![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
ФИЛВОРДИ «ТИБ»
Дар ин филворд насаби шахсиятҳое, ки бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб ва физиология сазовор гаштаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ХИМИЯ»
1. Рамзай
2. Аррениус
3. Фишер
4. Резерфорд
5. Оствалд
6. Ричардс
7. Вернер
8. Вилшеттер
9. Нернст
10. Сведберг
11. Юри
12. Ружичка
13. Виртанен
14. Нортроп
15. Стэнли
16. Робинсон
17. Тиселиус
18. Макмиллан
19. Сиборг
20. Вудворд
21. Тодд
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ХУДО ВА МОДАР. КАДОМЕ БА ХИДМАТИ ФАРЗАНД НИЁЗИ БЕШТАР ДОРАД?
Ду бародаре буданд. Яке аз онҳо ба хидмати модар машғул буду дигарӣ ба хидмати Худованд. Он кӣ дар хидмати Худованд буд, дар хобаш садое шунид: «Бародари туро биёмурзидем ва туро дар хидматаш гузоштем».
Гуфт:
– Охир, ман ба хидмати Худо машғул будам ва бародарам ба хидмати модар. Пас, чаро маро дар хизмати ӯ мегузоред?
Ҷавобаш доданд:
– Он чи ту мекунӣ, мо ба он ниёз надорем, лекин модарат ба хидмати фарзанд муҳтоҷ аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ШВЕЙТСАРИҲО АЗ ҚАҲВАНӮШОНИ АШАДДИИ ДУНЁЯНД
Швейтсария дар ҷаҳон на танҳо бо қуллаҳои баланди барфпӯш, балки сокинони ба қаҳванӯшӣ мубталояш машҳур мебошад. Гап сари он аст, ки шведҳо баъди ҳар ду соат заҳмат кашидан, танаффус намуда, бо майли том қаҳва менӯшанд. Ин одаташон ба он мусоидат мекунад, ки тамоми рӯз руҳбаланд гашта, хастагиро эҳсос наменамоянд.
Роҳбарияти корхонаю идораҳои ин мамлакат бахубӣ дарк мекунанд, ки меҳнати ҳаррӯзаи сари монитори компютер ба саломатии инсон зиёновар аст, аз ин рӯ, чунин реҷаи кориро ҷорӣ кардаанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҲУКМИ САФЕД БАЪД АЗ 86 СОЛИ ҚАТЛ
Иштибоҳоти судӣ бадтар аз ҳар хатоест, ки дар рӯзгори инсонӣ таҷриба шудаанд, зеро онҳо ба тақдир ва ҳаёти одамон бастагӣ доранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, бадтарин хатоҳои ошкоршудаи судӣ дар кишварҳои гуногуни оламро зери ҳамин рубрика ба хонандагони саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе” дар миён гузорем, то, ҳамзамон, барои пешгирӣ аз ҳукму қарорҳои ноодилона таҷрибаи судманде ҳосил гардад.
Соли 2008 дар Австралия нисбат ба марде ҳукми сафед эълом гардид, ки 86 сол қабл аз он ба дор овехта шуда буд.
Суд соли 1922 Колин Кэмпбелл Россро ба марги Алма Тирешкеи 12-сола, ки дар он аломатҳои таҷовуз ба номус дида мешуд, гунаҳкор дониста, ба ҳукми қатл маҳкум кард. Далел мӯйҳои зардчае буд, ки муфаттишон аз бистари хоби маҳкумшуда пайдо карданд ва он шабеҳи мӯйи сари духтари кушташуда буд.
Баъд аз 86 соли ин фоҷиа, бегуноҳии Росс исбот шуда, маълум гардид, ки ӯ дар ин ҷиноят даст надошта, ба ноҳақ қатл шудааст. Ҳангоми сафедкунии маҳкумшуда, сабаби чунин хатои ҷуброннопазир баҳодиҳии нодурусти ҳуқуқӣ ба омилҳои марги ноболиғӣ 12-сола арзёбӣ гардид.
Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ХИРСИ ОДАМХӮР
Ҳарчанд хирси сафед се метр дарозиву то як тонна вазн дошта, яке аз хатарноктарин ҷонварони хушкигарди ваҳшӣ ба ҳисоб меравад, вақте номи ӯро мегирем, пеши назар як ҷонваре намоён мешавад, ки лаби соҳили яхбаста моҳӣ хӯрда мегардад. Ҳеҷ бовари кас намеояд, агар гӯем, ки хирси сафед роҳат метавонад инсонҳоро низ шикор кунад. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки даҳҳо нафар қасдан қурбони панҷаҳои ин ҷонвари ваҳшӣ гардидаанд. Тасаввур кунед, хирси сафед аз дурии 32 километр сайди худро ҳис намуда, то 600 километр метавонад беист даруни об шикор кунад. Аз ин нигоҳ онро «хирси баҳрӣ» низ меноманд. Албатта, шикори одам аз сӯйи хирси сафед амали маъмулӣ нест. Вале, баробари об шудани пиряхҳо, онҳо барои шикор то водиҳо мефароянд ва агар сари гуруснагӣ инсонро вохӯранд, бе дудилагӣ ба ҳуҷум мегузаранд. Омор аст, ки аз соли 1870 то 2014 хирсҳои сафед 73 маротиба ба инсонҳо ҳамла кардаанд. Аз ин шумори ҷабрдидаҳо 20 нафар, ҳатто, туъмаи ин ҳайвони ваҳшӣ гардидаанд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
РАМЗИ QR ЧӢ ТАВР ПАЙДО ШУД?
Рамзи QR (Quick Response code – рамзи вокуниши фаврӣ) соли 1994 аз ҷониби ширкати ҷопонии “Denso Wave” (ширкати фаръии “Toyota”) таҳия шудааст. Онро муҳандис Масахира Ҳара барои ҳалли мушкилоти иқтидори маҳдуди штрих-кодҳои анъанавӣ ҳангоми тамғагузории қисмҳои автомобил сохтааст.
Штрих-кодҳои куҳна аломатҳои кам (20-30 аломат) доштанд, аз ин рӯ кормандон бояд 10 рамзро дар як қуттӣ рӯйбардор мекарданд, ки ин вақти зиёд талаб мекард. Биноан, намунаи беназири матритсаи чоркунҷа - QR бо илҳом аз бозии ҷопонии “го” эҷод гашт. Бартарии ин рамз дар он аст, ки 10 маротиба тезтар хонда мешавад, то 7000 аломатро нигоҳ медорад ва ҳатто, агар 30 дарсади он вайрон шуда бошад ҳам, хоно боқӣ мемонад.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
КУВАЙТ
Пирӯзии навбатии табиби тоҷик
Табиби ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе Суннатулло Шарифзода дар 16-ум Форуми ҷаҳонии ихтироъкорон (IIMFE), ки аз 8 то 11-уми феврали соли равон дар Давлати Кувайт баргузор шуд, дар номинатсияи «Тиб ва ихтирои беҳтарин» сазовори мақоми аввал ва барои пешниҳоди ихтирои гурӯҳӣ ҷойи сеюмро гирифт.
Бояд гуфт, ки ин аввалин дастоварди байналмилалии С. Шарифзода нест. Ӯ моҳи ноябри соли 2025 дар Форуми байналмилалии «100 идея барои ИДМ» низ ғолиб гашта буд.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
БУЗУРГӢ БА АҚЛ АСТ, НА БА СОЛ
Амире ба раиятпарварӣ номдор шуда буд, аз қазо кӯдакеро дар роҳ мебинад ранҷур ва ба ӯ як тангаи тилло медиҳад, аммо кӯдак рад мекунад. Амир сабаб мепурсад. Кӯдак мегӯяд:
– Амирам! Падару модарам тангаи тиллоро аз куҷо гирифтӣ, гуфта, маро ҷанг мекунанд.
– Ту ҳам мегӯйӣ, ки Амирам дод.
Кӯдак гуфт:
– Ин хел гӯям, ҳеҷ бовар намекунанд. Мегӯянд, ки агар ӯ медод, ҳимматаш хеле баланд мебуд.
Ин сухани кӯдак ба Амир хуш меояд ва ба ӯ як коса тилло медиҳад.
Кӯдак аз дасти шоҳ косаи тиллоро гирифта, мегӯяд: «Ба шарте мегирам, ки ҳамроҳи ман ба хонаи мо, ба пеши волидайни ман биравед, то онҳо бо чашми худ дида, бовар ҳосил намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҳадяи ту ба фарзанди онҳост».
Ин суханон ба Амир писанд меояд ва ҳамроҳи кӯдак ба хонаи онҳо меравад.
Чунонки мегӯянд: «Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол». Кӯдак бо ақли бузургаш ҳам косаи тиллоро соҳиб шуд ва ҳам Амирро ба хона бурд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АНДЕШАҲОИ ШУБҲАНОКИ АЛЕХИН
Пеш аз бозӣ барои унвони чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот (Буэнос-Айрес, 16-уми сентябр – 29-уми ноябри 1927) бо чемпиони ҷаҳон Хосе Раул Капабланка, ки шарташ ҳатмӣ 6 пирӯзӣ буд, гроссмейстери маъруфи рус Александр Алехин дар нишасти матбуотӣ чунин гуфт:
– Ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки чи гуна метавон Капабланкаро шаш бор шикаст дод. Аммо, ҳамчунин, дар тасаввурам намегунҷад, ки Капабланка чи гуна метавонад маро шаш маротиба мағлуб намояд.
Қувваозмоӣ бо ҳисоби 6:3 бар суди Александр Алехин ба анҷом расид ва ӯ чемпиони нави ҷаҳон эълом гардид.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ҲАФТ БИНОИ ОСМОНБӮСИ ҶАҲОН
3. МАНОРАИ ШАНХАЙ
(Чин, 632 метр)
Баландтарин бинои осмонбӯси Чин манораи Шанхай мебошад, ки баландии он 632 метрро ташкил медиҳад. Бино 127 ошёна дошта, офисҳо, меҳмонхона, мағозаҳо, галереяҳо, майдончаи тамошо ва мавзеъҳои фароғатиро дар бар мегирад. Манораи Шанхай баландтарин бинои ҷаҳон бо намои печида аст. Дар ошёнаҳои болоӣ турбинаҳои бодӣ мавҷуданд, ки неруи барқ истеҳсол намуда, биноро бо равшанӣ таъмин мекунанд.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
ОРОМИИ РУҲ
Марде, ки аз ғавғои шаҳр хаста шуда буд, тасмим гирифт, ки руҳашро ором кунад. Барои ин, қарор кард, то ҷойи ором ва осудаеро пайдо кунад ва ба ҷангал рафт.
Дар ҷангал танҳо як лаҳза хомӯшӣ ҳукмрон буд. Пас аз дақиқае, садоҳои зиёдеро шунид: чирроси малахҳо, сурудхонии парандагон, шибир-шибири барги дарахтон... Ин ба мард писанд наомад ва қарор кард, ки ҷойи оромтаре пайдо намояд.
Чанд рӯз пас ғоре ёфт мувофиқ ва бениҳоят ором. Ҳамин ки дар он ҷо ҷойгир шуд, чизи дигареро кашф кард: дар ҳар гӯша об мечакид. Ҳар қадар ғор оромтар бошад, садои қатраҳо ҳамон қадар равшантар шунида мешуд. Ин мардро хеле асабонӣ кард.
