ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ.1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7, мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516; с. 2019, №6, мод. 319; с. 2021, №4, мод. 198; с. 2025, №6-10, мод. 633) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 6:
- дар ном ва муқаддимаи қисми якум калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳиятҳои» ба калимаҳои «Ваколати» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;
- сархати якуми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият оид ба муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ иҷозатнома ва барои воридоту содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ шаҳодатнома медиҳад;»;
- дар сархати сездаҳуми қисми якум калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи «салоҳиятҳои» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 7:
- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои «халал мерасонанд» ба калимаҳои «монеъ мешаванд» иваз карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳамчунин нисбати кормандони Агентӣ амали меъёрҳои моддаҳои 13-16, моддаи 19 ва моддаҳои 21-34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» татбиқ мегарданд.».
3. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаи «литсензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 10:
- дар қисми якум калимаи «литсензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта амалӣ карда мешаванд.»;
- дар қисми сеюм калимаҳои «литсензия ва иҷозатнома» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта» иваз карда шаванд.
5. Дар номи боби IV, ном ва қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «МУХОЛИФАТ БА» ва «Мухолифат ба» мувофиқан ба калимаҳои «МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ» ва «Мубориза бар зидди» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати бистудуюми моддаи 2, қисмҳои сеюм ва панҷуми моддаи 9, қисми якуми моддаи 11, қисми дуюми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 15, қисмҳои якум ва чоруми моддаи 16, қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 17, сархати якуми моддаи 18 калимаҳои «вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2254
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №314
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №145
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРТОВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 287; с. 2005, № 7, мод. 409; с. 2011, № 6, мод. 447) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва минбаъд дар тамоми матни қонун калимаҳои «муҳити атроф» ва «муҳити атрофро» мувофиқан ба калимаҳои «муҳити зист» ва «муҳити зистро» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати дуюм калимаҳои «истеъмолӣ» ва «истеъмолкунӣ» мувофиқан ба калимаҳои «истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ва «истифодабарӣ» иваз карда шуда, пас аз калимаи «хусусиятҳои» калимаҳои «истеҳсолӣ ё» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаи «рӯзгор» ба калимаҳои «сахти маишӣ» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «машқгоҳҳо» ва «анборҳои махсус» мувофиқан ба калимаҳои «майдонҳо» ва «ҷойҳои нигоҳдории таҳшинҳои истеҳсолӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаи «сарҳадгузаронӣ» ба калимаҳои «сарҳад гузарондан» иваз карда шаванд;
- дар сархати бистум калимаи «захираҳои» ба калимаҳои «ашёи хоми» иваз карда шавад.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар сархати нуҳуми моддаи 4 калимаҳои «озодона дастрас будани» ба калимаҳои «дастрасии озод ба» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 2 моддаи 42 пас аз калимаҳои «партовҳои бесоҳиб,» калимаҳои «безарар гардонидан, бартараф кардан ва» илова карда шаванд.
6. Дар номи боби 2 калимаҳои «ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ» ба калимаи «ИДОРАКУНИИ» иваз карда шаванд.
7. Аз сархати якуми моддаи 5 калимаи «ташкилу» хориҷ карда шавад.
