Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ. ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ АҲАМИЯТИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД


Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ марҳалаи нави рушди давлатдории миллиро муайян намуда, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаро барои солҳои минбаъда мушаххас менамояд. Ин санад дар худ ҷамъбасти дастовардҳои давраи сипаригардида, таҳлили вазъи ҷомеа ва муайянсозии вазифаҳои стратегии рушди устувори кишварро фаро мегирад.
Паёми Сарвари давлат на танҳо ба парлумони кишвар балки ба тамоми шаҳрвандони мамлакат нигаронда шуда, ҳар як сокини кишварро ба масъулиятшиносӣ, фаъолият ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, шиносоии ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо муҳтавои Паём дар ҷомеа аҳамияти калидӣ дошта, яке аз шартҳои асосии татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои дар он зикршуда маҳсуб меёбад.
Дар Паёми навбатӣ дар баробари муҳимтарин мавзуъҳо ба масъалаҳои волоияти қонун, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо коррупсия низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Дар ин замина, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, ҳамчун кафили риояи дақиқи қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таъмини иҷрои якхелаи қонунҳо, боло бурдани сатҳи масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ вазифаи доимии тамоми сохторҳои дахлдор арзёбӣ гардидааст.
Дар идомаи ин вазифаҳо, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмуъ, талаб карда мешавад, ки фаъолияти худро ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини амнияти ҷомеа дар асоси қонуният, адолат ва касбияти баланд равона намоянд. Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, аз ҳамоҳангии амалҳо, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, истифодаи усулҳои пешгирикунанда ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиатҳои шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, интизоми хизматӣ ва поквиҷдонӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун шарти муҳими таҳкими эътимоди ҷомеа ва таъмин намудани волоияти қонун арзёбӣ мегардад.
Дар Паёми соли 2025, ҳамчунин, ба масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ, татбиқи усулҳои муосири идоракунӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ дода шудааст. Рақамисозии равандҳои идоракунӣ ҳамчун воситаи самараноки пешгирии омилҳои коррупсионӣ, содагардонии хизматрасониҳо ва беҳтар намудани робитаи давлат бо шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
Муҳтавои Паёми Сарвари давлат бори дигар собит менамояд, ки пешрафти Тоҷикистон танҳо бо саъю кӯшиши муштараки давлат ва ҷомеа имконпазир аст. Аз ин дидгоҳ, ҳар як шаҳрванд, новобаста аз мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ, бояд саҳми худро дар таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ гузорад. Ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандӣ заминаи асосии татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе, бо дарки масъулияти баланди касбию хизматӣ ва шаҳрвандӣ, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлатро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад. Дар ин самт, корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ идома дода мешаванд.


Мизробшоҳ АБДУРАҲМОНЗОДА, прокурори шаҳри Душанбе