Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ФИЛВОРДИ «ХИМИЯ»
Дар ин филворд насаби шахсиятҳое, ки бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи химия сазовор гаштаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.


Таҳиягар Ш. ШОКИР
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР


Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82


ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ФИЗИКА»
1. Рентген 2. Лоренс 3. Зееман 4. Кюри 5. Томсон 6. Майкелсон 7. Липпман 8. Ваалс 9. Дален 10. Лауэ 11. Планк 12. Эйнштейн 13. Герс 14. Ричардсон 15. Раман 16. Андерсон 17. Бриҷмен 18. Парселл 19. Браттейн 20. Черенков 21. Сегре 22. Таунс 17. Макбрайд 18. Корриган
19. Мандела20. Маатаи 21. Муквеге 22. Ресса


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ВАҚТЕ ҲАЙВОН ИНСОНРО НАҶОТ МЕДИҲАД…
Оне, ки инсонҳо ҳазорон ҷонваронро наҷот додаанду медиҳанд, як амри маъмулист. Аммо ҳолати баръакс, яъне вақте ҳайвон одамро наҷот медиҳад, воқеан, ҳайратангез менамояд.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки ҳайвонҳо низ гоҳо инсонҳоро наҷот медиҳанд ва гузашта аз ин, баъзан ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта.
Мисоли равшан ин ҳодиса ваобаста ба сунамии соли 2004 дар Тайланд метавонад бошад. Ҷолибияти ин қисса дар он аст, ки филбача духтарчаро аз марг мераҳонад. Бале филбача. Эмбери 8-сола давоми чанд рӯзе, ки ҳамроҳи волидайнаш дар соҳили баҳр истироҳат дошт, бо филбачае бо лақаби Нинг Нонг ошно мешавад. Филбача, баробари хӯрдани ғизои болаззат аз дасти Эмбер, хам шуда, гӯё ишора мекунад, ки ба пушташ савор шавад.
Ҳамон рӯз, ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз сунами Нинг Нонг чизеро ҳис кардагӣ барин, банани аз дасти Эмбер гирифтаашро як сӯ ҳаво дода, ишора мекунад, ки духтарча болояш барояд. Ҳамин лаҳза бори аввал лаппиши об шаддидтар шуда, чанд метр соҳили баҳр берун мебарояд. Эмбери машғули бозӣ, то мақсади филбачаро дарк мекунад, ки об, аллакай, то зонуи ӯ баланд шуда буд. Баробари бонги хатар ҳазорҳо нафар дар изтироб роҳи дарунтари соҳил медаванд. Модар аз миёни анбуҳи одамон мебинад, ки Эмбер болои филбача ҷониби меҳмонхона рафтан дорад. Каме осуда, вале саросема аз пушти онҳо мешитобад. Вақте назди меҳмонхона духтарчаашро дар пушти Нинг Нонг бепарвою хандон мебинад, бо фаромӯшӣ аз ҳама чиз, ашки шодӣ мерезад. Баъди фурсати андак мавҷҳои баланди марговари об то ошёнаи якуми меҳмонхонаро дар худ ғарқ мекунанд. Миёни чанд нафар наҷотёфта Эмбер ва модараш, ки ба шарофати Нинг Нонг пештар аз дигарон ба ҷойи бехавф омада расида буданд, ҷон ба саломат мебаранд.
Воқеан, волидони Эмбер намедонанд, ки некии наҷотбахши духтарашон – Нинг Нонгро чӣ гуна баргардонанд. Аз ин хотир, то имрӯз аз ҳисоби маблағҳояшон барои ҳимояи филҳои ҷазираи Пхукет кумаки хайрия мефиристанд.


Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


СИРРИ ЯК МОҶАРОИ ИБРАТОМӮЗ
Раиси ширкат коргарзанеро дид, ки дар телефон мегуфт: “Падар, аввалин маошамро гирифтам – 30 ҳазор юан, бароят мефиристам...!”.
Чун ӯ ин ҳарфҳоро шунид, ба назди зан рафту гуфт:
– Пулро баргардон. 30 ҳазор юан аз ҳадди маоши як фаррош зиёд аст.
Баъдан, муҳосибро ба наздаш хонд:
– Чанд вақт боз дар ширкат кор мекунӣ?
– Чаҳор солу се моҳ!
– Пас, бояд бидонӣ, ки маоши фаррош 5 ҳазор юан аст, на 30 ҳазор?
– Бубахшед раис, як рӯз аз суҳбати ӯ бо модараш фаҳмидам, ки падараш бемор асту барои табобат 20 ҳазор юан лозим. Аз маоши худ кам карда, ба ӯ додам!
– Ин пул моли ширкат аст ва ту хилофи қоида амал кардӣ. Барои чунин худсарӣ, туро аз кор озод мекунам! – хурӯшид роҳбар.
Зан, ки ин моҷароро аз пушти дар мешунид, бо ҳаяҷон вориди ҳуҷраи корӣ шуду гуфт: “Маро аз кор озод кунед, ин амалатон на аз рӯйи инсоф аст”.
Баъди сукут роҳбари коргоҳ бо лабханд гуфт:
– Ҷаноби Чин, чун шумо қалби меҳрубон доред, аз ин пас масъули бахши сарвати инсонӣ дар ширкат хоҳед буд!
Сипас, пулро ба зан баргардонду гуфт: “Минбаъд маоши ту ҳам 30 ҳазор юан аст. Хуш ояд, ки монанди аҳли як оила бошем, бо ҳам меҳрубонӣ варзем ва ширкатро мисли хонаводаи худ донем!”.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


МАСЛИҲАТИ НОҶО
Чемпиони якуми ҷаҳон оид ба шоҳмот Вилгелм Стейнитс дар аксар ҳолат аз бепулӣ азият мекашид, аз ин рӯ, барои рафъи ин камбудӣ дар қаҳвахонаи «Гамбит» бо пул шоҳмот бозӣ мекард.
Боре ба қаҳвахона барои шоҳмотбозӣ шахсе омад, ки дар ҳар бохташ ба Стейнитс пули калон медод. Аз ин ҳол муддати мадиде гузашту чемпион вазъи зиндагияшро бамаротиб беҳтар кард.
Дар ҳамин ҳол, яке аз дӯстонаш бо ташвиш ба Стейнитс гуфт: «Барои чунин рақиби судоварро аз даст надодан, хуб мебуд баҳри шавқманд кардан ҷиҳати идомаи бозӣ гоҳ-гоҳ барқасдона аз ӯ мағлуб шавед».
Ин маслиҳати дӯсташ ба Стейнитс маъқул шуду дарҳол онро ба ҷо овард, аммо рақиб бо нидои «ман ба орзуи деринаам расидам ва чемпиони ҷаҳонро мағлуб кардам» қаҳвахонаро тарк карда, дигар барнагашт.
Ҳамин тавр, ин маслиҳати ноҷо боис гардид, ки Стейнитс аз даромади ҳангуфт маҳрум гардад.
Таҳияи Нӯшофарин АБДУЛЛОЗОДА


КОМЁБИИ ШАТРАНҶБОЗИ ТОҶИК


Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи шатранҷбозон бо рейтинги то 2250 имтиёз дар Ҷашнвораи байналмилалии «SixDays Budapest January 2026» дар Будапешти Маҷористон мақоми аввалро касб кард. Дар мусобиқа Юнусов аз ҳашт бозӣ 6,5 хол гирифта, дар як даври боқимонда пешсафиро таъмин намуд ва пеш аз муҳлат ғолиби мусобиқа гардид. Ба гуфтаи Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ин дастовард гувоҳи омодагии баланди варзишгар ва маҳорати ӯ дар арсаи байналмилалӣ аст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ПУЛ
Дили пок муҳимтар аз сарват аст
Пул дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо нақши муҳим мебозад. Ба мо барои хариди хӯрок, либос, таълим ва дигар чизҳои зарурӣ лозим аст.
Он имкон медиҳад, ки бароҳат зиндагӣ кунем ва оилаамонро саробонӣ намоем. Аммо пул набояд муҳимтар аз муҳаббат, ростқавлӣ ё меҳрубонӣ бошад. Бисёр одамон арзишҳои хешро дар пайи сарват фаромӯш мекунанд, лек хушбахтии ҳақиқӣ аз оромии ботинӣ ва хислати хуб аст.
Муҳим аст, ки пулро оқилона истифода барем. Он бояд ҳаёти моро осон кунад, на балки моро аз пайи ҳавову ҳавас бибарад. Барои ҳамин, дили пок аз сарват муҳимтар аст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АРТУРО ТОСКАНИНИ
Тосканинии итолёвӣ, яке аз дирижёрони номии сатҳи ҷаҳонӣ ҳатто ҳангоми асабоният нафареро аз мутрибон сарзаниш намекард. Вале чун ғазабаш боло мегирифт, ҳар чи пеши даст меёфт, зада мешикаст. Дар чунин як ҳолат чизе ба дасташ намехӯрад, ки аз ҷаҳл соати гаронарзишашро ба замин партофта, то ором шуданаш, зери лағат мегирад.
Субҳи дигар вақте шогирдон соати таъмиршударо ба устод бармегардонанд, хоҳиш мекунанд, ки аз номи аҳли ҳунар ду соати нисбатан камарзишро низ ҳамчун туҳфа қабул фармояд.
Тосканини бо ҳайронӣ мегӯяд:
– Соатамро-ку овардед, ташаккур, ин дутои дигарро чӣ кор мекунам?
– Дар пеш боз ду рӯзи дигар машқ дорем, устод,– маънидорона мегӯяд яке аз шогирдон.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


ФОНВИЗИН
Аз Фонвизин, нависанда ва драматурги шинохтаи рус, мепурсанд:
– Фарқи асосии миёни инсону ҳайвон дар чист?
Ҳаҷвнигор, ки табиатан шӯх буд, чунин посух медиҳад:
– Фарқ дар ин аст, ки ҳайвон ҳеҷ вақт наметавонад одам шавад, вале инсонҳо, бахусус онҳое, ки худписанду болоназаранд, ғолибан имкони ҳайвон шудан доранд.


Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


МАҲОРАТ
Зане дар кӯчаҳои Париж сайругашт мекарду рассоми маъруф Пикассоро дид, ки дар як қаҳвахонае расм мекашад.
Бону дарҳол ба назди Пикассо рафта пурсид: «Оё метавонад бо пардохти маблағ расми ӯро бикашад?”.
Пикассо розӣ шуда, пас аз чанд дақиқа онро омода намуд.
– Ман бояд чӣ қадар пардохт кунам? – пурсид зан.
– Панҷ ҳазор франк, – ҷавоб дод Пикассо.
– Охир, таҳияи расм ҳамагӣ се дақиқаи вақтатонро гирифт, – норозигӣ кард бону.
– Не, барои ин тамоми умри ман сарф шудааст, – оромона ҷавоб дод рассоми шаҳир.


Таҳияи С. УМАРАЛӢ


ГЛОБУСИ ОЛИМИ ТОҶИК


Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов аз зумраи олимони варзидаи тоҷик буд, ки дар илмҳои ҷуғрофияшиносиву ситорашиносӣ тадқиқоти зиёди арзишмандро анҷом дода, яке аз харитакашҳои машҳур ба ҳисоб мерафт.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, Ҳоҷӣ Юсуф 11 глобуси хурду калон сохта, онҳоро ба талаботи илмҳои ҷуғрофия, харитакашӣ, ситорашиносӣ, геометрия, математика ва ғайра мувофиқ гардондааст. Барои глобусҳои мукаммалаш олими тоҷикро Ҳукумати подшоҳии Рус бо шаҳодатномаи муаллифӣ ва медал сарфароз гардондааст.
Ҳоҷӣ Юсуф муаллифи асари ”Мухтасари илми афлок ва илмуларз” мебошад.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА
(маълумот аз китоби донишманди тоҷик И.Ғ. Тоҳиров “Ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон”)


ҲАФТ БИНОИ ОСМОНБӮСИ ҶАҲОН
2. Merdeka 118
Ба забони малайи Merdeka маънои "истиқлолият"-ро дорад. Бино дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, қомат афрохта, баландияш 678,9 (якҷоя бо антеннаи 160-метра) метрро ташкил медиҳад.
Иншоот моҳи январи соли 2024 ифтитоҳ ёфта, дар он меҳмонхонаи Park Hyatt, маркази савдо, идораҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ҷойгиранд.


Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


SWAROVSKI


Даниэл Сваровски муҳандис – поягузори ширкати Swarovski мебошад. Ӯ соли 1892 дастгоҳи коркарди булӯрро ихтироъ намуд, ки дар он замон таҳаввулоти камназир ба ҳисоб мерафт.
Айни ҳол ширкат ба монанди Chanel, Dior, Prada ва Versace шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва сол ба сол муштариёни он дар ҳоли афзудан аст. Ин бесабаб нест, зеро булӯрҳои ширкат чунон баландсифатанд, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзишашон баробар бо нархи сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла алмосанд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


КАРЛО АНЧЕЛОТТИ
Карло Анчелоттии италиявӣ ягона сармураббӣ дар таърихи футбол мебошад, ки дар панҷ лигаи бартари Аврупо (Англия, Испания, Италия, Олмон ва Фаронса) соҳиби унвони қаҳрамонӣ гардидааст.
Ӯ, инчунин, ягона сармураббиест, ки панҷ бор дар Лигаи чемпионҳои УЕФА ғолиб омадааст (ду бор бо «Милан» ва се бор бо «Реал Мадрид»). Анчелотти, инчунин, яке аз ҳафт нафарест, ки ҳам ба ҳайси бозигар ва ҳам сармураббӣ Ҷоми Аврупоро ба даст оварда, яке аз беҳтарин мураббиёни футбол шинохта мешавад.
Моҳи июни соли 2025 Карло Анчелотти сармураббии тими миллии Бразилияро бар уҳда гирифт ва аввалин мураббии хориҷӣ дар сад соли охир шуд, ки ин дастаро дар бозиҳои расмӣ роҳбарӣ кард.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО


“SPACEX” ДАР МОҲ ВА МИРРИХ ШАҲР МЕСОЗАД
Соҳибкори муваффақи амрикоӣ Илон Маск эълон кард, ки ширкаташ “SpaceX” барои сохтани шаҳри худрушдкунанда дар Моҳ азм дорад. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи мазкур бояд дар камтар аз даҳ сол амалӣ шавад.
"Дар баробари ин, “SpaceX” барои сохтани шаҳр дар Миррих низ талош мекунад ва ин корро тақрибан 5 – 7 сол пас оғоз хоҳад кард", – гуфтааст Маск дар изҳороти худ.
Илон Маск соли гузашта изҳор дошта буд, ки ният дорад то охири соли 2026 ба Миррих як киштии кайҳонии бесарнишин фиристад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


САЗОИ МУМСИК


Табибе аз Вена бо номи Нотнагел аз беморони худ барои муоинаи аввал 25-кронӣ ва барои такрорӣ 10-кронӣ ҳаққи хизмат мегирифт.
Як мансабдори мумсике, ки аз ин огоҳ буду бори аввал назди Нотнагел омад, бо табассум муроҷиат кард: “Ман боз ба назди Шумо духтур!”.
Аммо Нотнагел ҳофизаи хуб дошт ва дарҳол мақсади марди мумсикро фаҳмид. Ӯ беморро бодиққат аз назар гузаронда, бо табассум гуфт:
– Доруҳое, ки бори гузашта навишта будам, хӯрданашро идома диҳед.


Таҳияи Наргис АТОЕВА


ДОНИСТАН ХУБ АСТ
* Баъди зарба суръати тӯбчаи голф ба 270 км/соат баробар мешавад.
* Лонаи уқоб метавонад то 2 тонна вазн дошта бошад.
* Асал ягона ғизоест, ки ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад.
* Занбӯри асал барои ҷамъ кардани гарди гулҳо ҳазорҳо километрро тай мекунад. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки вай аз рӯйи гардиши Офтоб самти ҳаракаташро муайян месозад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ЧАНД АНДЕШАИ БУЗУРГОН ОИД БА МЕҲНАТ


1. Бузургтарин истироҳат кор аст.
(Алӣ ибни Абутолиб)


2. Меҳнат моро аз се чиз ҳифз менамояд: бекорӣ, андуҳ, муҳтоҷӣ.
(Волтер)


3. Истеъдод, шуҳрат – ҳамаи ин самараи меҳнат аст.
(Саъдӣ)
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР