Баргашт Чоп кардан

СИПАРИ ВАТАН Ё КАФИЛИ АМНУ СУБОТ


Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 аз се навъи қӯшун – хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд. Бо назардошти таҳдиди хатарҳои муосир, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2003 навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ – Қӯшунҳои зудамал таъсис дода шуд. Сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ – Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил ёфт. Соли 2005 Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонда шуданд.
Ҳоло бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст. Он дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфт.
Дар солҳои 1993 – 2025 артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонда шуд. Аз оғози таъсисёбӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистаанд, ки садоқат ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистонро собит созанд.
Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Аз ин дидгоҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин, дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ, такмил дод. Айни замон зиёда аз 600 нафар хидматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсилро идома дода истодаанд.
Алҳол ҷаҳони муосир пур аз тазодҳост. Муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар гардида истодаанд. Махсусан бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ моро ҳушдор медиҳанд, ки муқовимат фақат дар як сурат натиҷа хоҳад дод: вақте ки ашхоси қобили ҳарб дар дохили кишвар ҳимояи манфиатҳои миллиро вазифаи ҷонии худ медонанд. Дар ин маврид, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз таърихи 28-уми декабри соли 2023 омадааст: “Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хидматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд”.
Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти кишвар ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва пушту паноҳи давлату миллат аст.


Зубайдулло ДАВЛАТОВ, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