![]()
(Баъзе ишораҳо ба “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов)
МУҚАДДИМА
Дар бораи шахсияти муаллиф нахоҳам гуфт. Замони истиқлол ниёз ба муаррифии Саймумин Ятимов надорад.
Аммо дар атрофи “Ёддоштҳо”-и ӯ нагуфта натавонистам. (ниг.: С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. - 672 cаҳ. Қисми II. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. –704 cаҳ.)
Ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик падидаи нав нест. Намунаи классикӣ ва ҷадиди он “Сафарнома”-и Носири Хусрав, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш, “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ ва баъзе муаллифони дигари номдор ҳастанд.
Ба ҳамин монанд бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов асари нав, дорои арзиши баланди адабӣ, бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ, воқеъиятшиносӣ, публитсистӣ ҳунарӣ ва дархӯри ниёзҳои иҷтимоии имрӯз ва фардост. Чуноне ки маҳсули эҷодии имсолаи ӯ – “Муаллими ман”, “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ” даҳҳо вокуниши хонандагони одӣ, муаллимони мактабҳои миёнаву олии дуру наздикро то олимони Академияи миллии илмҳо ба бор оварданд.
Ва ташаббускорон онҳоро баъди чанде ба дигар забонҳо низ тарҷумаву нашр карданд.
Бо ин ҳама, ман ҳаргиз ҷонибдори аз камбудиҳо орӣ будани ин навиштаҳо нестам ва даъвои мутлақияти хулосаамро ҳам ба худ раво намебинам.
ШУНАВ ПАНДУ ДОНИШ БА ОН ЁР КУН
Агар дар мавриди “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов, бахусус, муҳтавои қисми аввали китоб, ки хотироти айёми хонавода, тадриси мактаби аввалу сонӣ, кӯдакиву ҷавонии муаллиф аст, сухан оғоз кунем, бидуни иғроқ борҳо месазад ашк аз дида хориҷ карду ханда бар лаб овард.
“Ёддоштҳо”-и устод Айниро айёми мактаби миёна хонда будам.
Чун “Ёддоштҳо”-и С. Ятимовро хондан доштам, хостам санъати ёддоштнависии Айниро пеши хотир орам.
Аммо бароям гарон шуд. Зеро аз миён 50 сол сипарӣ гаштааст.
Лозим донистам, ки барои гирифтани ҷавоб ба андешаҳои суолии худ, “Ёддоштҳо”-и Айниро аз нав хонам.
Аз китобхонаи шахсиам мунтахаби ҷилди яку дуи онро, ки нашриёти “Адиб” соли 1990 чоп кардааст, пайдо кардам. Ин дуҷилда аз 351 саҳифа иборат аст.
Онро таъҷил хондам.
То кадом андоза С. Ятимов аз мактаби устод Айнӣ дар навишти “Ёддоштҳо”-яш истифода кардааст, намедонам.
Аммо дар “Ёддоштҳо”-ҳои тарафайн нуқтаҳои ҷудогонаеро пайдо кардам, ки ба ҳам якнавохтӣ доранд.
Ин ҳамнавохтиҳо дар мавзуъҳои зер дар тамоюл ба айнияти якдигарианд:
Тасвири Хайбар ва Барфак. Ҳамнавоии Лутфулло Гӯпон ва Девлох. Раванди хатмашқкунӣ. Ҳодисаи ғӯзакашӣ ва чӯҷабарорӣ. Пофишории падари ҷонибҳо ҷиҳати исботи нуқтаи назари худ. Таъкиди падарони ҷонибҳо бо ифодаҳои ҳаммазмуни: “Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! (Айнӣ); “То камтарин имкон дорӣ, хон, бачам (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – С. 85); ҷанги Махдуми Гав бо Рӯзӣ Бабурут ва ҷанги Сафари “Каҷала” бо Девлох; сайри Шербадан ва сайри Душанбе; истифодаи ҳазломези шеваи вайроншудаи русии Айнӣ ва шеваҳои вайроншудаи русии рӯзгори ориёиёни Ятимов; ҳолати каллапочафурӯшии Болои Ҳавз ва хӯрокхӯрии саримизии ҳайати мухолифин; портретофарии ҳарду нависанда. Барои намуна ду тасвири чеҳраофарии ҷонибҳоро пешниҳод менамоем.
Тасвири устод Айнӣ дар чеҳраи Махдуми Дониш: “Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае, ки ҷомаи банораси подшоҳии дар тан доштааш баробари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони одӣ ба замин мерасид. Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллаи калон ба он гардани дароз, бо вуҷуди пурра будани он, вазнинӣ мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф хам мехӯрд ва гӯё гардан мехост, ки дар бардоштани он сар ва бозувони соҳибаш мадад кунад” (С. Айнӣ. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Саҳ. 230).
Тасвири С. Ятимов бар чеҳраи Девлох: “Ман дар умри худ ин гуна одами девсуратро надида будам. Каллаи пок тарошидаи ӯ кадуи калони сурхи дарозрӯяи барои намоишгоҳи кишоварзӣ парваридашударо мемонд. Чашмони суп-сурхаш ба андозаи ду пиёлаи хурд, абрувонаш ду дастаи қили монанди банди абрешимӣ тобдода буданд, гӯё дар ин каду бо ширеши махсус часпонидашуда бошанд. Бурутҳои ғафси чандин моҳ қайчинашудааш дар ду тарафи манаҳ овезон. Аз таги манаҳи ӯ дастаи пашми аз қафаси синааш ба берун ҷаста менамуд. Раги бари гарданаш ба найчаи ғафси резиние шабоҳат дошт, ки гӯё онро пуф карда, дар бадани ин ғӯл часпонида бошанд. Панҷаҳои дастонаш шохинеро ба ёд меовард, ки гӯё барои канда ва ҳамвор кардани замини санглох тайёр карда бошанд. Зонуҳои ин одами фавқулода аз бадани азимҷуссааш дар масофаи тақрибан якунимметрӣ фосила гирифта, ду сутуни дуқадро ба хотир меовард” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Саҳ. 90).
Фарқияти ҷиддии ёддоштҳои Саймумин Ятимов аз устод Айнӣ дар сохтани ҷумлаҳо ва гузоштани сарлавҳаҳост.
Ҷумлаҳои устод Айнӣ бештар ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиба бо пайравҳои мутаносиб, аммо ҷумлаҳои Саймумин Ятимов, аслан, ҷумлаҳои сода ва гоҳо ҷумлаҳои мураккаб ҳастанд.
Ҳамчунин, дар “Ёддоштҳо”-и ӯ рафти ҳодисаҳо дар матнҳои ҳаҷман хурд, таҳти сарлавҳаҳо пешниҳод шудаанд, ки ин ҳолат раванди хонишро осонтар менамояд.
“Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов аз нуқтаи назари доираи мавзуъ фарогиранд. Масъалаи мубрами ҳаётие нест, ки муаллиф ба он дахл ва ҳаводиси зиндагиро бо тобишҳо таҳлил накарда бошад. Хосияти маҳзи “Ёддоштҳо”-и ӯро бо буди ин аломатҳо таъкид кардан бамаврид аст:
- ҳаммонанд бо устод Айнӣ мавриди корбурд қарор додани вожа ва ибораҳое, ки дар забони адабиёти бадеӣ маъмул нестанд. Чунончи: ҳирғай, хасар - хусур (хашар - хушур); тарғел (чизи вазнини тар афтода, ки қобилияти ҳаракати ваҳмангезро дорад), шушулка (сушилка - хушккунаки пахта); ворох (пахтатозакунак); парта, радиои панҷсӯма, ҳашари пахтакунҷӣ, портупея (тасмаи миёнбанди чармӣ), дарбеҳ (поргӣ), “асҳоби одил” (“особый отдел”), кавсанг, ноҷаи дар, ҳаёта, печка, чӯчик (чӯбча, резагӣ), ҳелча, талхакаф, одами меҳнатрӯзӣ, пасикаллагӣ, лош (-и палак ё чизе), кастинка (касынка), пенҷак (костюм), печ (гайка), лебёдка, болт, лингча, чапарак, ҷайбур (риши ҷайбур, тулт), алас (алас як навъ амали дуохонии муллоҳо), “хлеби горбушка”, тилдир (муаллиф навишта, ки ин вожа аз куҷо пайдо шудааст, намедонам), буча-буча (пора - пора), гармошка, тарғафа (нони дар чой ё об тар карда хафашуда), фанни гармония, укроп (шибит), пех (ченаки певоз), гарданбанд (галстук), шойеот;
- бо забони шеър таҳкиму ҷамъбаст намудани нуқтаи назар, ҳаводис ва афкори худу қаҳрамонони асар;
- ба мисли “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ зиёд ва бамавқеъ истифода бурдани зарбулмасал, мақол, фразиологизм ва ибораҳо ҷиҳати тақвияти афкори худ ва персонажҳои асар. Чунончи: “Авлоди ту худоиро тӯй мегӯяду тозиро қуй”, “Вақти шодӣ ба майдону вақти ҷанг ба каҳдон”, “Ман миру ту мир, хари моро кӣ об медиҳад”, “Изо ҳам қарз асту иззат ҳам”, “Ҳафтои худам ҳеч чиз неву оҳ яктои боғчонам”, “Аз гургак шарикиву аз рӯбаҳак тоқагӣ-ҳа?!!!”, “Дӯст дӯст, ҳисоб раҳи рост”, “Марди 60-сола ҳамонест, ки дар 6-солагӣ буд”, “Кор кун ғуломон барину бихӯр мирон барин”, “Ҳам музду ҳам миннатдорӣ”, “Гови хуб даркор нест, гов аз авлоди хуб даркор аст”, “Бикаш хирбичу бихӯр рубич”, “Ду бор кӯчидану як бор сӯхтан ба ҳам баробар”, “Нодон аз по мехӯраду доно аз сар”, “Дар зимистон шиками меҳмонро гушна монӣ ҳам, ҷойи хобашро гарм нигоҳ дор”, “Ҳам музду ҳам миннатдорӣ”, “Беҳтарин хотира дафтар аст”, “Хуб ҳамон касе механдад, ки охирон хандад”, “Қассоб бачаи худашро фиреб кардааст”, “Аввал бифурӯшу баъд бихар”, “Барои фурӯшанда як чашм бас аст, барои харидор сад чашм кам” ва ҳамин тариқ даҳҳои дигар.
Дар “Ёддоштҳо”-ҳои устод Айнӣ симои як падари одилу комил, серталабу соҳибназар таҷассум ёфтааст.
Падари Саймумин Ятимов ҳам дар ҳамин чеҳраи нодир ҳувайдост. Худи муаллиф ишора дорад, ки падарам дар истифодаи мақолу масал ва ҳикмати баён он қадр ҳунар дошт, ки ҳеҷ сухани худро бидуни он баён намекард.
Рӯзгори падарбузурги Саймумин Ятимов сарнавишти устод Айниро монад, ки барои харҷи иловагии мурдаи падараш аз амлокдор қарздор шудаву аз охирин афзори иҷтимоии худ – хонаву замини меросӣ маҳрум гаштааст. Худу бародаронаш дастёри як шахси давлатманд мешаванд ва исми зебои бо умед мондаи волидайнаш – Камолро Ҳалимбой бо калонигарии хӯҷаинона “Ятим” гуфта, муроҷиат мекардааст, ки оқибат он ба ном табдил ёфтааст.
Ин ҷо хондам, ки дар фарҳанги мардуми кӯҳистони Қафлондара ятим номи гулест, ки камёб аст ва ҷигари калфсангро шикофта, тани танҳо рӯяд.
Падари нависанда Абдусаттор, чун устод Айнӣ дар синни 7-солагӣ ятим гаштааст. Се додару як хоҳари ноболиғ бори дӯшаш гаштанд. Бо ин ҳама, зери насиҳати падар аз ҷабри раиси колхоз гурехта, ба мактаб рафта, омӯзишгоҳи муаллимтайёркуниро хатм кардааст.
Дастурҳои падари муаллиф на танҳо панду насиҳатӣ, балки хосияти методологиву илмӣ доранд. Чунончи: “Агар хоҳи забонат бурро шавад, калимаҳо дар ёдат монад, ё мақсад дорӣ шеърро зуд аз ёд кунӣ, қадамзанон он матнро барои худат шунаво хон. Сипас, китобро пӯшида, мисраъҳои даркориатро аз ёд такрор кун”.
Ё “Аввал мавзуи дарсатро хуб мутолиа намо. Пас аз он роҳ гашта, мавзуатро, гӯё дар назди минбар баромад мекарда бошӣ, бо овоз нақл кун. Дар ин маврид, матн ҳам тез аз ёд мешавад ва ҳам дигар фаромӯш намегардад”.
Ё ин ки “...агар чизеро хоҳӣ, ки тез дар хотират монад, саросема нашуда, аввал дар дафтарат навис. Бо даст дар варақ навиштан баробари дар майна сабт кардан аст. Баъдан бо матни аслӣ муқоиса кун, ки хато набошад” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 151-152).
Падари Айнӣ ба ӯ фармуда буд, ки “агар тасмими мадраса - Бухоро дорӣ, ана он заминро кишт кун, ҳосили онро фурӯхта, харҷи сафару мактаб ба даст ор”.
Ятимов ҳикоя мекунад: “Зимистон оғилхонаҳоро мерӯфтем, дастҳоямон тар шуда, дар ҷорӯбу белу каланд ях карда, мечаспид. Падарам ин аҳволро медид, вале вонамуд мекард, ки надидааст” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 420).
Ин ду падар бераҳму золим нестанд. Шафқат ҷавҳари ҷонашон аст. Аммо медонанд, ки зиндагӣ раҳим нест. Медонистанд, ки онҳо кафолате надоранд, ки ҳамеша чатри сари рӯзгори хонадон ҳастанд. Бинобар, писаронро барои ин рӯзгори ҷаббор омода кардан доштанд.
САРҶАМЪИИ ТИЛЛОИ ПОШХӮРДАИ МУҲИТИ ОИЛАВӢ
Модари Саймумин – Зебуннисо дар 4-солагӣ аз падар ятим шудааст.
Падари ӯ ба иллати носозгориҳои зулмафкани замон аз ноилоҷӣ фарзандонро гузошта, тарки диёр карда, ба Афғонистон кӯч бастааст.
Баъди ба балоғат расидан ва хонадор шудан, сарнавишти талхи ятимони кӯчак – бародарон ва хоҳари шавҳар ба дӯшаш афтодааст. Рӯзгори сағирапарварӣ дар рӯзҳои сахти қаҳтиву гушнагиву нодорӣ ба сараш омадааст. Ба ҳар ҳол, онҳоро бо ҳазор азоб асраву авра карда, ба зиндагии мустақилона гуселонидааст. Ва дар дил ба як умр нисбат ба онҳо эҳсоси фарзандӣ доштааст.
Бо гузашти замон, модар, акнун ҳамроҳи “писари калон”-и кӯчаки хона шавҳарро кифт бардоштанд. Ба саҳро барои ҷамъ кардани коҳ мерафтанд. Навбати пода мегузарониданд. Аз Осмонтеппа ҳезум ҷамъ карда, меоварданд.
Модар табъи шоирӣ дошт. Шеърҳои содаву равони кӯтаҳ менавишт. Ӯ устоди аввалини хатту хониши писар шуд.
Кӯшиши дастрасӣ ба китоби “Алифбо”, аз болохона бо варақҳои кандаву пошхӯрдаву паҳну парешони пур аз чангу хок пайдо карда, бо меҳрубониҳои дилсӯзонаи модар бо риштаву ширеш аз нав банду баст кардани он, дар синни шашсолагӣ рустӣ рафта дар синфхонаи як нишастан ва худи ҳамон рӯз аз ҷониби муаллиме, ки ҳамсабақ ва гӯё аз ошноҳои падараш буд, бешафқатона аз синф пеш кардани ӯ ва баъдан бо кумаки модари ғамхораш, бо ҳазор шавқу завқ ёд гирифтани хондану навиштан, як таърихчаи ибратомӯз барои тамоми падару модар ва мактаббачаҳои имрӯз аст.
Ба фикри мо, меарзад, ин ҳикоя ҳарчӣ зудтар ҳамчун як брошюраи саридастии боғчаҳои бачагонаи имрӯза ба чоп расад ва мавриди истифода қарор бигирад. Он аз нақши бузурги модар ҳикоят мекунад, ки чи тавр ба садои дили фарзанди ҷигарбанди табиатан китобдӯсташ ҳамовоз шуда, устоди аввалини хату саводи ӯ мегардад.
“Баъзан дар мактабу донишгоҳу кор иттифоқ меафтод, касоне лутф карда, ба ҳусни хати ман, мисле ки баҳои мусбат медоданд. Ман бо ифтихор иқрор мегаштам, ки ин ҳусни хати нахустустоди ман-модари ман, нишона ва ёдгорӣ аз ӯст”, – навиштааст муаллиф ва бо ифтихор ёддошт кардааст: “...ҳоло дар китобхонаи шахсии ман аз замони кӯдакиву наврасӣ ба сифати ёдгорӣ аз модари ҷигарбандам гаҳвораи ман, номаҳои модарам..., китоби Алифбои ман ва дар болои он акси ...модарам мондаанд” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 155 -156).
Ин тасвирҳо ба симои модари устод Айнӣ ҳамнавоӣ доранд.
Дар омади сухан, ногуфта намонад. Аҷаб, ки ба мисли Тута-пошшои Садриддин Айнӣ дар деҳаи Ориён ҳам як кампири кари донои афсонагӯ бо номи Музайян будааст, ки аз нақлҳои ҷолиби ӯ дар “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов ҳикояву ривоятҳои аҷибу ғариб оварда шудаанд.
Ростӣ, чун “ғарқи” “Ёддоштҳо” шудам, аввал гумон кардам, ки шояд пиразане бо номи Музайян як образи маҳсули тахайюли бадеии нависанда бошад, ки ӯ барои осонии банду басти хотирот ин персонажро фикр карда баровардааст.
Чун ман давраи ҷавонии худро солҳо дар кори адвокатӣ сарф кардаам, ба ёд овардам, ки наздик ба понздаҳ сол қабл, замоне маҳз аз ҳамин деҳа ба як ҷавонмарди миёнсол хизмати “сафедкунандагӣ”-и муваффақ расонида будам.
Ӯро ба ёд овардам.
Аз бойгонии шахсиам “парванда”-ашро пайдо кардам. Занг задам.
Дар бораи воқеият доштани кампири афсонагӯ – Музайян дар деҳаи Ориён пурсон шудам. Ҳамсуҳбати ман бидуни мушкилӣ ёдовар шуд:
– Кампири Музайян, зани бобои усто Абдурауф буд. Қариб 90 сол умр дид. Барои чи ӯ ин рақамро аниқ медонад? Чунки гӯри пиразан дар даромадгоҳи оромгоҳи Шӯртеппаи деҳаи Ориён аст.
Агар дарвозаи манзили хомӯшонро кушодӣ, хоҳу нохоҳ санги мазори ин кампир, ки як порча бетони шикастаи сарироҳӣ оварда, он ҷо гузошта, аз даст бо ранги одии замони Шуравӣ, соли таваллуду вафоти он маҷлисорои фавқулодаи ҳашаракии пахтакунҷии шабҳои дарози зимистони Ориёни давраҳои бебарқиву бетелевизориву берадиоӣ, навишта шудааст, беихтиёр ба чашм мерасад.
Кампир ду фарзанд дошт. Яке бо номи Зайнура, ки ӯ ҳам кар аст, ҳоло дар қайди ҳаёт мебошад.
Шиноси ман илова кард, агар вақт бошаду ман нақл кунам, афсонаҳои ин кампир як ҷилди калони китоби қиссаҳои аҷоибу ғароиби ҳеҷ гоҳ нашунидаро мемонанд. Ва мухлиси ғайриихтиёрии банда, тааҷҷуби худро ҳам пинҳон карда натавонист... Модоме ки кампир қобилияти шунавоӣ надоштааст, аз куҷо ин қадар афсонадону афсонагӯ мешудааст? Ҳамсуҳбат, мисли дигар ҳамқишлоқиёни зираку кунҷковаш, тахмин мекард, ки шояд ҳамаи ин маҳсули тахайюлу бофтаи худи ин пиразани донои мармузи як умр “танҳо бо худ” ва “ғарқа дар хаёли худ”, дорои истеъдоди фавқулода, як навъ муъҷизаи табиат мисли кампири машҳури нобино – Ванга будааст.
Аз нақлҳои Саймумин Ятимов дар “Ёддоштҳо” аз номи кампири Музайян, беш аз ҳама, “Тиллои пошхӯрда” ҷолибу хотирмон омадааст.
Ин далел бори дигар нишонгари он аст, ки нависанда чи қадар эҳтиёткор будааст. На танҳо воқеаҳои даврони балоғат, балки замони бачагии худро ҳам бо ҳақиқатнигорӣ рӯйи коғаз овардааст. Гарчанде масъулияи воқеънигорӣ дар хулосаи “Ёддоштҳо” ҳам бо қотеият таъкид гардидааст.
Бисёр шунидаву хондаем, ки сарнавишти як миллат ба маърифати зан – модар сахт пойбанд аст. Басо бузургони ҷаҳон фатҳи қуллаи маърифатро маҳз аз домани фазли модар насиб кардаанд.
Модари Саймумин Ятимов ҳам, чун модари Айнӣ, ҳамин гуна зан - модар аст. Адиб навиштааст: “Модарам қаламро гирифта, дар се ангушти ман монда, тарз ва самти ҳаракати ангуштонро нишон дода, фармуд, то машқ кунам” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 142).
Ҳамин нақши модар аст, ки идома додааст муаллиф: “Як чӯбчаро тарзе модарам гуфта буд, дар се ангушти дасти ростам гирифтам ва тамоми рӯз ҳам молчаронӣ кардам ва ҳам машқ” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 143). Ва инчунин муҳаббатпарварист, ки ба ифодаи соҳибкитоб, дар се моҳ хондану навиштани Алифборо ёд гирифтааст.
Дар “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов, чуноне дар боло зикр шуд, мавзуъҳои вобаста ба вақт, маҷрои худро доранд. Акнун ҷаҳони ду муаллифи ёддошт ба самтҳои хоси вобаста ба вақт ва замон равона шудааст, ки қисмати ба қалами Саймумин Ятимов дахлдор дар гуфтори зер баён мешавад.
Низоми оилавии хонадони нависанда пандафзост. “Аҳли хонаводаи мо, шуруъ аз кӯдаке, ки акнун хубро аз бад фарқ мекард ва дар болои ду по истода метавонист, то сарвари хонадон ҳама бояд кор мекард”, – навиштааст муаллиф (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 124).
Дар оила ҳама бо ҳамдигар меҳрубон, вале ҳама аз ҳама серталаб аст. Бемасъулиятии касеро касе таҳаммул надорад. Аз ин ҷо, дар айёми камолот адиб ба ин хулоса расидааст, ки “ҳар оила мисли як давлати хурдакак аст”. Дарк ва эҳтироми ин манзалат калиди дари мақсуд аст.
НАҚШИ МУАЛЛИМУ МАКТАБ ДАР “ЁДДОШТҲО”
Дар китоб дар боби мактабу маориф, илму дониш, аҳли адаб ва муаллим таҳлилу хулосаҳои арзишманд пешниҳод шудаанд.
Нависанда симои ду муаллимро дар қиёс овардааст.
Яке муаллиме, ки бо донишу малака, хислату рафтор, масъулиятшиносии худ шогирдро дар домани муҳаббат ба илму дониш ва фазилати инсонӣ парвариш кардаву дигар муаллиме, ки акси онро.
Таъкид шудааст, ки дарс вақт аст ва вақт умр.
Ба андешаи Саймумин Ятимов, дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт, – аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст. Муҳандис, табиб, олим, шоир, нависанда, сарлашкар, созандаи ҷомеа, роҳбар, номбардори Ватан шудан, нангу номуси ватандорӣ, эҳсоси хештаншиносӣ ва миллатдӯстӣ, шинохти оламу одам аз мактаб сарчашма мегирад.
Ногузирии робитаи мустаҳками мактаб ва оиларо аз масъалаҳои умдаи таълиму тарбия шумурда, адиб ба ин натиҷа расидааст, ки ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ва меҳнатқарини оилавӣ, сахтгириҳои падару модар ва натиҷаи таълиму тарбияи мактаб асоси ташаккули ӯст.
Муаллими хуб мебояд аз миёни шогирдон чеҳраҳои хосро ёбад. Хос таълим диҳад. Тарбият кунад. Ва ин чеҳраҳо фардо миллату Ватанро намояндагӣ кунанд.
С. Ятимов бо ифтихор исми муаллим – устодони некманиши худро аз мактаби ҳамагонӣ то донишгоҳ, дар симои муаллими таърихи мактаби деҳа Усмон Раҳмонов, адабиёт Саид Шарифов, устодони донишгоҳ Иззатулло Тамлихоев, Рустам Ҷураев, Қаюм Сангов, Ёралӣ Содиқов ва дигарон зиндаёд сохтааст.
Адиб ёдовар аст: “...дар замони Шуравӣ муаллимони соҳибтафаккур, устоди касб, масъул, серталаб, пуркор ва натиҷамандро дар тамоми қаламрави ноҳия мешинохтанд. Мардуми деҳа ба онҳо ифтихор дошт. Сухани муаллими солҳои 70-и асри гузашта вазн дошт” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 224).
