Мо бояд наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонун, тартибот ва риояи ҳатмии онҳо тарбия намоем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ, умуман, аз ҳама гуна ҷиноятҳо ҳифз намуда, то ҳадди имкон дар байни онҳо тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бо назардошти таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри нигоҳдории солимии ҷомеа, ки он аз сарвати асосии давлат ба ҳисоб меравад, зимни иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинони кишвар, бахусус насли наврас, нигаронӣ кард. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла иброз намуд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, бахусус насли наврас, ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Аз ин рӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуд, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Саломатии инсон дар ҳамаи давру замон ҳамчун неъмати гаронбаҳо ва ҷудонопазири инсон дар рушди ҷомеа нақши арзанда дорад. Солимии миллат бойигарии давлат мебошад. Давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамеша ба ҷавонон такя менамояд, зеро ҷавонон ояндаи давлатанд ва бо неруи тозаашон давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.
Таблиғоти зидди сигоркашӣ дар байни ҷавонон яке аз самтҳои муҳим ва зарурӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо, бархе афроде, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку даст кашидаанд, ба истифодаи сигорҳои электронӣ даст мезананд, аммо ин сигорҳо низ ба саломатӣ зарари калон мерасонанд. Ноболиғон ва ҷавонон аз сабаби надонистани зарари тамоку, беназоратии волидайн ва аҳли ҷомеа ба тамокукашӣ даст мезананд. Яке аз зарарҳои дигари он барои харидани тамоку ноболиғ волидайнро фиреб медиҳад, аз ноболиғи дигар қарз мегирад, ба дуздӣ даст мезанад ё ба талбандагию оворагардӣ машғул мешавад. Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус ҷавонону наврасон, зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон, оварда мерасонад.
Тарзи ҳаёти солим тамокукаширо низ иҷозат намедиҳад, зеро ҳар як тамокукаш ба ғизои зиёд ва миқдори дукаратаи витаминҳо ниёз дорад, то зарари расондашударо бартараф намояд. Тамоку дар таркиби худ никотин ва алкалоиди табиӣ дорад ва хусусияти мубталошавиро доро мебошад. Ғамхорӣ нисбат ба саломатии ҷавонон имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа буда, дар маркази эътибори олимону табибон ва мутахассиони соҳаи таълиму тарбия рушди саломатии равонию ҷисмонии онҳо қарор гирифтааст.
Бо назардошти ин, ҷойи таъкид аст, ки ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ воқеан саривақтӣ ва дурандешона буда, татбиқи босамари он аз масъулон муносибати ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи бештар аз пештарро тақозо мекунад.
Шафқат ОДИНАЗОДА, директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии “Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд"-и шаҳри Душанбе