Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТӢ

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон – роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор шуд.
Нахуст Сарвазири кишвари мо Қоҳир Расулзода аз фазои мусоиди имрӯзаи ҳамкорӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз иродаи сиёсӣ ва хирадсолории роҳбарони кишварҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ин саҳифаи навро дар таърихи муносибатҳо боз кард.
Дар рафти ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, саноати сабук ва маъдан, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши савдо миёни кишварҳо 171 дарсад афзоиш ёфта, ба 33 миллион доллари амрикоӣ расид.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар солҳои оянда то ба 500 миллион доллар афзоиш дода шавад. Барои ин зарурати бартарафсозии монеаҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти шаффофи транзитӣ таъкид гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Протокол доир ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Баъд аз анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров Сарвазири кишвари мо Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.
Сарвазири кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Дар ҷараёни ин дидор оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва натиҷаҳои ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт.
Инчунин, дар ҳошияи ҷаласа Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва Адилбек Касималиев бо фаъолияти корхонаи экотехнологии истеҳсоли неруи барқ тавассути коркарди партовҳо шинос шуданд.
Зикр шуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркарди партовҳо ба беҳтар кардани шароити санитарии муҳити зист мусоидат карда, қадамест баҳри расидан ба "иқтисоди сабз".


Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”