Ҳангоми фаъолияти корӣ наздиктарин дӯстони нависанда аз табақаи муаллимон будаанд. Нақши муаллим Душанбе Амрихудоев (бобои Душам) аз Рӯшон, ки ин муносибатро муаллиф гоҳо мисли робитаи падару фарзанд тафсир мекунад, ҷолиби таваҷҷуҳи маҳз аст.
Муаллим дар тасвири Саймумин Ятимов бузургтарин қаҳрамони кулли ҷабҳаҳои зиндагӣ – мактаб, маориф, муборизи роҳи ҳақиқат, адолат ва роҳнамои давр аст.
Дар ин маврид, нақши муаллим Ҳусейнзода (дӯсти бобои Душам) аз деҳаи Мотравни водии Язгулом ниҳоят барҷаста ба қалам дода шудааст.
Муаллиф ҳам дар портретофаринии симои ин омӯзгор, ҳам муколамаи ӯ бо саркардаи ҷаллодони наҳзатӣ Ризвон, ки мардумро дар клуби деҳа ҷамъ карда, ҳамаро “ба ҷиҳод ба муқобили куфор” даъват мекунад, тавонистааст, муҷассамаи як шахсияти бузургро ҳамчун намуна ба зиёиён ва наслҳои имрӯзу фардо муаррифӣ намояд. Ибрат гирифтан аз чунин устодро барои ҳама давру замон пешкаш созад.
Ё ин ки дараҷаи маърифатнокӣ, маданияти баланди муомила ва муоширати муаллим Бегаков бо манзур ва шарҳи принсипи таърихият дар донистани равандҳои ҷамъиятӣ, ки минбаъд муаллиф ин самти донишҳоро сайқал дода, тамоми умр истифода кардааст, аз намунаи олии донишу маърифати муаллимони одии музофотӣ мебошанд.
Мантиқи тасвир ва тафсири маънавиёт ва кору амали муаллимони давр симои муаллими имрӯзро ба муаллими таъкидии муаллиф дар домани қиёс мекашад.
Саймумин Ятимов вохӯрди тасодуфии худро дар ноҳияи Рӯшон бо муаллифи китоби “Алифбо” – Ҳилол Карим, барои худ ҳамчун бозёфт ба қалам дода, иззатгузории худро ба ӯ рамзи сабақбардорӣ ба хонанда дарсомӯз намудааст.
Дар китоб нишон додани нақши олими барҷаста, маорифпарвар, якрӯ, яктан, ватанпарасти асил Раҳими Мусулмониён аз шахсиятҳои марказии давраи дар Эрон фаъолият кардани нависанда мебошад.
Мутаассифона, то ин дам ҷузъиёти ҳаёти ин олими бузург, баъди фирор аз мамлакат, ба мо шогирдони замон ноаён буд. ”Ёддоштҳо” ба ин мушкилоти маънавӣ рӯшании шарафмандона андохт.
Маълумоти охирон, ки нависанда бо эҳтирому эътиқоди махсус ба хонанда пешниҳод мекунад, барои адабиётшиносӣ, мубоҳисаҳои таърихӣ, этнографӣ, фарҳанги мардумшиносӣ ва шинохти ҷузъиёти тарҷумаҳолии шахсиятҳои маъруф аҳаммияти омӯзандагӣ дорад.
Ҳар як боби китоб, ки муаллифи “Ёддоштҳо” ба мактабу муаллим бахшидааст, ба назари мо, ҳам аз лиҳози илмӣ, илмӣ - методӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ барои хонанда ҳамчун усули тавонгар кардани равон ва “хирадро ба сар афсар намудан хидмат мекунанд” (Фирдавсӣ). Дастури амалианд ба хотири таҳқиқ, омӯхтан ва истифодаи назарию амалӣ.
Нақши худомӯзӣ ва комилгардонии шахсият, сайқал додани донишу таҷриба мавзуи мустақили “Ёддоштҳо” мебошад.
Хонанда метавонад тавассути он тарзи омӯхтани решаҳои этимологии забони тоҷикӣ, роҳ ва усули дар кӯтоҳтарин муддат аз бар намудани забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавиро аз бар намояд, ҳамин тариқ, пешкору пешраву пешсаф бошад.
ҶОЙГОҲИ ОДАМОНИ ОДӢ ДАР АСАР
Бо овардани симои ҳисобчии колхоз Валиев, ки ҳамагӣ маълумоти миёна дорад, муаллиф нишон додааст, ки андӯхти дониш танҳо кори муаллим, ҷамъан, шуғли як зиёии расмӣ нест.
Дониш василаест, ки инсони бетарафро ба инсони иҷтимоӣ ва фоидарасони ҷомеа мерасонад. Барои ҳамин дар ҷузвдони ҳисобчӣ Валиев ҳамеша китоб буд, қайд кардааст адиб. Аммо шахсияти ӯ бо доштани китоби ҷузвдон хулоса нашудааст.
Ӯ ҳангоми танаффус ва бозгашт аз саҳро бо ҷавонони мактабхон аз фанҳои мухталиф саволу ҷавоб мекунад. Суолҳои шавқовар медиҳад, чунончи: “як тақсими ду калон аст ё 0,5? Касри одӣ аз касри ашорӣ чӣ фарқ дорад? Формулаҳои зарби мухтасар кадомҳоанд? Субҳи содиқ чист ва субҳи козиб чӣ маъно дорад ва ғайра” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 325).
Як услуби маъниофаринии нависанда, ки аз сар то пойи китоб мушоҳида мегардад, дар он ифода меёбад, ки ӯ арзиши инсонро на аз рӯйи мансабу манзалат, унвону ҷоҳу ҷалол, аслу насаб, балки аз рӯйи фазилат, тахассусмандӣ, доштани илму маърифат, соҳибкасбӣ, инсони масъулиятшиносу ростгӯву растагор будан баҳогузорӣ мекунад. Ва хонандаро ҳам ба ҳамин сифатҳо раҳнамун месозад.
Дар ин маврид нақши тракторчӣ Абдуғаффор, қаровули идора Мансурхон, Сафар – хидматгори бой, тракторчии соҳибкор дар Восеъ, дӯстони бадахшонӣ – Лоламир, бобои Мирҷамол, Азиз ва дигарон ҷолиби таваҷҷуҳи махсуси хонанда мебошанд.
