СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. 3 932 ПАРВАНДА МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ
– Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмуъ, 3 932 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин теъдод, нисбат ба 2 182 парванда ҳалномаи судӣ қабул шуд, – гуфт дар нишасти хабарӣ Зебониссо Абдуллозода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номбурда афзуд, ки 355 аризаву шикоятро, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан, баргардонданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот, иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёндани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда ба маблағи умумии беш аз 371 миллион сомонӣ таъмин гардид.
Шодмон АБДУРАҲИМ