ДАНҒАРА
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 3 миллиарду 450 миллион сомонӣ расид
Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки соли рафта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 3 миллиарду 450 миллион сомонӣ расида, 110,1 фоизи нақшаро ташкил дод. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти соҳаи рустанипарварӣ ба 1 миллиарду 946 миллиону 364,5 ҳазор сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 1 миллиарду 503 миллиону 687,7 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Соли 2025-ум 14 ҳазору 64,4 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки дар қиёс ба соли пешӣ 4 ҳазору 424 тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра дар майдони 25 ҳазору 562 гектар ғалладона кишта, кишоварзон 103 ҳазору 50 тонна ҳосил ба даст оварданд. Дар маҷмуъ, кишти ҳамаи намуди зироатҳо дар ноҳия 36 ҳазору 553 гектарро ташкил дод.
Холназар КАСИРОВ
НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Аз фаъолии 369 иншоот то бефаъолиятии 11 корхона
Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 369 иншооти соҳаи хоҷагии халқ дар нақша аст. Бино ба гуфтаи мавсуф, то якуми январи соли равон 352 иншоот (95,3 дарсади нақша) ба истифода дода шуд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 851,6 миллион сомонӣ расид, ки назар ба соли пешӣ 210,3 миллион сомонӣ бештар буда, суръати афзоиши он 32,8 дарсадро ташкил кард. Ҳоло дар ноҳия 181 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар давраи ҳисоботӣ дувоздаҳ коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 252 ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мутаассифона, дар ин давра 11 корхона фаъолият накард.
Нусратулло Салимзода гуфт, ки дар аксари самтҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба назар мерасанд, аммо дар баъзе соҳаҳо мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд, ки таҳти назорати сохторҳои дахлдор қарор дошта, ҷиҳати бартараф намуданашон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Кароматулло АТО
ШАМСИДДИН ШОҲИН
Сифати хидматрасонии тиббӣ хуб аст
Маҳмудзода Муслиҳиддин, муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар даври вилоятии Озмуни "Хонандаи сол" хонандаи синфи 7-уми МТМУ №1 сазовори ҷойи якум ва дар даври ҷумҳуриявии Озмуни "Илм – фурӯғи маърифат" хонандаи МТМУ №2 соҳиби ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон, дар Озмуни байналмилалии "Математика", ки дар Ҷумҳурии Ветнам баргузор шуд, хонандаи МТМУ №34 мақоми сеюмро касб кард.
М. Маҳмудзода афзуд, ки дар ноҳия коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад ва аз ҳисоби он 5 673 хонанда бо либоси мактабӣ таъмин гашт, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сифати хидматрасонии тиббӣ хуб буда, беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, маркази бемориҳои сил, маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 19 бунгоҳи тиббӣ ва 8 муассисаи дигари тандурустӣ фаъолияти пурсамар доранд. Масъулон гуфтанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд дар ноҳия сохтмони маҷмааи «Модару кӯдак» ва маркази саломатии ноҳиявӣ иборат аз се ошёна ва 3 бино идома дорад.
М. Маҳмудзода ишора намуд, ки айни замон дар ноҳия 8 ширкати сайёҳӣ-шикорӣ фаъолият дорад ва харитаи сайёҳии ноҳия бо забонҳои русию англисӣ дастрас аст. Аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия 11ҳазору 846 нафар сайёҳ, аз ҷумла 5 061 сайёҳи хориҷӣ, дидан кард.
Суннати СОДИҚ
ВҲИ
81 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳалли худро ёфт
Соли 2025 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1 625 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид. 316 муроҷиат дар Дастгоҳи марказӣ ба қайд гирифта шуда, 81-тойи он ҳалли мусбати худро ёфт.
Ин нуктаро Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Ба иттилои мавсуф, соли рафта бо мақсади мусоидат кардан дар такмили қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони ин сохтор 52 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба лоиҳаи 17 кодексу қонун, 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ва 5 фармони Президенти Тоҷикистон хулосаҳо пешниҳод шуданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ДИД
Муассисаи нави таҳсилоти олӣ бо равиши байналмилалӣ
Абдуфаттоҳ Шарифзода, муовини аввали ректори Донишкадаи инноватсионии Душанбе, иттилоъ дод, ки ин Муассисаи нави таҳсилоти олӣ соли 2024 таъсис ёфта, самти фаъолияташ ба рушди инноватсия ва таҳқиқот дар Тоҷикистон нигаронда шудааст. Донишкада оянда метавонад ба пешбурди иқтисодиёт ва рушди илмҳои муосир дар Тоҷикистон мусоидат карда, дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон бо малакаҳои эҷодӣ ва инноватсионӣ нақши муҳим бозад. Хусусияти фарқкунандаи Донишкадаи навтаъсис ин аст, ки он аввалин мактаби олии дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он таҳсил пурра ба забони англисӣ сурат мегирад. Ҳамзамон, ба он омӯзгорони соҳибназару пуртаҷриба аз хориҷи мамлакат ҷалб шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун бинои нави таълимӣ, ҳайати омӯзгорону профессорон, лабораторияҳои муосиру муҷаҳҳаз, китобхона, ошхона ва дигар шароити муосир муҳайё гардидааст.
Ҳоло дар Донишкада 58 донишҷӯ таҳсил дорад. Роҳбарият тасмим дорад, дар соли таҳсили 2026-2027 теъдоди донишҷӯёнро ба 200 нафар расонад.
Зикр гашт, ки соли сипаришуда дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Дафтари миллии ERASMUS MUNDUS кушода шуд.
Кароматулло АТО