ИНЪИКОСИ ШОИРУ НАВИСАНДА ДАР “ЁДДОШТҲО”
Хулосаҳои адиб дар атрофи олимон ва шоиру нависандагон мавриди андеша ва муҳокимарониҳои ҷиддист. Шояд он мавзуи таҳқиқоти алоҳидаро дар мавриди “Ёддоштҳо” тақозо кунад.
Ба қавли қаҳрамонони асар, олимону шоирону нависандагон инсонҳои хокианд. Аммо онҳо бо дарки табиат, муҳити атроф ва ҷомеа тавассути зеҳнияти фавқулода кор доранд. Онҳо аз одамони одӣ як қадам, гоҳо фарсахҳо пешанд. Аёну ноаён табиат ба онҳо як навъ масъулияти тарбияи маънавии одамиро вогузор кардааст. Аз ин ҷиҳат, чунин афрод роҳнамо, пешкор ва маслиҳатчии инсонҳо мебошанд.
Дар “Ёддоштҳо” ин суханҳо аз тарафи муаллиф, аммо тавассути қаҳрамонони соҳибмаърифати асар хеле муътақидона садо медиҳанд.
Устод Айнӣ бошад, ба чеҳраи шоир дахл карда, баён доштааст: ”Одам ба як ду байт гуфтан шоир намешавад. Ҳар касе ки андак шуур дорад, метавонад як ду байт гӯяд. Аммо шеъргӯӣ ҳамеша ва дар ҳама кас сифати нек шудан намегирад. Шеър ҳам монанди илм ва шамшер аст, агар ба шамшер одами бадро – душманро кушӣ, хуб аст, аммо агар бо шамшер ягон одами одӣ кушта шавад, хуни ноҳақ мешавад, кушандаро куштан лозим меояд. Шеър ҳам агар ба некӣ кор фармуда шавад, хуб аст, аммо агар ба бадӣ кор фармуда шавад, аз вай бадтар чизе нест” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 97, 125).
Аммо дар идомаи афкори Саймумин Ятимов иттиҳоди назарӣ ва маънавии ҳарду ёддоштнавис дида мешавад. С. Ятимов бо овардани қиссаи як моҷарои Салмони Соваҷӣ ва Убайди Зоконӣ бо устод Айнӣ дар ақидаи боло ҳамфикр меояд.
Ӯ дар тасвири чеҳраи Салмон як адиби маддоҳу косалес ва дар симои Убайд адиби мубориз, адолатхоҳу некманиш ва ҷавонмарду рӯйинтанро дидааст ва бо далелҳои муътамад исбот кардааст.
Таҳлилҳои муаллиф дар масъалаи фалсафаи дониш ҷолиб аст.
Ин арҷгузориҳо гоҳ аз назари персонажҳо ва гоҳ аз номи худи ӯ ифода шудаанд. Фалсафаи ибтидо ва интиҳои донишро таҳлил намуда, ба ин хулоса расидааст, илм вақте ба охир мерасад, ки он ҷо “боварҳо хосияти мутлақ мегиранд. Сабаби бутпарастӣ, рукуд ва бадбахтии оқибати сухани мулло низ дар ҳамин аст” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 395). Аз номи муаллим Ё. Содиқов гуфтааст, ки “илм гуфта, маҷмуи донишҳоеро меноманд, ки қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафакурро меомӯзад. Ин донишҳо дар натиҷаи таҷрибаи инсонӣ тасдиқ гаштаанд ва ба беҳбудии зиндагии одамон нигаронида шудаанд ...на ҳама донистанҳо илм аст. Баръакс ҳамаи илмҳо донишро ташкил мекунанд” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 404). Илм бояд ба саволи “барои чӣ” ҷавоб дошта бошад. Ва бо далелҳои дар зиндагӣ санҷидашуда онро исбот кунад.
Аввалин кори илмии озмуни донишҷӯии муаллиф “Назарияи инъикос, сабаб ва оқибат дар “Гулистон”-и Саъдӣ, ки муаллиф дар байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гаштааст, ҳамчунон, аввалин дарси озмоишии муаллими ҷавон Саймумин Ятимов дар мактаби 8-солаи №15 дар бораи “Мазмун ва мундариҷаи ғоявии эҷодиёти Носири Хусрав”, бидуни шак, ба сифатҳои хоксоронаи шахсияти муҳаққиқ ва нависандаи оянда ишораҳо кардаанд.
АҚИДАҲОИ ФАЛСАФӢ ДАР "ЁДДОШТҲО"
Дар "Ёддоштҳо"-и С. Ятимов назарҳои умдаи фалсафӣ нақши намоён дорад. Ба қавли адиби мо, сухан аст, ки аз муҳтаво ва сифати шуур дарак медиҳад.
Рафтору амал ифодакунандаи шуури инсон аст. Шакли хаттии ифодаи фикр беҳтарин намуна ва ифшогари ақл, хирад, фаросат ва умқи ҷаҳонбинии ӯст.
Аз назари мутафаккир, заъфу қудрати шуур мақоми инсонро дар ҷомеа муайян мекунанд. Ин аст, ки муаллиф ба хулоса мерасад: “фақат онҳое доимо даст сӯйи осмон мегарданд, ки дар Замин роҳи худро гум карданд” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 445).
Ин нуқтаи назари адиб ба он асоснок карда шудааст, ки ба андешаи ӯ ҷараёни аз одам сохтани инсон на аз таълим, балки аз тарбия сар мешавад. Ва дақиқ аст, ки ҳадафи тарбия шуур аст.
Ҳамин равандро муаллиф бо ёддошти фалсафаи И. Кант – зарурати истифодаи мантиқӣ ва пайдарҳамии хулосаҳои илмӣ, худдорӣ аз суиистифодаи дастовардҳои фалсафаи муҳокимавӣ, нақши тарбия дар ҷаҳонбинии илмӣ, шинохти воқеъбинонаи моҳияти ашё таҳким бахшидааст.
Фалсафаи вақт аз назари адиб муҳимтарин арзиш аст. Ӯ аз забони персонажи худ изҳор кардааст: “Қудратмандтарин зуҳуроти олам як сония аст. На ту, на ман, на каси дигар ва на тамоми олам наметавонанд онро ба қафо гардонанд. Ва қадри онро бояд донист” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 317). Аз ҳамин хотир, дар мавриди дигар дар редаксияи рӯзномаи машҳури Аврупо “New Europe” (Белгия) чунин шиорро мебинад ва онро дар зиндагии ҳамарӯза чун роҳнамо ба раҳбарӣ мегирад: “Who can’t take into account the time, He wasn’t born for glory” (“Касе, ки қадри вақтро намедонад, на барои шараф тавлид шудааст”).
