Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат бидуни сиёсати иҷтимоии самаранок ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ муайян гардид. Дар ин замина, стратегияи дарозмуддати иҷтимоии Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва рушди устувори кишвар равона шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити мураккаби солҳои аввали истиқлол, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, масъалаҳои ҳаётан муҳими мардум – таъмини амнияти иҷтимоӣ, коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи табақаҳои осебпазир дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳабарияти олии кишвар қарор дошт. Маҳз чунин равиши масъулона имкон фароҳам овард, то заминаи устувори сиёсати иҷтимоии имрӯза ташаккул ёбад, ки мо дар ин матлаб чанд паҳлуи онро ба таври мухтасар мавриди назар қарор додем:
КОҲИШИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ ВА ТАҚВИЯТИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ
Мусаллам аст, ки яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Тавассути татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя, бунёди иншооти инфрасохторӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор даромади аҳолӣ тадриҷан афзоиш ёфта, шароити зиндагии мардум беҳтар гардид.
Ҳукумати мамлакат пайваста ба дастгирии оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон, пиронсолон ва дигар гурӯҳҳои ниёзманд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ҳадафмандро амалӣ мегардонад. Ин тадбирҳо ба таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
АФЗОИШИ МАОШ ВА НАФАҚА – ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат, масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа мавқеи хос дорад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва хидматчиёни давлатӣ марҳала ба марҳала зиёд шуд. Ин иқдомҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд шудани мақоми касбии онҳо ва таҳкими неруи инсонӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, афзоиши нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки давлат нисбат ба шаҳрвандони синни нафақа ва табақаҳои осебпазир сиёсати ғамхорона пеш мебарад.
РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ – КАФИЛИ САЛОМАТИИ МИЛЛАТ
Соҳаи тандурустӣ ва солимии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат ба шумор рафта, дар зарфи беш аз 34 соли соҳибистиқлолӣ дар самти таҳкими инфрасохтор ба баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ як қатор барномаҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, садҳо муассисаҳои нави тиббӣ бунёду навсозӣ ва марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин шуданд.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди хидматрасониҳои аввалияи тиббӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Дар ин самт афзоиши давомнокии умри аҳолӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои саломатӣ аз самараҳои ин ислоҳоти соҳа мебошанд.
МАОРИФ – САРМОЯГУЗОРИИ СТРАТЕГӢ БА ОЯНДАИ ДАВЛАТ
Маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсус дошта, беш аз ҳар бахши дигар ба рушди ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, мактабу донишгоҳҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани маоши омӯзгорон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Бо роҳандозии барномаҳои давлатии таҳсил дар хориҷи кишвар, дастгирии ҷавонони болаёқат ва рушди захираҳои инсонӣ заминаи мустаҳками пешрафти кишвар фароҳам оварда шудааст. Дар ҳоли ҳозир низ маориф ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ гардида, сармоягузорӣ ба он афзалиятнок шумурда мешавад.
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ВА ЗАНОН – КАФОЛАТИ РУШДИ ҶОМЕА
Сиёсати давлатии ҷавонон ва занон ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсил, шуғл ва соҳибкорӣ фароҳам оварда шуда, нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа тақвият меёбад. Ҳамзамон, тадбирҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар, дастгирии фаъолияти соҳибкории занон ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ самаранок амалӣ мегарданд.
Ҳамин тавр, сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун стратегияи мукаммал ба таҳкими зиндагии шоистаи мардум, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат намудааст. Натиҷаҳои бадастомада далели равшани он мебошанд, ки Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат дар роҳи пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи иҷтимоӣ устуворона қадам мезанад.
Самира БОЙМАТОВА,
магистранти курси 2-юми факултети
иқтисодиёти ҷаҳон, Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон