Чанд сол боз бо пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал Рӯзи байналмилалии бонувон ва духтарон дар илм муқаррар шудааст. СММ дар ин бора 22-юми декабри соли 2015 қатънома қабул карда буд. Вобаста ба он, дар бештари мамлакатҳои ҷаҳон чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Мувофиқи омори байналмилалӣ, фаъолияти бонувон дар илм, махсусан дар бахшҳои технологияву муҳандисӣ ва дақиқ, дар аксар давлатҳои олам дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳатто дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар Африқою Осиёи Ҷанубӣ ва дар ҳавзаи баҳри Қариб теъдоди зиёди бонувон ба фарогирии таҳсилоти миёна муваффақ намешаванд. Барои ин вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳо ва хурофот сабаб аст. Бонувон айни замон ними аҳолии сайёраро ташкил мекунанд, вале танҳо сеяки онҳо дар соҳаҳои илмӣ машғули фаъолиятанд. Дар ин самт баробарии гендерӣ вуҷуд надорад, ки ин вазъи ташвишовар аст.
СММ таъкид кардааст, ки фаъолияти бонувон дар илм ба пирӯзиҳои бештар ва рушди бомароми кишварҳои олам мусоидат хоҳад кард. Ин Созмони ҷаҳонӣ дар сохтори худ гурӯҳҳоеро таъсис додааст, ки вазъи фаъолияту донишандӯзӣ ва, махсусан ҳолати фаъолияти бонувонро дар самти илм дар давлатҳои олам, мунтазам мавриди омӯзишу баррасӣ ва тадбирҷӯйӣ қарор медиҳанд.
Хушбахтона, ба шарофати истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувон аз ҳуқуқу имконоти зиёд бархӯрдоранд.
Бояд гуфт, ки бонувони тоҷик табиатан фаъолу хирадпарвар ва ҷасуру диловар мебошанд, аз монеаю мушкилоти зиндагӣ ҳарос надоранд.
Имрӯз бонувони тоҷик нақши барҷаста дар пешрафти тамоми самтҳои зиндагӣ – иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату технология ва илму фарҳангу маориф доранд. Теъдоди зиёди бонувони мамлакат ба дараҷаҳои илмӣ соҳибанду ба кашфиёту ихтироъ ва бозёфтҳои шоиста ноил гардидаанд. Онҳо, махсусан дар соҳаҳои тиб ва тарбият, мавқеи назаррас доранд. Барои фаъолияти пурсамарашон дар бахшҳои гуногуни илм як зумра бонувон бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадр шудаанд.
Ғамхорӣ нисбат ба омӯзиш ва ҳаёту фаъолияти бонувон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари кишвар аз фаъолияти пурбори бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ба соҳаи илм, изҳори қанотмандӣ намуда, дар Паёми навбатӣ иброз доштанд: “Мо нақши бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.
Маҳваш НАЗАРОВА,
омӯзгори фанни биология, ноҳияи Айнӣ