Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки бе неруи мусаллаҳи муназзам ҳеҷ давлат наметавонад истиқлолу тамомияти арзии худро ҳифз намояд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба таҳдидҳои ҷиддӣ чун буҳрони сиёсӣ, низоъҳои дохилӣ ва бесуботии минтақавӣ рӯ ба рӯ гардид. Маҳз таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ имкон дод, ки сохти конститутсионӣ барқарор ва пояҳои давлатдорӣ устувор гарданд.
Аз нигоҳи сиёсӣ, артиш на танҳо сохтори ҳарбӣ, балки унсури муҳими амнияти миллӣ ва омили муътадилсозии муҳити геосиёсӣ мебошад. Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси Осиёи Марказӣ қарор дорад, ки таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Дар чунин шароит, Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ амнияти сарҳад, оромии ҷомеа ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро таъмин менамоянд.
Дар давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ ислоҳоти густурдаи ҳарбӣ амалӣ гардид. Беҳбуди инфрасохтори қисмҳои ҳарбӣ, таҷдиди техникаву таҷҳизот, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва тақвияти заминаи ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа мебошанд. Имрӯз афсарону сарбозон дар заминаи барномаҳои муосири таълимӣ омода гардида, машқҳои муштарак ва омӯзишҳои сатҳи байналмилалӣ мегузаронанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки артиш танҳо як сохтори анъанавӣ набуда, балки ниҳоди дар ҳоли такомули пайваста мебошад.
Артиш, ҳамзамон, мактаби воқеии мардонагӣ ва ватандӯстӣ аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавононро аз лиҳози ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ ташаккул медиҳад. Ин ҷо интизом, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва омодагӣ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ парвариш меёбад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд: «Ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус аст». Ин суханон бояд меъёри ахлоқии ҷомеаи соҳибистиқлол бошанд.
Аҳамияти артишро дар замони ҷаҳонишавӣ боз ҳам равшантар метавон дарк кард. Имрӯз муборизаҳо на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар арсаи иттилоотӣ ва идеологӣ ҷараён доранд. Артиши миллӣ дар баробари омодагии ҳарбӣ, бояд дорои ҷаҳонбинии устувор, маърифати сиёсӣ ва худшиносии миллӣ бошад.
Дар шароити имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф, ифтихор ва мактаби бузурги зиндагист. Артиш ин мактаби мардонагӣ, масъулият ва ватандӯстӣ мебошад. Дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ ҳар як ҷавони худогоҳу худшинос бояд дарк намояд, ки ояндаи давлат аз омодагӣ ва садоқати ӯ вобаста аст. Ҳифзи Ватан қарзи муқаддас буда, иҷрои он нишонаи камолоти шахсият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Умедҷон АМОНӢ, унвонҷӯ