Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ. РУШДИ МАОРИФ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷӣ дар соли гузашта соли 2025-ро – соли таърихӣ унвон карданд. Воқеан, агар рӯйдодҳои соли гузаштаро пеши назар орем, дармеёбем, ки чунин арзёбии Роҳбари давлат беҳикмат нест.


Барои тақвияти ин нукта ёдоварӣ аз Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки бо иштироки роҳбарони се давлати ҳамсоя – Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва, ҳамчунин намояндагони фарҳангу ҳунари ин се кишвар, бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид, басанда аст. Зеро дар ин рӯзҳо як масъалаи басо муҳиму доғ – баҳси сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз сад сол идома дошт, ба ҳалли ниҳоии худ расид. Ин рӯйдоди таърихӣ маҳз бо саъю талоши Роҳбари сулҳпарвари давлати мо, ки барои аз роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои доғу баҳсталаб таҷрибаи ғанӣ доранд ва дигаронро ба ин талқин менамоянд, муяссар гардид. Аз сӯйи дигар, дар гуфтушуниди се кишвари Осиёи Марказӣ ҳеҷ миёнараве ширкат надошт ва ин далолат ба он мекард, ки бо баракати ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми тарафайн ҳама масоили мубраму доғи минтақаро метавон бо роҳи гуфтушунид, бе дахолати дигарҳо ҳал намуд.
Мусаллам аст, ки мушаххассозии бурду бохти ҳар соҳа аз роҳи корбурди қиёс ва таҳлилу баррасии дақиқ сурат мегирад. Пешвои миллат дар Паём бо ишора ба татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои фосилавии Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегирад, зикр намуданд, ки андешидани тадбирҳои саривақтию самаровар дар ин самт боис ба 3,4 баробар зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,6 фоиз афзоиш ёфтани иқтисоди миллии мо гардид. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки татбиқи амалии марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 имкон фароҳам меорад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, ҳамзамон, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 10 фоиз кам карда шавад. Ин нишондод барои кишваре, ки даргириҳои дохилии мудҳишро паси сар кардаву фаъолияти инфрасохторҳои давлатиро аз сифр ба роҳ мондааст, бидуни шубҳа, дастоварди бузург ба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигаре, ки Роҳбари давлат ишора ба онро дар Паёми хеш зарур донистанд, саҳми бахши хусусӣ дар пешбурди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Онро “ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар” баҳогузорӣ намуда, таъкид карданд, ки “ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад”. Президенти кишвар ба соҳибкорони баору номуси кишвар, ки аз меҳри бузург ба сарзамини аҷдодӣ ва нангу номуси ватандорӣ дар сарсабзию ободонии Ватани азизамон, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси коргоҳҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ва, ба ин васила, коҳиш додани сатҳи бекорию камбизоатӣ саҳми назарраси худро гузоштаанд, сидқан изҳори сипос намуда, ҳамзамон, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки “ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад”.
Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар дар баробари масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мавзуи илму маориф, фарҳанг ва ҷавонон мақоми меҳварӣ дошт. Ин бесабаб нест, зеро маҳз ин самтҳо барои ҳар миллат ҳувиятсоз ба шумор рафта, барои бақои абадӣ пайдо кардани давлату миллат замина муҳайё месозанд.
Соҳиби донишу касбу ҳунар намудани ҷавонон, ки ояндаи давлати мо дар дасти онҳост, яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол аст, ки ҷиҳати дохил гардидан ба муассисаҳои олии таълимӣ Квотаи президентӣ амал мекунад, ки тавассути он ҳазорҳо духтарон аз музофот ба таҳсил фаро гирифта шуда, соҳиби касбу кор гардидаанд ва имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ заҳмат кашида, дар ободии кишвари азизамон саҳми назарраси худро мегузоранд. Воқеан ҳам, ин тадбир ба дигар гардидани назари падару модар, хосса дар музофот, барои идомаи таҳсилу касбомӯзии духтарон баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ боис гардид. Мо дар сафарҳои худ ба минтақаҳои кишвар шоҳиди он будем, ки дар марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ, коллеҷҳо ва донишкадаҳои мухталифи дар замони соҳибистиқлолӣ таъсисёфта амал мекунанд ва ҷавонони маҳаллӣ ба донишомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Тавре Пешвои маҳбуб таъкид сохтанд, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Мо имсол бузургтарин ҷашни миллӣ, яъне Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунем. Итминони комил дорам, ки ҳар сокини ҳушманд ва бонангу номуси кишвар бо дар ниҳоди хеш парваридани андешаи садоқат ба Роҳбари давлат, муҳаббати бузург ба Ватани аҷдодӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ, мавриди корбурд қарор додани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар сарсабзию ободонию пешравии кишвари азизамон саҳми хешро мегузоранд.


Барно САИДВАЛИЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