занону модарони мо тарзи хоси либосҳои миллӣ доштанд ва онро ба мо ба мерос гузоштаанд. Мавриди зикр аст, ки либос таассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муайян намуда, мақому манзалати иҷтимоии онҳоро равшан мегардонад. Ҳамзамон, либоспӯшӣ ҳам аз завқ, истеъдод, олами ботинӣ ва аз фикру ақидаи зан бастагии калон дорад. Занону бонувон, аз як ҷониб, агар либоси миллиро ба хотири зебоипарастӣ ва муаррифии намуди зоҳирии хеш ба бар кунанд, аз ҷониби дигар, дар он афкори рангини мардум ифода меёбад. Гулдухтарони атласпӯшу чаканпӯш бо рангу тобиши муҷалло ҳамчун тирукамон қалбҳоро оромиву фараҳ ва оламро зебоӣ мебахшанд ва чун гулҳои баҳорӣ тару тоза менамоянд. Инчунин, дар рангҳои матоъҳои миллӣ рамзҳои гуногун инъикос мегарданд.
Мутаассифона, имрӯзҳо аксари ҷавондухтарону бонувони мо ба фарҳанги бегона тақлид намуда, пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ, ҳиҷобу либосҳои сар то по сиёҳро ба бар мекунанд, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён меоварад. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надорад. Сатри сиёҳ низ ба мардуми мо куллан бегона аст. Суоле дар зеҳни кас пайдо мегардад, ки чаро ҷавонони мо беандешона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати хеш дурӣ меҷӯянд. Дар ҳоле ки занони дигар қавму миллатҳо либосҳои миллии моро ҳаргиз ба бар намекунанд. Ин тақлидкории онҳо маънои арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллат маҳсуб меёбад.
Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Сарвари давлат дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишофи истеҳсоли матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан, мардум ҳарчи бештар майл ба либоси миллӣ мекунанд. Афзудани сафи занону духтарони атласпӯшу чаканпӯш дар бештари чорабиниву ҷашнҳо ё дар фасли баҳор пайваста ба бар кардани либосҳои миллӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми марти соли гузашта дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар аз занону ҷавондухтарон даъват ба амал оварданд: “Либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб мешуданд, тарк накунед. Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст».
Либоси миллӣ нишон аз фарҳанги бою ғании мост. Бинобар ин, ҷавондухтарон бояд ин мероси ниёгонро қадр намуда, бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ аз пӯшидани либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегона, худдорӣ намоем.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”