Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ


Қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оғоз шуд
Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар се минтақа ба анҷом расида, иштирокчиёни марҳалаи ниҳоӣ муайян гардиданд.
Аз минтақаи Душанбе дастаҳои “Барқчӣ”, “Ҳосилот”, “Сардор”, “Рангон”, аз Суғд “Истаравшан” ва “Парвоз”, аз минтақаи Хатлон тимҳои “Панҷшер” ва “Ҳулбук” ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми ФФТ-ро пайдо карданд.
Марҳалаи ниҳоии мусобиқа 10-уми феврал дар шаҳри Душанбе оғоз гардид ва то 20-уми феврал идома меёбад. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва майдони сунъии варзишгоҳи КМВА сурат мегиранд.
Тибқи қуръакашӣ, ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳулбук» (Восеъ), «Рангон» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳосилот» (Фархор), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Сардор» (Турсунзода) дохил гаштанд.
Мувофиқи низомнома, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври нимфинал роҳ меёбад. Финали Ҷоми ФФТ 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ба ғолиб 50 000 сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 30 000 ва медали биринҷӣ 20 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.


Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми рушд-2026 ширкат мекунад
Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Мусобиқаи анъанавии байналмилалии Ҷоми рушд-2026 ширкат хоҳад кард.
Мусобиқа аз 19 то 23-юми феврал дар шаҳри Мински Беларус доир гашта, дар он ҳашт даста иштирок менамояд. Дастаи наврасони мо дар гурӯҳи «А» бо мунтахабҳои Беларус (19-уми феврал), Минск (20-уми феврал) ва Қазоқистон (21-уми феврал) бозӣ мекунад.
Дар гурӯҳи «В» тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рақобат мекунанд.
Мувофиқи низомнома, ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ ёфта, тимҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои медали биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин, барои ҷойҳои 5 ва 7-ум ҳам вохӯриҳо баргузор мешаванд.


САМБО
Чемпионҳои нави Тоҷикистон муайян гаштанд
7-8-уми феврал дар Маҷмааи варзишии ДМТ Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо баргузор шуд.
Дар мусобиқа, ки аз рӯйи 8 вазни самбои варзишӣ ва 8 вазни самбои размӣ миёни мардҳо доир гашт, паҳлавонон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд.
Ҳамин тариқ, дар самбои варзишӣ Аҳмадулло Саидов (53 кг), Воҳидҷон Қаюмов (58 кг), Идибеки Амиршоҳ (64 кг), Бенёмин Назиров (71 кг), Анӯшервон Мизробзода (79 кг), Зафар Олимзода (88 кг), Тӯйчибек Шарифов (98 кг), Некрӯз Некбахтзода (+98 кг) ва дар самбои размӣ Билол Ҷамолов (53 кг), Сиёвуш Солеҳзода (58 кг), Беҳрӯз Ҳалимов (64 кг), Абдулманнон Набиев (71 кг), Абдунасим Шарифов (79 кг), Мустафо Алибеков (88 кг), Худобахш Расулов (98 кг), Саидмуҳаммад Исматзода (+98 кг) ба дарёфти унвони чемпионӣ даст ёфтанд.
Аз ҳисоби ғолибони Чемпионат дастаи мунтахаби кишвар таъсис дода мешавад, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, намояндагӣ мекунанд.


ГӮШТИНГИРӢ
Дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон доир гашт
10-11-уми феврал дар Маҷмааи варзишии ДМТ Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд.
Паҳлавонон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар 7 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон барои дарёфти унвони чемпионӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ зӯрозмоӣ карданд. Дар вазни 60 кг Раҳмиддин Азизов чемпион шуд. Ӯ дар финал Ҳақдод Гуловро шикаст дод. Дар вазни 65 кг бошад, Сарвар Абдушукуров шикастнопазир буд. Ҳарифаш дар финал Ёсин Бобокалонов буд. Дар вазни 71 кг Абдуллои Ориф, вазни 78 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов, вазни 86 кг Ҳақназар Назаров, вазни 95 кг Муҳаммадиқбол Тошов, +95 кг Шарифҷон Назриев ғолиб гаштанд. Миёни бонувон Аҳлия Муъминова (57 кг), Ҷонона Назарова (63 кг) ва Шоҳида Қаландарова (70 кг) ба унвони чемпиони Тоҷикистон даст ёфтанд.
Ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо канданд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”