

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ то ҳол дар вилоят 1469 иншоот бо харҷи 5,2 миллиард сомонӣ бунёд гардида, имсол сохтмони боз 650 иншооти таъиноти гуногуни иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар назар аст. Соли 2025, дар доираи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳру навоҳии вилоят 140 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 53-тоаш корхонаи саноатӣ мебошад. Дар ин бора раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ афзуд, ки қитъаи роҳи 93-километраи Дарвоз – Рӯшони шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма, кӯпруки 82-метра ва долони зиддитармавии 550-метра дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингузари 200-метра дар шаҳри Хоруғ, Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа, силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз, Неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо харҷи бештар аз 4 миллиард сомонӣ аз ҷумлаи ин иншооти муҳими стратегӣ мебошанд.
Ба гуфтаи раиси вилоят, айни ҳол дар доираи таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма дар қитъаи роҳи Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон сохтмони нақб бо дарозии 1,8 км, 3 пули мошингузар ва 5 долони зиддитармавӣ идома дорад.
Имсол дар вилоят бунёди 19 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 2,5 МВт ва 10 неругоҳи хурди барқи шамолӣ бо тавоноии умумии 645 кВт ва як неругоҳи барқи шамолӣ бо иқтидори 200 кВт дар назар аст.
Инчунин, гуфта шуд, ки соли гузашта 51872 сайёҳ аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрори ВМКБ дидан кард, ки нисбати соли қаблӣ 15421 нафар зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал Лигаи футболи вилоят ташкил гардид.
Варзишгарони вилоят дар 15 мусобиқаи байналмилалӣ, 59 мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 101 медали тилло, 104 нуқра ва 136 биринҷӣ гардиданд.
Бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари давлат, соли рафта 31 муассисаи томактабӣ ба истифода дода шуд ва соли ҷорӣ бошад, сохтмони боз 47 муассисаи томактабӣ дар нақша аст. Айни замон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 42,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, барои дастгирии рушди соҳаҳои иҷтимоии вилоят 521 миллиону 95 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба як соли пеш қариб 130 миллион сомонӣ бештар мебошад ва 83,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят дар идома таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои риояи тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, истифодаи бошууронаи интернет ва ривоҷи корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”