Яке аз нуқтаҳои хоси фалсафӣ, дар ёддошти адиб, масъалаи тақдир ва тадбир мебошанд, ки ҳамчун мантиқ ва мафҳумҳои озод ба инобат гирифта шудаанд. Ба қавли ӯ, таърихи одамизод ва таърихи ҷамъият қонунмандӣ ва хосияти мутлақ надоранд.
Тақдири давлату миллатҳо аз шахсиятҳо вобаста аст. Ба ҳамин сабабу омил ниҳоят пешгӯйинашаванда, осебпазир ва гоҳо хавотирангезанд.
Ҳадди ақал, нигаред ба тақдири панҷоҳ соли қабл – давраи Шоҳигарии Афғонистон, ки донишҷӯён аз 43 давлати дунё барои илмомӯзӣ ва рушди маънавӣ ба Кобул меомаданд.
Ҳоло бубинед, ки “ҳазрати одам” ба ин шаҳр, ки “ашки суда ҳама шаб ба домонаш мерехт ва шаҳри ишқу муҳаббату сафо ва маърифату вафо буд” (порчаи шеърии радиои солҳои шастуми Афғонистон) чиҳо кард.
Ба қиёс бигиред давраи ҳокимияти 8 сарвари бузургтарин дар олам кишвари аз ҳам пошидаро, ки ҳоло дар кадом ҳолат аст ва садҳои дигар:
Басе шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд.
Ва боғи хуррам гашт он ҷо, ки биёбон буд.
Яъне, табиат бо вуҷуди дар чаҳорчӯбаи се қонуни диалектикӣ– инкори инкор, ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо, тағйироти миқдор ба сифат ва акси он қарор доштанаш, ҳангоме ки ба ҷамъият табдил меёбад, қонунҳои ҳатмие чун қонунҳои далектикӣ дар макони табиат мемонад ва дар ҷамъият қонунмандии ҳатмие пойдор нахоҳад буд, балки ба кадом самт, чӣ гуна, кай, дар кадом шакл ҳаракат кардани онро шахсҳо муайян мекунанд.
Аз ин ҷо, адиб дар масъалаи фалсафаи ҷамъият – таърих ба чунин хулоса меояд: инсон маҷмуи мафҳумҳоест, ки хулосаи он паси сар кардани мушкилиҳо ва ба мақсад расиданҳост. Дар акси ҳол, одам чизи одиест, ки тақдир ӯро бозӣ медоронад. Мисоли онро мо дар фитнаи гурӯҳи сарубаргумкардаи муллоҳои хурофотӣ ва думравони онон – зиёиёни пайваставу вобаставу шогирдони онон дидем.
Як қимати “Ёддоштҳо”-и Ятимов таъкид, ҳушдор ва даъват ба шинохти саривақтии ҳамин равандҳост. Дар ин масъала, муаллиф ҳам аз лиҳози назарӣ ва ҳам масъулиятшиносии амалӣ, пайрави устод Садриддин Айнӣ буданро собит кардааст.
Нависанда таъкид мекунад, ки хислати инсонӣ бояд ба кулли имконот ва қудрат барои тарбияи ирода равона шуда бошад.
Истеъдод фақат тавассути иродаи қавӣ зуҳур мекунад. Истеъдод ва ирода дугоник ҳастанд. Хулосаи муаллиф оид ба дугоникии истеъдод ва ирода суолеро ба вуҷуд меорад, ки оё ин ду сифат маҳсули табиӣ ҳастанд ё ҷамъиятӣ. Агар онҳо табиӣ ҳастанд, пас сарчашмаи онҳо ба ирқ хоҳад расид. Агар онҳо ниёз ба тарбият дошта бошанд, пас хосияти табиӣ ва дугоникии онҳо аз миён хоҳад рафт.
Дар посухи ин суол, муаллиф нуқтаи назари Талбак Назаровро бо чунин хулоса пешниҳод кардааст: “Ӯ мантиқан насиҳатгӯйиро вақтгузаронии судманд ҳисоб намекард. Ақидааш он буд, шахс ҳамонест, ки бо ҳамин сифатҳо таваллуд шудааст. Таълиму тарбия фақат хосиятҳои генетикии мусбии одамро метавонад такмил диҳад”. (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Саҳ. 472).
Аз хулосаҳои ҷолиби нависанда масъалаи зуҳур, амали хайр ва шарр аст: тамоми бадиҳо зери шиорҳои некӣ амалӣ карда мешаванд. Ин ҷамъбаст парда аз рӯйи ҳама бозиҳо мебардорад. Парда аз рӯйи дин, оин, мазҳабу фирқаву ҷараёну ҳоказо. Ин хулоса касро ба ҳушёрӣ ва зиракӣ даъват кунад.
Ин ҷамъбаст дар баҳси муаллифи китоб бо журналисти маъруфи Аврупо Ритсос дар масъалаи фалсафаи демократия хуб арзёбӣ ёфтааст.
Масъалаи моҳият ва зуҳур ҷанбаи дигари фалсафии "Ёддоштҳо"-и муаллиф мебошад, ки хулосаи он дар ҳикмати баёни муаллиф сари масъалаи мантиқи зиндагиномаи Абдуҷаббор Суюнов – собиқ сардори КАД ноҳияи Фархор, аввалин муаллим, мураббӣ ва пуштибони муаллиф дар пайроҳаи корманди амният шудани ӯ шакл гирифтааст.
Адиб навиштааст, ки барои дидорбинии Абдуҷаббор Суюнов “бори навбатӣ ба ноҳияи Вахш рафтам.
