Баргашт Чоп кардан

ЭҲТИРОМИ МОДАР ҚАРЗ АСТ


Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо, баъзан, воқеаҳое рух медиҳанд, ки онро наметавон таҳаммул кард. Аз ҷумла, чанде пеш бо автобуси хатсайри №18 (Гипрозем – Заводи семент), ки моломоли одам буд, барои анҷоми коре мерафтам. Дар истгоҳи “Автовокзал”, дар қатори дигар мусофирон, бонуи тахмин 28 – 30-солаи ҳомила вориди автобус шуд. Маро ҳайрат аз он афзуд, ки ҷавонони дар курсӣ нишаставу телефон дар даст ва гӯшмонак дар гӯш саргарми тамошои сафҳаи “Тик – Ток” ва ду – се марди галстукдор ба сӯйи тиреза чашм дӯхтанду ба бону ҷой надоданд.
Чанде пас дар истгоҳи чойхонаи “Роҳат” ба автобус як марди тахмин 45 – 50-сола бо либоси хоси худ, ки мардум онро “ҳоҷиёна” меноманд, ворид шуд. Марди босалобат мутмаин буд, ки албатта ҷойи нишаст пайдо хоҳад кард. Ва ҳамин хел ҳам шуд: бе ягон ҳарфу ҳиҷои зиёдатӣ нишастагони се курсӣ (се курсӣ!!!) пружинвор аз ҷой бархоста, тутивор такрор карданд: “Ҳоҷӣ, марҳамат нишинед!”.
Модар ба тарафи ин чоплусон – хушомадгӯёни асри XXI як теғ кашида, оҳи сард кашид.
Ҳоҷии салобатнок курсии холии дувумро интихоб карду сипосе нагуфта, мағрурона нишаст. Бубинед, хонандагони гиромӣ, ҳамон ҷавонону галстукдорон барои на ҳурмати зан-модар, балки ин марди ҷелаку тоқипӯши сафед рост меистоданд.
Аз дидани ин манзараи мағшуш беихтиёр байти Низомии Ганҷавӣ ба ёд омад:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Оё онҳо аз ин шеъри воло хабаре надоранд, ки нисбат ба зан-модар чунин рафтори ноҷавонмардонаро раво медонанд?
...Бонуи ҳомила ҳамоно пайкари вазнини хешро ба як по гузошта, мунтазири истгоҳи худ буд, ки зудтар аз доираи ин ҷомеаи ғуломтабиатон дур бишавад...
... Сад афсӯс! Маҳз ҳамин ашхоси хурофотпарасту дур аз исломи нобанд, ки шайх Темуру Муллокаримаку амсоли инҳо миёни ҷомеа ҳурмату иззати зиёд пайдо мекунанд.
Мо аҳли ҷомеаи мутамаддинем ва набояд гузорем, ки хурофотпарастӣ боло гирад. Ва дар ин ҷода, яъне аз беху бун баркандани хурофотпарастӣ, тамоми ҷомеа, бахусус падару модарон ва омӯзгорон, ки амрест хайр, бояд саҳми шоиста гузоранд.

Рустам РАҲИМЗОДА, публитсист