8. Ба сархати якуми моддаи 51 пеш аз калимаи «назорати» калимаҳои «амалисозии сиёсати давлатӣ ва» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 6:
- дар сархати шашум калимаҳои «дахлдори манфиатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаи «хатарнокии» ба калимаҳои «хатарнокӣ ва бартараф кардани» иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 8:
- аз ном калимаи «(литсензия)» хориҷ карда шавад;
- аз матн калимаи «(литсензия)» хориҷ гардида, калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 9:
- ном дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Талабот оид ба партовҳои дар раванди истеҳсолот ҳосилшуда»;
- дар муқаддимаи қисми 1 калимаҳои «рафти истифодабарии истеҳсолоти фаъолияткунанда» ба калимаҳои «раванди истеҳсолот» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 10:
- дар қисми 1 калимаҳои «ваколатдор» ва «ҳокимияти маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» ва «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуда, пеш аз калимаи «санитарию» калимаҳои «назорати давлатии» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «харобии конҳо» ба калимаҳои «харобшавии конҳо, сойҳо ва мавзеъҳои селгузар» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 11:
- дар ном калимаҳои «истеъмолӣ ва рӯзғор» ба калимаҳои «сахти маишӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «сахту моеъи истемолӣ» ба калимаҳои «сахти маишӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «Ташкили» калимаи «низоми» илова гардида, калимаҳои «истеъмолӣ» ва «ҳокимияти маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «сахти маишӣ» ва «маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Қоидаҳои нигоҳдории ҳолати санитарию экологии ҳудудҳои маҳалли аҳолинишин ва назорати риояи меъёрҳои онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист тасдиқ ва амалӣ карда мешаванд.».
14. Дар моддаи 12:
- дар қисми 3 калимаҳои «ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати санитарию эпидемиологӣ, кӯҳӣ ва техникӣ дар доираи салоҳияташон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколатҳояшон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «шудаанд» ба калимаи «шудааст» иваз карда шавад;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Қоидаҳои муомилот бо партовҳои хатарнокро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар менамояд.».
15. Дар моддаи 14:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Воридоти тамоми намудҳои партовҳои хатарнок ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои гӯрондан ва безарар гардондан манъ аст.»;
- дар қисми 2 калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шуда, аломат ва калимаҳои «, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки мутасаддии назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, экологи, санитари ва карантинӣ мебошанд,» ба калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ» иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаҳои «ваколатдор» ва «ҳокимияти иҷроия дар маҳал» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» ва «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- сархати ҳаштуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- назорати раванди дар истеҳсолот ҷорӣ кардани технологияи муосири кам кардани ҳаҷм ва дараҷаи хатарнокии партовҳо, истифодаи такрории партовҳо дар гардиши истеҳсолӣ ба сифати ашёи хом;».
17. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаҳои «ҳокимияти иҷроия, ки вазифаҳои ҳифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологӣ, кӯҳӣ ва техникиро ба ҷо меоранд, дар доираи салоҳияташон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколатҳояшон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2252
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, №279
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №148
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, № 1-3, мод. 7; с. 2025, № 2, мод. 118, № 5, мод. 515) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 41. Маблағгузорӣ ҳангоми хариди давлатӣ
Ҳангоми хариди давлатӣ ҳама гуна маблағгузорӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои шартномаи харид ва шартномаҳои дигари марбут ба он дар шакли ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.».
2. Дар қисми 1 моддаи 24:
- банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) ҳисоботи молиявии аудитшудаи иштирокчие, ки мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти дорои манфиати умум эътироф шудааст, дар маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ ҷойгир бошад;»;
- бандҳои 3), 4), 5) ва 6) мувофиқан бандҳои 4), 5), 6) ва 7) дониста шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2245
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №298
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №157
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО»
Моддаи 1. Дар банди 5) қисми 1 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз 8 июни соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №6, мод. 341; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №2222) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6) санади прокурор дар бораи бо тартиби маъмурӣ баровардани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишғол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурӯравӣ таҳдид мекунад – дар давоми шаш моҳ.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2247
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, №281
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №143
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 34; с. 2005, №12, мод. 652) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеиро оиди» ва «соҳаи ҷамъоварии оҳанпора» мувофиқан ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба» ва «ин соҳа» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми якуми моддаи 1 пас аз калимаҳои «манбаи ашёи» калимаи «хоми» илова карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати якум калимаҳои «ғилзат (консентратҳо)» ба калимаи «консентратҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаи «ғилзати» ба калимаи «консентрати» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои нуҳум, дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «ҳуқуқӣ ё воқеии», «ҳуқуқӣ ва воқеие» ва «ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ» мувофиқан ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «воқеӣ ё ҳуқуқии», «воқеӣ ва ҳуқуқие» ва «воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои даҳум, дувоздаҳум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «партовгардонӣ» ва «партовгардонии» мувофиқан ба калимаҳои «нобудсозӣ» ва «нобудсозии» иваз карда шаванд;
- дар сархати чордаҳум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «баённомаи», «баённома», «Баённомаи» ва «салоҳиятдори ҳокимияти иҷроия» мувофиқан ба калимаҳои «эъломияи», «эъломия», «Эъломияи» ва «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «захира намудани» ва «мустаъмали» мувофиқан ба калимаҳои «тайёр кардани» ва «хоми дуюмдараҷаи» иваз карда шаванд.
4. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар сархати дуюми моддаи 4 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 5:
- дар ном ва муқаддима калимаҳои «Ваколатҳои» ва «Ваколатҳои асосии» ба калимаҳои «Салоҳияти» ва «Салоҳияти» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «давлатии ҳокимияти маҳаллӣ» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «дуздии», «таракаи қисмҳои» ва «энергиядеҳ ва» мувофиқан ба калимаҳои «тасарруфи», «несту нобуд кардани» ва «энергетикӣ ва инфрасохтори» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якум ва дуюми моддаи 6 калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 7:
- дар қисмҳои якум, чорум ва панҷум калимаҳои «ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- қисми дуюм хориҷ карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ва «мадад» мувофиқан ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «мусоидат» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 8:
- бандҳо бо рақамҳои арабӣ ва аломати «)» ишора карда шаванд;
- дар сархати сеюми банди дуюм калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеие» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқие» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Иҷозатдиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга
Иҷозатдиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
11. Дар моддаи 10:
- дар муқаддима ва сархати дуюми қисми якум калимаи «захира» ба калимаи «тайёр» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 11 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
13. Дар қисми якуми моддаи 14:
- дар муқаддима калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеие» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқие» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «лоиҳавӣ ва иҷозатнома» ба калимаи «иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «лоиҳавии» ва «мақомоти махсуси ваколатдори давлатии» ба калимаҳои «иҷозатдиҳии» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар» иваз карда шаванд.
14. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
15. Дар матни моддаи 16 калимаи «мешавад» ба калимаи «шавад» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2250
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №316
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №150
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 19 июли соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, № 7, мод. 433; с. 2025, № 2, мод. 117) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи «менамояд» ба калимаҳои «намуда, ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон равона гардидааст» иваз карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаи «онро» ба калимаи «онҳоро» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 5:
- ба банди 2) пас аз калимаи «санитарӣ» калимаҳои «, фитосанитарию карантинӣ» илова карда шаванд;
- ба банди 3) пас аз калимаи «фавқулода» калимаҳои «, андешидани чораҳои зиддиэпизоотӣ» илова карда шаванд;
- банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4) додани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- банди 4) банди 5) ҳисобида шавад.
4. Ба банди 3) моддаи 7 пас аз калимаи «ниҳолҳо,» калимаҳои «зотҳои сермаҳсули» илова карда шаванд.
5. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 9 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.
6. Ба банди 5) моддаи 10 пас аз калимаи «намоянд» калимаҳои «, ба вайроншавии қабати ҳосилхези замин, пайдо ва паҳншавии касалиҳои карантинӣ роҳ надиҳанд» илова карда шаванд.
7. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаҳои «ва интиқоли» ба калимаҳои «, интиқол ва фурӯши» иваз карда шаванд.
8. Ба қисми 3 моддаи 13 пас аз калимаи «барои» калимаҳои «пешбурди ҳисоботи оморӣ,» илова карда шаванд.
9. Дар номи моддаи 16 калимаҳои «ҳангоми пешбурди» ба калимаи «дар» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали 2026, № 2253
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, № 277
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №147