Ба муносибати 33-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов силсилаи вохӯриву ҳамоишҳо бо сарбозону афсарон ҷараён дорад.
Дар доираи ин тадбирҳо, дар деҳаи Тоҷикободи ноҳия, дар қисми ҳарбӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Рӯзи шиносоӣ” доир гашт. Дар ҷамъомад муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Мадина Набизода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, муовини раиси ноҳия Шараф Шарифзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва падару модарон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, як гурӯҳ ҷавонони фаъол аз Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав ба дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, воқеъ дар деҳаи дурдасти Қурғонча, сафар намуда, бо шароити будубош ва хизмати сарбозон шинос гардиданд.
Зимни мулоқот масъулон таъкид намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад.
Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фарҳод Қурбонов, дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, байни ҷавонони фаъол ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла шашкаю шоҳмот, доир шуд, ки ба руҳбаландии иштирокдорон мусоидат намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сарбозон дастурхони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”