“КАМБУДИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД!”
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мақолаи Бузургмеҳри Баҳодур «Дарвоз: оё Карон дубора хокбарсар мешавад?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (22-юми августи соли 2025, №162) чоп шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тазаккур медиҳем, ки тайи се-чор соли охир дар мавзеи шаҳраки қадимаи Карон ягон ковиши археологӣ гузаронда нашуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар соли 2025 барои нигоҳубини бозёфтҳои Карон дар деҳаи Рузвайи Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб бо маблағи 830 000 сомонӣ бинои осорхонаи «Карон» сохта шуда, ба наздикӣ таҷҳизонидани дохили бино ба анҷом мерасад ва ҳамаи бозёфтҳое, ки зимни корҳои ҷустуҷӯйӣ-археологӣ пайдо шудаанд, ба ин осорхона интиқол меёбанд. Хатти оби нӯшиданӣ низ таъмир гардид. Ҳамчунин, барои нигоҳубини мавзеи Карон ва бозёфтҳои он аз ҳисоби бахши фарҳанги ноҳия як воҳиди корӣ ҷудо шуда, айни ҳол шахси масъул фаъолият дорад.
Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф сохта, барои ба як макони тамошобоби сайёҳӣ табдил додани мавзеи Карон аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Х. А. САФАРЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Дарвоз