SNG.Today. Тавре Asia-Plus ёдовар мешавад, дар Остона анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуда, дар натиҷа ба маблағи 1,8 миллиард доллар қарордодҳо ба имзо расидаанд, ки беш аз 600 миллион доллари он ба созишномаи ғалла марбут аст. Ба гуфтаи Валихан Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, Қазоқистон таъминкунандаи аслии гандум ва орд ба Тоҷикистон аст, ҳамзамон, имкони густариши содироти равғани рустанӣ, макарон, маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ дорад. Илова бар ин, Қазоқистон ба воридоти мунтазами меваю сабзавот аз Тоҷикистон манфиатдор аст.
«Дар байни лоиҳаҳо бунёди корхонаҳои муштараки орд, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва равғани рустанӣ, коркарди маҳсулоти чорводорӣ авлавият дорад», – навиштааст рӯзнома.
Лукашенко қонунеро ба тасвиб расонд, ки ба Президент ва Ҳукумат иҷозат медиҳад, ба буҷет ислоҳ ворид намоянд
CentralAsia (CA). Президенти Беларус Александр Лукашенко қонунеро имзо кард, ки ба Ҳукумат ва Президенти ҷумҳурӣ имкон медиҳад ба буҷети соли молиявии ҷорӣ ислоҳот ворид намоянд. Қонунро вакилони Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус 18 апрел қабул карданд.
Ба Кодекси буҷет тағйирот ворид мегардад. Тасдиқ мешавад, ки Президенти ҷумҳурӣ метавонад барои аз нав тақсим кардани хароҷот моддаҳои буҷетро ислоҳ намояд. Қонун, инчунин, барои қасдан ҳисоб накардан ва напардохтани саҳмҳои суғуртаи ҳатмӣ ва нафақа ҷавобгариро пешбинӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Беларус ё бо қарори ӯ Ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад хусусиятҳои танзими муносибатҳои буҷетиро, ки дар ҷараёни иҷрои буҷет дар давоми соли молиявӣ ба вуҷуд меоянд, муқаррар намояд.
Ҳукуматдорони Ӯзбекистон барномаи аз байн бурдани фақрро роҳандозӣ мекунанд
SNG.Today. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ҷаласаи видеоӣ бо Ҳукумат чораҳои нави коҳиш додани сатҳи камбизоатиро баррасӣ кард. Аз ҷумла, дар бораи барномаи таълим ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони оилаҳои камбизоат сухан ронд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаҳои гузаштан ба марҳилаи нави кор дар соҳаи шуғли аҳолӣ баррасӣ шуданд. Дар зарфи панҷ соли охир дар мамлакат шумораи корхонаҳои хусусӣ аз 285 ҳазор ба 590 ҳазор расид, аммо мушкили қашшоқӣ ҳанӯз ҳал нашудааст.
Барои ин ташаббус, ки аз соли 2023 то соли 2024 давом мекунад, ҷудо кардани 1 миллиард доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Президенти Африқои Ҷанубӣ розигии Путин ва Зеленскийро барои қабули рисолати сулҳи Африқо изҳор намуд
Известия. Президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса 16 май дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Россия ва Украина барои қабули рисолати роҳбарони Африқо оид ба ташаббуси сулҳ розигӣ доданд.
Сиёсатмадор гуфт, ки аз номи роҳбарони кишварҳои Африқо ин масъаларо бо Президенти Россия Владимир Путин ва Роҳбари Украина Владимир Зеленский баррасӣ кардааст.
"Ман ин ташаббусро аз номи Замбия, Сенегал, Конго, Уганда, Миср ва Африқои Ҷанубӣ пешниҳод кардам", – таъкид дошт Роҳбари Африқои Ҷанубӣ. Сиёсатмадор гуфт, ки Африқо таклиферо пешниҳод хоҳад кард, ки ба ҳалли низоъ дар Украина мусоидат менамояд.