«Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, агарчи ҳазору сад сол қабл иншо шуда бошад ҳам, то кунун бо чунин теъдоди зиёд дар ҳеҷ ҷо нашр нагардида буд. Соли 2025, баъди 1100 соли навишта шуданаш, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бо муқаддимаи пурмуҳтаво дар ду ҷилд, ҳар кадоме бо теъдоди 1700000 (як миллиону ҳафтсад ҳазор) ба чоп расид. Акнун ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабабе ба «Шоҳнома» дастрасӣ надошт, онро пурра мутолаа намуда, бо таъриху адаб, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои халқамон шинос гардида, бо гузаштаи худ ифтихор мекунад.
Дар муқаддимаи китоб қайд гардидааст, ки «Шоҳнома» рӯзгор ва кору пайкори беш аз 48 подшоҳ ва беҳтарин тасвиру андешаи таърихи сарзаминамонро дар бар гирифтааст ва ҳар кӣ онро мутолаа мекунад, дармеёбад, ки сайре ба таърихи тулонии гузаштагонамон анҷом додааст.
Тазаккур бояд дод, ки «Шоҳнома» аз ҳазору сесад достони хурду бузург иборат аст. Ҳар кадоми онҳо дар бораи подшоҳон, родмардон, диловарони замон навишта шудааст, ки намунаи хирадварзӣ, меҳру имон, ҳиммату диловарӣ, фидокорӣ, меҳанпарастӣ, шафқату одамият, талошу кӯшиш дар роҳи пирӯзӣ, ростию адлу дод мебошад.
Мавзуъҳои асосии «Шоҳнома» фарогири ситоиши донишу хирад, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, панду ҳикмат буда, аз таҷрибаи ҳодисаҳои зиндагӣ гирифта шудаанд, ки дар тарбияи камолоти маънавии инсонҳо басо судманданд.
«Шоҳнома» махзани номҳои маъруфи куҳани тоҷикӣ - форсӣ аст. Баъди мутолааи он мо ба хулосае омадем, ки фарҳанги луғати номҳои китоби мазкурро тартиб дода, аз номҳои қаҳрамонони ин шоҳасар барои фарзандон, инчунин, аз калимаҳои ин китоби қадимӣ бо илова намудани пасвандҳо тибқи тартиби ҳарфҳои алифбо номҳои нави мардона ва занона сохта, истифода барем.
Мақсади мо аз тартиб додани фарҳанги мазкур дар замони ҳозир, ки раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳо аст, ҳифзи номҳои тоҷикӣ - форсӣ мебошад.
Хайрулло РАҲИМОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон, ноҳияи Варзоб