Қарор кард, ки хомӯширо танҳо дар хонаи худаш таъмин кардан мумкин аст. Шаш моҳ хонаро таъмир карда, девору тирезаҳои садоногузар сохт. Ниҳоят, мард дар миёнаи хона нишаст ва... "тик-так, тик-так..." соат дар хомӯшии комил садо дод. Мард бо хашм соатро аз дасташ канда, ба девор зад. Ана, лаҳзае фаро расид, ки ҳеҷ чиз ӯро парешон нахоҳад кард. Нафаси чуқур кашид ва... "дуб-дуб... дуб-дуб" дилаш дар синааш баландтар ва бештар мезад.
Ҳикмат: оромии руҳ аз шароити беруна вобаста нест. Ҳама чиз дар дохили шахс аст – мушкилот ва роҳҳои ҳал. Шинохти ин лаҳза ҳаётро хеле осон мекунад. Шумо аз ҷустуҷӯйи касе, ки айбдор аст, даст мекашед ва бо муҳимтарин шахси ҳаётатон – бо худатон – дар осудагӣ зиндагӣ карданро оғоз менамоед.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БЕТҲОВЕН ДАР ИТОАТИ КАФШ
Бетҳовен дар аввал ҳарчанд шуҳрат надошт, дар ҳалқаи дӯстонаш худро хушбахт медид. Аз қазо чун дар чанд маҳфил паёпай ҳузур наёфт, дӯстонаш бо муштоқӣ пурсиданд:
– Аз нав ба итоати хонуматон гирифтор шудед, ки ба шабнишиниҳо намеоед?
– Аниқтараш, ба итоати кафшонам, – мегӯяд Бетҳовен ва мефаҳмонад, – ҳамагӣ як ҷуфт кафш дорам. Онҳо, ки аз хизмати зиёд фарсудаву сӯрох гаштаанд, дар ҳавои боронӣ маро иҷозаи берун баромадан намедиҳанд.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
БЕРНАРД ШОУ
Дар зиёфати пурдабдабае як ҷавони болоназар бо мақсади мазаммати Бернард Шоу киноя мезанад:
– Мегӯянд падари шумо дӯзанда буд. Чаро пушти ӯ нарафтед?
– Шумо дуруст мегӯед, вале на ҳар вақт хостаҳои падарон ҷомаи амал мепӯшад. Барои мисол, ман падари шуморо мешинохтам, ки бисёр хирадманд буданд, шумо ба ӯ монанд нашудед-ку.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ОЁ КӮҲҲОИ «ШИНОКУНАНДА» ВОҚЕӢ ҲАСТАНД?
Кӯҳи афсонавии “шинокунанда” аз филми «Аватар» танҳо маҳсули хаёл нест. Манзараҳое, ки ҷаҳони Пандораро дар ин филми машҳур зинда карданд, воқеан вуҷуд доранд. Онҳо дар ҳудуди боғи миллии ҷангалии “Zhangjiajie National Forest Park”, воқеъ дар музофоти Ҳунани Чин ҷойгир буда, яке аз нодиртарин гӯшаҳои табиии ҷаҳон ба шумор мераванд.
Маҳз сутунҳои азими кварсӣ ва регсангии ин боғ ба коргардони маъруф Ҷеймс Кемэрон илҳом бахшид, то манзараҳои хаёлии филмро офарад. Ин сутунҳои сангин, ки шумораашон ба ҳазорон мерасад, ба баландиҳои садҳо метр қомат афрохта, дар мавсими туман чунин менамоянд, ки гӯё дар фазо овезонанд. Яке аз ин қуллаҳо, баъди намоиши филм, «Avatar Hallelujah Mountain» номгузорӣ гардид.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
21-УМИ МАЙ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ
Дар асл, ин як ҷашни хеле ҷиддӣ аст, ки аз мавҷудияти он бисёриҳо огоҳ нестанд. Мақсад аз гузарондани ҷашн ҷалб намудани диққати аҳли ҷамеа ба проблемаҳои савдои чой: сар карда аз шароити кори коргарон то душвориҳое, ки истеҳсолкунандагони хурд дар рақобат бо корпоратсияҳои калон доранд, мебошад.
Таҳияи А. НОСИРҶОН
ХОНАИ ОДАМИ САФЕД
Дар Австралия шаҳре бо номи Кубер-Педи мавҷуд аст, ки маънои “Хонаи одами сафед”-ро дорад.
Шаҳр бо санги шишамонанди шаффофаш машҳур аст. Бо сабаби хеле гарм будани ҳарорати ҳавои шаҳр (беш аз +400) ва зуд-зуд пайдо шудани регтӯфонҳо, сокинони он дар нишебиҳои кӯҳ умр ба сар мебаранд. Дар хонаҳои зеризаминӣ системаи обу корез ва хатти барқ гузаронда шудааст. Мағозаи китобфурӯшӣ, бинои маъбадҳо ва қаҳвахонаҳо дар зери замин ҷойгиранд. Гулу дарахт хеле кам ба назар мерасад. Барои тамошои шаҳри аҷиби Кубер-Педи ҳар сол сайёҳони зиёде меоянд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
АВВАЛИН КИТОБ БО ХАТТИ БРАЙЛ
Дар ҷаҳон чанд ихтироот ба кӯдакон тааллуқ дорад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои интернетӣ, ҳар сол зиёда аз 500 ҳазор кӯдак чизи нав эҷод мекунад.
Яке аз муҳимтарин ихтироот, ки дар саросари ҷаҳон зиёд истифода мешавад, хатти Брайл барои нобиноён аст. Хатро Луис Брайл дар 15-солагӣ ихтироъ кардааст. Дар 5-солагӣ, пас аз захм бардоштан, дар коргоҳи падараш нобино шуд. Брайл бисёр қобилиятнок буд, ҳамчунин, аз ӯ ҳамчун навозанда ва омӯзгори боистеъдод низ ном мебаранд. Брайл аввалин китобашро бо ин хат соли 1837 чоп кардааст.
Таҳияи З. РАҶАБ
АРТУР ҶОН ПРИСТ
Оташкори ғарқнашаванда
Соли 1907 ҷавони 20-солаи англис Артур Ҷон Прист бори аввал дар киштии «Астурия» ба ҳайси оташкор (кочегар) ба баҳр баромад. Дар аввалин сафар киштӣ ба садама дучор шуд, аммо Прист осебе надид.
Ҳангоми сафари дуюм дар киштии «Олимпик» низ Прист аз садама беозор баромад.
Бовар нокарданист, вале қаҳрамони мо солҳои гуногун дар киштиҳои "Титаник"-и машҳур, “Алкантара”, “Британик” ва “Донегал” ҳам дучори садамаҳои вазнин гашта, ҷон ба саломат бурдааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
АҶОИБОТИ «ЗАМИНИ САБЗ»
Гренландия («Замини сабз») аз бузургтарин ҷазираҳои сайёра буда, миёни уқёнусҳои Атлантика ва Яхбастаи Шимолӣ ҷой гирифтааст. Қариб 81 дарсади ҳудуди онро қабати яхи ғафсиаш беш аз 3 километр ташкил медиҳад.
Дар қисмати ҷанубии ҷазира тобистон (моҳи июл) ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар қисмати дохилии ҷазира сард буда, моҳи июн то -10 дараҷа ва зимистон то -50 дараҷа хунук мешавад.
Қариб 90 дарсади аҳолии ҷазира дар қисмати ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 10 дарсади захираи оби ошомидании сайёра дар яхҳои ҷазираи мазкур маҳфуз аст.
Наздики 45 дарсади ҳудуди Гренландияро 14 минтақаи муҳофизатшаванда ташкил медиҳад. Парки миллии Гренландия дар ҷаҳон аз ҳама калонтарин ба ҳисоб меравад.
Таҳияи С. СУННАТӢ