Баргашт Чоп кардан

Баррасии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Олмон


Дар шаҳри Берлин вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Йоҳанн Вадефул мулоқот кард.
Аснои суҳбат маҷмуи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои мавҷудаи ҳамкориҳо тамаркуз намуда, барои татбиқи иқдомҳои муштараки баъдӣ мувофиқат карданд.


Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон
11-уми феврал дар шаҳри Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби “С5+1” баргузор шуд, ки дар он ҳайати кишвар таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Вазирон перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ, муҳоҷират ва амният дар доираи қолаби "С5+1" ибрози андеша карданд. Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ зикр кард, ки нишасти мазкур бозгӯи иродаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои рушди устувори минтақа мебошад. Аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди рӯзномаи обу иқлим, муколамаи байнифарҳангӣ, муқовимат бар зидди таҳдидҳои замони муосир ва саҳми назарраси Тоҷикистон дар таъмини сулҳу суботи минтақа таъкид гардид.


КОНСЕРВАТОРИЯ
Композиторони ҷавон хизматҳои фарзонафарзанди миллатро васф карданд
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони “Васфи Пешво” консерт баргузор гардид.
Композиторони ҷавон бо мақсади муаррифии чеҳраҳои нав дар фазои мусиқии касбии тоҷик суруду оҳангҳои эҷоднамудаашонро манзур гардонданд.
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода аз хизматҳои таърихӣ ва хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, то дар ҳама ҳолат дар роҳи садоқат ба Пешвои миллат илму дониш омӯзанду кору фаъолият баранд ва бо Пешвои миллат, Ватан ва забону фарҳанги миллати худ ифтихор кунанд.


ТУРСУНЗОДА
Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез (12-уми феврал) ҳамоиш баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои глобалии пешгирии экстремизм ва терроризм пешсаф аст.
Дар мамлакат барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои муассир андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегию барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.


Дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар ду ҳазор бех ниҳол шинонда шуд
Дар доираи амалишавии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар канори шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Бохтар 1500 бех ниҳол шинонданд.
Ҳамчунин, бо иқдоми КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар масоҳати 1,74 гектар замин 300 бех санавбар ва 200 бех ниҳоли писта шинонда шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ мусоидат мекунад.
Тибқи нақша, соли 2026 дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадиҳанда ва 9 миллиону 95 ҳазору 140 дона гулу гулбуттаҳо шинонда мешавад.