Баргашт Чоп кардан

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО


Шикори ғайриқонунӣ 4 нафарро ба курсии айбдорӣ шинонд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 4 сокини ноҳияи Рашт (мардони аз 34 то 55-сола), ки ба шикори ғайриқонунӣ айбдор мешаванд, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод дар шикори ғайриқонунии 2 сар бузи кӯҳии намуди “Сибирӣ” дар мавзеи Ғорифи ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт гумонбар мешаванд, ки тибқи хулосаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, зарари расондашуда 15 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба гумонбарон бо моддаи 232 қисми 2 банди “б” (шикори ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) Кодекси ҷиноятӣ идома дорад.

Қонун таноби марди исрофкорро кашид
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз ӯ марди 33-сола ном бурда мешавад, бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, кормандони милитсия муайян карданд, ки ин мард ҳамчун таъминотчии ҶДММ “Маҳмудов Ғ.Н.”-и шаҳри Хуҷанд, чанд номгӯйи маҳсулотро дар асоси борхат ба шаҳри Бохтар бурда, дар мағозаҳои тиҷоратӣ фурӯхта, маблағи маҳсулотро ба манфиати худ сарф кардааст.
Дар пайи ин кирдор маблағи зарар ба Ҷамъияти мазкур 158 ҳазору 169 сомониро ташкил дода, нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Боздошти кордбадасте, ки боиси озори ҷавонзан шуд
Дар асоси муроҷиати ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ба ШВКД - 2 дар ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба латукӯб шуданаш, кормандони милитсия як ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳристонро ба гумони даст доштан дар ин амал дастгир карданд.
Тавре сомонаи ВКД дар ин бора хабар медиҳад, ҷавони боздоштшуда 5-уми феврал дар кӯчаи Р. Каримови пойтахт ҷавонзани 25-соларо латукӯб намуда, бо зарби корд ӯро захмӣ кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, ки ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”