Дар таърихи пурифтихори халқи тоҷик симои зан ҳамеша ҳамчун рамзи хирад, покӣ ва вафодорӣ ҷилвагар буд. Аммо таърих исбот кардааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос зани тоҷик метавонад шамшер ба даст гирад ва мисли Гурдофариду Томирис аз марзу буми аҷдодӣ дифоъ кунад. Имрӯз, дар даврони истиқлоли давлатӣ, ин анъана идома ёфта, беш аз 1000 нафар занону духтарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати бошарафонаро пеша кардаанд.
Тавре ки дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст: «Занон ва модарони шуҷои тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи халқамон парчами озодию истиқлолро баланд бардошта, халқро ба ҳифзи хоки Ватан ва нангу номуси миллӣ ҳидоят намуданд».
Бонувони низомии мо дар баробари мардон дар машқгоҳҳои низомӣ обутоб ёфта, аз силоҳҳои оташфишон моҳирона истифода мебаранд ва қоидаҳои тактикии ҷангиро аз худ мекунанд. Бисёре аз онҳо дорои рутбаҳои баланди афсарӣ буда, дар вазифаҳои роҳбарикунанда садоқатмандона фаъолият доранд.
Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки занони шуҷоу матиниродаи тоҷик дар баробари ҷавонмардони далери Ватан рисолати сулҳпарварӣ, озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастиро бар дӯш гирифта, дар бунёди давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти комил ва таъмини суботу осудагии мамлакат нақши калидӣ доранд.
Наргис АМИРЗОДА, омӯзгор