Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Спектр»-и Федератсияи Россия филми нави муштараки ҳунарӣ бо номи «Шабаҳе дар зулмот»-ро ба навор мегирад.
Тавре аз “Тоҷикфилм” иттилоъ доданд, тасмим дар бораи роҳандозии ин лоиҳаи муштарак зимни мулоқоти директори Муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии ҶДММ «Спектр» Максим Валянов гирифта шуд.
Коргардонии филмро Румӣ Шоазимов бар уҳда дорад. Наворбардорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Истиқлол, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон, инчунин, дар шаҳри Москва сурат мегирад. Дар филм ҳунармандони тоҷик нақш меофаранд.
Бояд таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур намунаи равшани густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия мусоидат хоҳад кард. Дар назар аст, ки филми мазкур соли 2027 намоиш дода шавад.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”