Баргашт Чоп кардан

ДИЛОВАРИ МАРДУМ


Воқеан ҳам, як зумра касонро Яздон барои ин ё он кору пеша махсус меофаринад. Ба қавли Мавлоно, меҳри онро ба дилаш меандозад ва дигар тасаввур мешавад, ки ӯ маҳз барои иҷрои ҳамин рисолат омада. Пизишки номошно ва дурбину жарфнигар, номзади илмҳои тиб Диловар Ғаниев ҳам барои табобати мардум гӯё офарида шуд. Табиби дардҳои одӣ ҳам не, балки давобахшу таскинбахши гирифторони омосҳои нексиришту бадсиришт мебошад.
Вақте бо дуои падар аз Ҳисор сӯйи шаҳри Душанбе роҳ гирифт, як ҷавони рустоӣ буд. Бо донишу дидадароӣ ва бидуни ҳеч миёнҷӣ соли 1998 ба бонуфузтарин мактаби олии кишвар – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд.
8 сол бо омӯзиш саргарм гардид. Дар ин муддат мутахассиси оянда ба омӯзиши назокатҳои илми тиб пардохт. Ба таърихи ҳар як беморӣ бо кунҷковӣ назар карда, сарчашма ва заминаҳои пайдоишро меёфт.
Муддате дар яке аз бемористонҳои шаҳри Растови Лаби Дон (Русия) кор омӯхт, сабақ андӯхт ва таҷрибаҳои сахту сангинеро бо беморон гузаронд. Нозукиҳои забони русиро, бавижа забони илмиро, аз соҳибзабонон омӯхт.
Аз рӯзҳои нахуст дар симои бемору дардманд як каси ночор ва ноумедро намедид. Баръакс, ба онҳо руҳу тавон мебахшид, бо онҳо мисли дӯсту рафиқ, мисли каси солиму беғам ва ҳамчун хешу ақрабо суҳбат меорост. Аз ин муносибати камтакрори пизишк баъзе корафтодагону ранҷурон дар ҳайрат мешуданд.
Ба табобати омосҳо пардохтани ӯ ба бемории як хешаш мепайвандад. Ба хотири он ки решаву асоси бемории вазнини хешашро дарёбад, ба дари Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ омад ва аз як коромӯзи ихтиёрӣ то муовинии ин даргоҳ сабзид. Ҳоло табиби одӣ бошад ҳам, аммо аз ин боргоҳи шифо дил канда наметавонад.
Дар панҷ кишвари ҷаҳон: Русия (2009), Эрон, Беларус (2022), Қазоқистон (2014, 2015) ва Гурҷистон таҷриба андӯхта, дар конфронсу ҷаласаҳои сатҳи баланди омосшиносон маърузаҳо хондааст.
Борҳо дидаам, ки одамон аз дафтари кории вай бо руҳи болида, чашмони нургирифта ва, муҳимтар аз ҳама, бо оташаки умед ба зиндагӣ баромада рафтаанд. Ҳаргиз ба гирифторони омосҳои гуногун маълум намекунад, ки дараҷаи беморӣ вазнин аст, фурсати табобат нокифоят ё дер шудааст. Ҳамеша ба мардуми саросемаву дар таҳлукаафтода ва ба масъалаҳои ҷиддӣ бо умеди фардо ва табассуми гарм бархӯрд мекунад.
Ҳатто дидам, ки ҳоли як ҷавонмарди дар аробаи маъюбӣ нишаста, вақти муоинаи Диловар, якбора вазнин шуд. Бо оҳу нола мегуфт, ки қабурғаҳоям месӯзанду гӯё мешикананд. Аз курсӣ бархост, ёварашро ба сӯзандору фиристод ва мисли як бародар, як хеши наздик қабурғаҳо ва қафаси синаи беморро молиш додан гирифт ва мегуфт: “Додар, дард дар ҳамин ҷост ё ин ҷост? Камтар сабук шуд? Ҳозир мегузарад. Хавотир нашавед”.
Бемор бадтар нолиши ҷонкоҳ мебаровард. Дар дафтари кории Диловар як фазои номафҳум ба вуҷуд омад, ман ҳам, ки корафтода будам, надонистам, ки бароям ё истам. Ҳар қадар бемор фарёд мекард, Диловар ҳамон қадар ором мешуд, садояш нарм буд, зарае эҳсос намешуд, ки пизишк асабӣ аст. Шояд се-чор дақиқа гузашту ҳанӯз сӯзандору нарасида, дард ҳам гузашт, бемор оромиш ёфт.
Он лаҳза дидам ва бовар кардам, ки сухани нағз, таскини табиб, воқеан ҳам, оғози табобат аст. Бемор, ба фикрам, эҳсос кард, ки худро ба дасти шахси некманиш супурдааст, ҳамин бовар ва эътиқод ба табиб дарди вазнинро сабук намуд. Ба он ҷавонписари ранҷур каме хушгӯйӣ ҳам кард, ҳамроҳ хандидем.
Воқеан, Диловари қаҳрамони мо, дар баробари парасториву табобат, ҷарроҳи номвар ҳам ҳаст. Душвортарин ҷарроҳиҳоро бо дили пур, қатъият ва омӯзиши давомдори пешакӣ мегузаронад. Ба ҷарроҳии хурд, ки шояд як захми баробар ба нахӯдро мебурад, бо ҷиддият мунсоибат мекунад.
Бо вуҷуди номзади илмҳои тиб будан, дар корҳои роҳбариву идорӣ ҳам солҳо фаъолият доштан, такмили ихтисос ва таҷрибаи кор дар хориҷи кишвар, ҳаргиз ба дармонбахшиву ҷарроҳии кӯчаки даҳдақиқаина бидуни омодагӣ намедарояд. Ӯ медонад, ки бо одам – ашрофи махлуқон сарукор дорад.
Кори илмии ӯ аз омӯзишҳои чандинсола иборат буда, бино ба гуфтаи худаш, барои навиштани рисола ҳуҷҷатҳои қариб даҳсолаи омосшиносии беморхонаҳои Душанберо тагурӯ кардааст, хондааст, сабт кардааст. Мавзуи пажӯҳиши ӯ, ки бо роҳбарии доктори илмҳои тиб Зафар Ҳусейнов дифоъ шуд (2017), “Беҳбудибахшии ёрии паллиативӣ барои беморони саратон дар шароити амбулаторӣ” ном дошта, бо бемороне сарукор дошт, ки омосашон аз дараҷаи чор гузаштааст ва дар шароити хона бояд ба онҳо ғамхориву парасторӣ шавад.
Хулоса, мо ӯро Диловари мардум дарёфтем, аз чеҳра ва корномаи ӯ пайдост, ки диловарон танҳо дар майдони ҳарбу зарб не, балки дар майдонҳои фарохи илму амал низ ҳастанд, ки яке аз онҳо Диловари бародари мост!


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”