Баргашт Чоп кардан

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО


Ранги сиёҳи зиндагӣ ба рӯйи марде, ки занашро шиканҷа мекард
Мақомоти корҳои дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба марди 42-солаи сокини ноҳияи Данғара хабар дод, ки дар марги ҳамсараш (ба худкушӣ расондан) айбдор мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбаршаванда ҳамсараш-зани 39-соларо солҳо боз мудом шиканҷа карда, пайваста таҳти фишору зӯроварӣ қарор медодааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба лату кӯби доимӣ тоқат накарда, 20-уми январи соли 2026 худро ба дор овехта, ҷон бохтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ба худкушӣ расондан...) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.


Ғоратгари маст ба дасти милитсия афтод
Кормандони милитсия марди 33-солаеро дастгир намуданд, ки дар ҳолати мастӣ даст ба ғоратгарӣ задааст.
Ин сокини шаҳри Душанбе, ки ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудааст, 4-уми феврал дар кӯчаи Деҳи Болои ноҳияи Сино бо марди 47-сола муноқиша намуда, муштзӯрона телефони мобилиашро тасарруф кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Нафси бад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуд
Менеджери ҶДММ “Фаровон-1”-и шаҳри Гулистон барои азонихудкунии 34 ҳазору 800 сомонии маблағи Ҷамъияти мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 28-сола ном бурда, менависад, ки менеджери коргоҳ маблағҳои пулии маҳсулоти фурӯхташудаи Ҷамъиятро аз мизоҷон ҷамъоварӣ намуда, ба хазина насупурда, ба ҷайби худ андохтааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо айби азонихудкунӣ ё исрофкорӣ (моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”