Баргашт Чоп кардан

ИСТАРАВШАН. АЛЛАКАЙ, БЕШ АЗ 1000 ИНШООТ ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нақшаи корҳои созандагиро, ки ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинӣ гардида буд, барзиёд иҷро кард. Дар ин давра бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолии созандаи шаҳр бештар аз 1000 иншооти гуногун баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба таъкиди масъулон, ин ниҳояти кор нест. Тибқи маълумот, дар шаҳр нақшаи дигар ҳам таҳия шудааст ва то моҳи сентябри соли равон боз чанд иншооти дигари ҷашнӣ бунёд мешавад.

Ҳоло дар шаҳр ва деҳоти шаҳри Истаравшан сохтмони садҳо иншооти дигари ҷашнӣ, аз ҷумла марказҳои савдову хидматрасонӣ, хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, коргоҳҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, сохтмон ва ивазнамоии хатҳои обу ташноб, барқ, роҳу пулҳо, инчунин, бунёди биноҳои наву иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ бомаром идома дошта, сокинон ҳамдилии худро дар ин раванд иброз менамоянд.


Сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «Роҳи абрешим», ки аз тарафи ҶДММ «Мабдаи нур» амалӣ мегардад, иншооти ҷашнӣ аст. Иншоот аз ҳаждаҳ ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа, дар ду қабати таҳхона таваққуфгоҳ барои сад нақлиёт пешбинӣ шуда, дар ошёнаи якум гипермаркет сохта мешавад, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хидмат мерасонад. Дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва хидматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯш ва қаҳвахонаҳо ташкил хоҳанд шуд. Дар ошёнаи сеюм маркази варзишию солимгардонӣ бунёд мегардад, ки дорои толорҳои машқу тамрин барои сад нафар дар як вақт, SPA бо ҷойгиркунии ҳавзҳои шиноварӣ бо дарозии бисту панҷ ва дувоздаҳ метр, ҳаммомҳои туркӣ, финнӣ ва русӣ, инчунин, толорҳои умумии истироҳатӣ бо имкони қабули ҳаштод кас хоҳад буд.
Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ошёнаи ҳабдаҳуми маҷмаа бунёди меҳмонхонаи замонавии чорситорадор бо 52 ҳуҷра мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи болоии маҷмаа тарабхонаи муосир барои 104 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, аз ошёнаи панҷ то шонздаҳум сохтмони 116 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ дар назар аст. Пас аз ба истифода додани маҷмаа то 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Масъулони лоиҳа изҳор доштанд, ки иншооти мазкурро дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода медиҳанд.
Ҳамзамон, дар деҳаи Боғикалони деҳоти Гули Сурх бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Ҳамдамов ва бародаронаш бинои нави мактаби сеошёна бунёд мегардад. Иншоот барои таълиму тарбияи то 2200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои асосии сохтмон ба анҷом расидаанд ва масъулон тасмим доранд, ки иншоотро то моҳи сентябри соли равон ба истифода супоранд.

Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд. Татбиқи иқдом на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави кор, балки ба зиёд шудани номгӯйи маҳсулот мусоидат менамояд. Сохтмони бинои иловагӣ бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Бинои сохташаванда чил метр паҳноӣ ва ҳафтоду ду метр дарозӣ дошта, барои истеҳсоли даҳ намуди бозичаҳои кӯдакона пешбинӣ гардидааст.

Ба маълумоти дафтари матбуоти раиси вилоят, ҳоло дар корхона зиёда аз сӣ номгӯйи бозичаҳои кӯдакона, дучархаҳои гуногун ва мебелҳои хушсифат истеҳсол ва ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ пешниҳод мешаванд. Раванди истеҳсолот бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, маҳсулоти корхона ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот мегардад. Ашёи хом, асосан, аз Чин ва Россия дастрас мешавад.
Ҳоло дар корхона 140 нафар, ки аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, бо шуғли доимӣ ва маоши муносиб таъминанд.
Ин дастовардҳо гувоҳи равшани татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар аз ин сиёсати созанда мебошад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»