“ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР КОНИБОДОМ
Дар шаҳри Конибодом курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” оғоз шуд. Дар он муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, подполковники милитсия Сайёд Искандарзода, сардори шуъбачаи кор бо ноболиғон, лейтенанти калони милитсия Шаҳрӯз Шуҳратзода, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом Фаррух Рӯзиев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулон ҳадафи курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат”-ро баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худшиносии миллии ҷавонон арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки курс ба омӯзиши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ равона гардидааст.
Равшан Муъминова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт: “Курси омӯзишӣ то моҳи майи соли ҷорӣ идома меёбад. Шунавандагон ҳафтае як маротиба бо дарсҳои сиёсӣ, ки мундариҷаи муҳим ва омӯзанда доранд, фарогир мешаванд. Дар дарсҳо ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба қонунҳо, тартиботи ҷамъиятӣ дар байни ҷавонон тақвият дода мешавад. Пас аз хатми курс, ба шунавандагон шаҳодатномаи хатм дода хоҳад шуд”.
СУҒД
Дар Панҷакент боғи нав бунёд мегардад
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар амалӣ мегардад, дар кооперативи тиҷоратии ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳаи Майкатаи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент боғи нав бунёд мешавад.
Бино ба иттилои масъулин, боғ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Давлатёр Дониёров дар масоҳати 1,8 гектар замини лалмӣ бунёд мегардад. Дар боғ ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, аз ҷумла тут, зардолу, себ ва бодом, шинонда мешаванд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои талаботи Барномаи болозикр барои зиёд намудани майдони сабз, беҳтар кардани вазъи экологии маҳал ва зебосозии муҳити зист, дар канори боғ ва шафати роҳи мошингард даҳҳо бех ниҳолҳои ороишӣ шинонда шуданд.
Бунёди боғҳо ва зиёд намудани майдони сабз яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 буда, татбиқи он ба беҳтар гардидани муҳити зист, рушди соҳаи боғдорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода иштирок дошт.
ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ
Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» бо шукӯҳ баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид шуд, ки либоси миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ, рамзи худшиносӣ ва пайванди маънавии наслҳои имрӯз бо гузашта аст.
Директори муассиса Замира Рустамова ҳадафи асосии баргузории ин иқдомро арҷгузорӣ ба фарҳанги ғании миллӣ, ҳифз ва тарғиби анъанаю суннатҳои мардумӣ, ташаккули завқи зебоишиносӣ дар байни занону духтарон ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ арзёбӣ кард.
Дар ин рӯз иштирокдорони аксияи тарғиботӣ бо либосҳои миллии тоҷикона ҳозир шуда, гуногунрангӣ, нафосат ва зебоии фарҳанги либоспӯшии миллиро муаррифӣ намуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”