Баргашт Чоп кардан

ХАБАРҲО АЗ СУҒД


МАҲФИЛИ НАВОӢ ДАР ХУҶАНД
Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 585-солагии шоири бузург ва асосгузори адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ маҳфили адабии “Алишери Навоӣ – пайвандгари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии деринаи ду халқи бародар: тоҷику ӯзбек равона гардида буд.
Дар маҳфил, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси фонди ҷамъиятии “Ватандошлар”-и Ӯзбекистон Одилҷон Сатторов ва аҳли илму адаби кишвари мо ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Дотсенти факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Мунаварра Ойматова нақши беназири Алишер Навоиро дар ғанӣ гардондани хазинаи адабиёти классикӣ ва тарғиби мероси муштараки фарҳангӣ таъкид кард.
Бояд зикр намуд, ки чанде пеш сабти филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба навор гирифта шуд, ба анҷом расид. Филми мазкур, ки ба дӯстии таърихӣ ва робитаҳои эҷодии ду абармарди адабиёти Шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ бахшида шудааст, бозгӯйи пайванди маънавии ду миллат мебошад.


ОЛИМОНИ ФАРОНСАВӢ ДАР ҚАЛЪАИ ХУҶАНД
Чанде пеш ҳайати олимони Фаронса таҳти роҳбарии Мадам Фабуғо, роҳбари “Маркази тадқиқотии Фаронса дар Осиёи Марказӣ”, ба Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд ташриф овард.
Ҳайати меҳмонон бо роҳбаладии Омири кулл Иброҳим Иброҳимов толорҳои намоиширо аз назар гузаронда, дар семинари илмӣ иштирок намуданд. Мадам Фабуғо зикр намуд, ки Маркази тадқиқоти Фаронса дар Осиёи Марказӣ беш аз се даҳсола фаъолият дорад ва дар рушди бостоншиносӣ, баргузории семинарҳои илмӣ ва дастгирии донишҷӯён ва олимони ҷавон саҳми назаррас доштааст. Ӯ ҳамчунин, таъкид кард, ки нигоҳдорӣ ва омӯзиши дастхатҳои нодир, аз ҷумла нусхаҳои “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ, ки дар Китобхонаи миллии Париж нигоҳ дошта мешаванд, аҳамияти вижа дорад.
Баҳром Раҳматзода, директори Марказии илмии Камоли Хуҷандӣ, роҷеъ ба тадқиқоти илмӣ дар омӯзиши дастхатҳо ва таҳлили девони Камоли Хуҷандӣ пешниҳодоти худро ироа намуд.
Ба меҳмонон китобҳои тозанашри илмӣ армуғон шуданд.



ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Дар Конибодом ба мавсими даъвати баҳорӣ омода мешаванд
Дар шаҳри Конибодом дар доираи даври сеюми силсилаи вохӯриҳои «Мактаб ба мактаб» ва омодагӣ ба мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба Артиши миллӣ як қатор чорабиниҳои ҳамоҳангшуда баргузор шуданд.
Дар чорабиниҳо муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода, комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Фаррух Рӯзиев иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои таълиму тарбия, таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тақвияти худшиносӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиён, ҳамчунин, ба тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва масъулияти падару модарон дар назорати рафтори наврасон ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Комиссари ҳарбӣ полковник Билол Муҳиддинзод доир ба тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маълумот дода, омодагии ҷавонон ва падару модаронро ба хизмати ҳарбӣ таъкид намуд.
Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид. Дар он омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ маъруза намуда, ба толибилмон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии ҳарбӣ, литсейҳои ҳарбӣ тавсияҳо доданд.
Чунин чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ ва тақвияти ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо ҷомеа идома хоҳанд ёфт.


ШОҲНОМАХОНӢ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Дар китобхонаи марказӣ ва бачагони шаҳри Гулистон маҳфили шоҳномахонӣ таҳти унвони “Шоҳнома – мероси ҷовидонаи аҷдод” ва намоиши китоб бо номи “Шоҳнома – оинаи таъриху фарҳанги тоҷик” баргузор шуд.
Директори китобхона Зайнура Ҷӯраева ҳадафи баргузории маҳфилро баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, ошноии хонандагон бо асари “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба китобхонӣ ва китобхона арзёбӣ карданд.
Дар идома китобдорон ба аҳли маҳфил доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Фирдавсӣ, мақоми ӯ дар адабиёти форсӣ - тоҷикӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”