Баргашт Чоп кардан

ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


19-уми феврал таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шурои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони котиботи Шурои амният иштирок намуданд.
Зимни маҷлис ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба фаъолияти мақомот ва сохторҳо дар соли 2025 шунида шуд.
Президенти мамлакат бо дарназардошти вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба роҳбарону масъулон ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас доданд.
Диққати роҳбарони мақомоту сохторҳо ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, алалхусус дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо, ҷалб шуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои низомӣ вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати тарбияи кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, омодасозии мутахассисони соҳибкасб дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, рушди саноати мудофиавии кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберии давлат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Оид ба масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.