Баргашт Чоп кардан

РОБИАИ БАЛХӢ. ҲАМОИШ БА ИФТИХОРИ АВВАЛИН БОНУИ ШЕЪРГӮЙИ ТОҶИК


Дар Қасри фарҳанги деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори таҷлили 1050-солагии нахустин бонуи забардасти шеъргӯйи тоҷик, ки бо қатъномаи ЮНЕСКО ба рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидааст, конфронси илмию фарҳангӣ таҳти унвони «Робиаи Балхӣ – хубони порсигӯ» доир шуд.
Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода дар сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки баргузории ҳамоиш дар доираи қабул гардидани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ (солҳои 2026 – 2027), инчунин ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии таъсиси ноҳия, барои сокинони фарҳангдӯсту маърифатпарвари ноҳия мояи ифтихор аст. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ аз самтҳои авлавиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.
Таъкид шуд, ки таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели равшани мақому манзалати мероси маънавии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Робиаи Балхиро метавон нахустин ситораи зан дар назми адабиёти тоҷик донист.
Профессор Матлубаи Мирзоюнус дар маърузаи илмии худ паҳлуҳои нодири эҷодиёти шоирро шарҳ дода, зикр кард, ки Робиа дар канори абармардони сухан, аз ҷумла Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ, ҳамчун нахустин шоири зан дар осмони адабиёти форсу тоҷик дурахшид. Ӯ Робиаро рамзи ҷасорат, покӣ ва маърифати зани шарқӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки осори шоир омехтае аз назокати занона, содагии латиф ва ишқи поки маънавист.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеър, монологу композитсияҳои адабӣ ва иҷрои сурудҳои классикӣ аз ашъори бонуи шеъргӯ Робиаи Балхӣ ҳусни анҷом пазируфт.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”