CentralAsia (TM). Нашрияи «Метеожурнал» менависад, ки дар Туркманистон ба мисли солҳои 2021-2022 хушксолии шадид мушоҳида мешавад ва ин вазъиятро бо гармии ғайримуқаррарии моҳҳои март ва апрел алоқаманд мекунад. Нашрия таъкид менамояд, ки хушксолии феълиро метавон маҳаллӣ номид: он бештари ҳудуди Туркманистон ва танҳо баъзе ҳудудҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Эронро фаро мегирад.
Известия. Дар Колумбия чаҳор кӯдакеро, ки бар асари суқути ҳавопаймои Cessna 206 гум шуда буд, пас аз 16 рӯз зинда ёфтанд.
"Пас аз ҷустуҷӯҳое, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвар анҷом доданд, мо чаҳор кӯдаки дар суқути ҳавопаймо дар Гуавяр гумшударо зинда ёфтем", – навиштааст Президенти Колумбия Густаво Петро дар саҳифаи Twitter-и худ.
Известия. Агентии «Bloomberg» бо такя ба директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Африқои Ҷанубӣ Зейн Дангор хабар додааст, ки Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса ва роҳбарони панҷ давлати дигари Африқо аввали моҳи июн дар доираи ташаббуси сулҳҷӯёна ба Москва ва Киев сафар мекунанд.
Лента.ру. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова иттилоъ медиҳад, ки Москва тамдиди созишномаи ғалларо барои ду моҳ бо умеди он ки шартҳои Россия дар бораи ташаббуси баҳри Сиёҳ тибқи ёддошти Россия ва СММ ҳарчи зудтар иҷро шавад, тасдиқ менамояд.