10-уми феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа, дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад»-и қисми ҳарбии 0307-и раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Дар натиҷаи гузарондани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ шуд. Яке аз қочоқбарон бо исми Авалмир валади Абдулҳаким, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид. Ҳамчунин, аз ҷойи ҳодиса 2 адад камераи резинӣ дарёфт шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз он истифода бурдаанд.
Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.
Вобаста ба далели мазкур, аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (қочоқ) ва 335 (ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон