видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор,
шаҳри Душанбе, 15-уми феврали соли 2026
Рӯзатон ба хайр бошад, муҳтарам ҷаноби Раис!
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки инҷонибро ба муносибати Соли нави суннатии Чин бо тақвими қамарӣ – Иди бостонии Баҳор бипазиред!
Соли Аспи оташбор рамзи неру, тавоноӣ ва ҳаракат ба пеш мебошад.
Аз самими қалб ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатмандии бардавом, неруи устувор ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатиатон орзумандам. Ба мардуми дӯсти Чини бузург сулҳу амонӣ ва пешрафти пойдор мехоҳам.
Ҷумҳурии Мардумии Чин то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст. Кишвари Шумо ба туфайли иқдому ташаббусҳои глобалии бунёдкорона пешсафи тамоюлҳои калидии замони мо мебошад. Мо аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздик ва боэътимоди худ хушҳолем.
Он ҳам боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҷараёни баланди рушдро касб кардаанд. Ҳамзамон бо ин, кишварҳои мо дар чорчӯби сохторҳои байналмилаливу минтақавии бисёрҷониба дар ҳамоҳангии зич ҳамкорӣ доранд. Саҳми шахсии Шуморо дар пешбурди ин равандҳои созанда мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон баланд қадр мекунам.
Дар ин самт ба ҳамкории сермаҳсули минбаъда бо Шумо умед мебандам. Бовар дорам, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи соли равон робитаҳои байнидавлатии ду кишварро бо муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонд.
Интизори мулоқотҳои нав бо Шумо – дӯсти гиромӣ, ҳастам.
Бори дигар Иди Баҳор ва Соли нав муборак бошад!