Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро, агар мактаб ва омӯзгор набошанд, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба соҳаи маориф, ба эҳтироми хосса ба омӯзгор дарак медиҳад.
Воқеан, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси Квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки баҳри рушди соҳа рӯи даст гирифта шудаанд.
Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели бебаҳси таваҷҷуҳи ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 июли соли 2023 дар баробари дигар соҳаҳо музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар ҳамин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд: “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.
Маврид ба зикр аст, ки барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардидани Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳияи Данғара дастоварди маорифчиёни ноҳия дар соли 2022 мебошад.
Шаҳло Сайдалиева бо гирифтани Шоҳҷоизаи Озмуни мазкур бо 70 ҳазор сомонӣ қадр гардид. Ҳамзамон, роҳбарияти вилояти Хатлон бо ифтихорнома ва 15 ҳазор сомонӣ, инчунин, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин бо 10 ҳазор сомонӣ Шаҳло Сайдалиеваро қадрдонӣ карданд.
Инчунин, дар Озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1 – 4) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Динора Кароматзода, хонандаи синфи 5-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи якум ва маблағи 35 ҳазор сомонӣ гардид.
Ҳунару истеъдоди ин ду хонандаи фаъол барои дигар хонандагони ноҳия намунаи ибрат ва пайравист, то ба китобу китобхонаҳо рӯ оварда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати худ ва иштироку ғолибият дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дастоварди ин хонандагон, аз ҷумла барандаи Шоҳҷоиза дар баробари ифтихор, масъулияти мо – омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияро аз пештара бештар менамояд. Мо – омӯзгорон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи наврасон ва омода кардани онҳо ба муассисаҳои олии касбӣ аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода намоем ва дар пешрафти давлату Ҳукумат то ҷое саҳмгузор бошем.
Шамсия НАЗАРОВА, Саодат АХМЕДОВА,
омӯзгорони МТМУ № 55-и ноҳияи Данғара