Ин дафъа суҳбати ӯ маро сахт ғамолуд кард. Ба худ гуфтам: Ҳар инсоне хоҳ аз кеҳон бошад, хоҳ аз меҳон, хоҳ тавонгар бошад хоҳ барзгар, хоҳ аз гузаштагони шоҳон бошад хоҳ аз қавми гадоён, рӯзе андар миёни ҳамагӣ баробар шаванд ва ин фарҷомро бошад фано ном” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 605)
САБАБ ВА ОҚИБАТ
Дар асар сарнавишти сиёсии Тоҷикистон аз ҳазор сол муқаддам то замони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Сабабу иллатҳои ба нобасомонӣ дучор шудани давлатдории тоҷиконро таҳлил карда, муаллиф афзудааст: “Муҳимтарин ҷузъи тафаккури ҳаётбахши миллиро теологияи космополитикӣ гирифт. Тоҷикият аз мадди назар дур афтод. Ақидаҳои бунёдии руҳи миллӣ хор шуд. Мардум мехонданд. Медиданд. Аммо намефаҳмиданд. Намешинохтанд. Фаҳмидан аз хондан хубтар аст. Гарчанде асоси фаҳмидан хондан аст. Ҷомеа ниёз ба ҳокимияти сиёсии мустақилро дошт. Ин масофа беш аз ҳазор солро гирифт. Ҷонфидоён барои сохтани давлати миллӣ дар ақаллият буданд. Бозсозии шуроҳо заминаи фурӯпошии давлати бузургро муҳайё намуд. Ва имконияти таърихии дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани давлати мустақили миллии тоҷиконро омода кард.
Тоҷикистон даҳҳо, садҳо академик, доктор ва номзади илм, ҳазорҳо зиёӣ дошт. Аммо руҳ ва маънавиёти ягонаи устувори миллӣ надошт.
Онҳо, яъне зиёиён, худро мағзи миллат мешумориданд. Дар воқеъ, баъзеи онҳо пасмондаҳои одамӣ буданд, на мағзи миллат” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Саҳ. 221-222).
Муаллиф барои тасдиқи ин ибора - “зиёиҳои пасмондаҳои одамӣ”,- чандин фактҳоро пеши рӯ овардааст, ки намунаи онҳо аз дохили Кумитаи амният хоинона фош кардани чорабинии таъмини бехатарии КАД, дар мисоли Амон Садиров, ки пешниҳоди таслим ба оппозитсияро гузошта буд; монеа шудан барои пешгирии фалаҷи ҳокимияти сиёсӣ дар соли 1992; роҳ надодан ба татбиқи нақшаи КАД барои дар тамоми ҷумҳурӣ гузарондани амалиёти поксозӣ аз террористон мебошанд.
Адиби сиёсатмадор ошкор дарҷ кардааст, ки роҳбари вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ҳушёрии сиёсиро аз даст дод. Гуфт: – Рафиқон, хунрезӣ ба кӣ даркор. Кани ман як бори дигар бо муҳтарам қозӣ–домулло маслиҳат карда гирам. Он кас чӣ мегуфта бошанд” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 245).
Ва натиҷаи ин фалаҷшавиро бо ҳодисаи рамузонаи аз тарафи исломиҳо ба қатл расондани қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳайдар Қосимов хулоса кардааст.
Ва афзудааст, ки душмани доно бо дасти тоҷик тоҷиккушӣ кард.
Ва хулосаи ниҳоӣ ин шудааст: “ҳар халқ ба он сохти давлатдорие сазовор аст, ки ҷаҳонбинӣ, дараҷаи ақл, хирад ва донишаш ба он мувофиқ аст” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 576).
Дар бораи истиқлоли кишвар сухан ронда, муаллиф ҳукм кардааст, ки озодӣ ва истиқлол бузургтарин масъулият аст. Шиор нест. Сиёсат, амният, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маърифат, фарҳанги сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва амал аст. Назарияи Ватан ва ишқи ватандориро адиб бо суханони аъло пеш овардааст, ки суруду тантанаи хушки ватансароӣ ягона роҳи тарбияи ватандӯстӣ нест.
ШАХС, ҚОНУН ВА ҶОМЕА
Нависанда образи сиёсии давлатдориро дар тантанаи қонуният, покии шахсиятҳои роҳбарикунанда, серталабӣ дар кори идораи давлат, якрӯйӣ, пушти по задани риёкорону чоплусҳои мақомоти давлатӣ пешниҳод карда, ифтихоран аз чунин амалияи сиёсӣ ёд кардааст.
Нависанда афзалияти маърифат, донишҳои зираконаи сиёсӣ, кафолати бебаҳс будани илму донишро дар кори давлатдорӣ борҳо таъкид намудааст.
Ҳаводиси дин, ифрот дар дин, хурофоти динӣ, анъана ва урфу одатҳои бо ин асосёфта дар чеҳраи персонажҳои асар ва ҳаёти муаллиф хатти фаъол дошта, дар баъзе маврид, дар зиддиятҳои тезу тунд қарор гирифтаанд.
Муаллиф, аслан, душмани ҷаҳонбинии динӣ нест.
Вай бо ин анъанаи бунёдии башарият ба чашми рафоқат, эҳтиром ва ҳақшиносӣ назар намудааст. Нисбат ба онҳое, ки андешаи башардӯстона, хайрхоҳона, некманишонаи динӣ доранд, некбин аст.
Намунаи чунин персонаж домулло Абдулло аст, ки аз зумраи ба ном табақаи бонуфузи аҳли дин – эшонҳост.
Тафовути эшони Абдулло бо мулло Ҳошимча далели ин гуфтаҳост. Баҳси мулло Абдулло бо мулло Ҳошимчаи “ришаш ҷайбур” ва мулло Ҳасид “Ҳадаҳа” ду сирати ба ҳам носозгоранд. Дар қатори назари пуртазоди ду табақаи муллоҳо, хашинтарин тоифа, ашхоси хурофотист, ки на аз хайри дин хабар доранду на аз шарри он. Балки ин дастаи ҷоҳил тавассути “эҷод”-и кӯрдилонаи худ, барои дин қавонине эҷод кардаанду мекунанд, ки барои таъмини раванди физиологии табиат ва ҷамъият аз ҳар гуна заҳрпечак хатарзотар аст. Бештари ин мардум касонеанд, ки бо маҳзи бесаводӣ хилофи дигаронанд.
МУСИҚӢ ВА ЗЕБОШИНОСӢ ДАР “ЁДДОШТҲО”
Мавзуи санъат, мусиқӣ ва овозхонӣ аз мавзуъҳои дигари асари муаллиф аст. Мусиқӣ чист? Оғози он аз кай аст? Башар ба ин ҳунар чӣ назар дорад?
Аслан, табиат худ мусиқӣ аст.
Аз садои боду оби равон то садои олами вуҳуш. Башар онро расмӣ кард. Асбоб сохт ва навохту суруд.
Аммо боз ҳамин башар гоҳ онро тавассути дину оину ақида ҳаром эълон кард. Ва ин кадом навъи башар аст? Табиист, ки аҳли хурофот. Муҳимияти ин мавзуъ муаллифи ёддоштҳои моро ҳам канор нагузоштааст. Ва дар он мақоми мухталифи аҳли дин ба мусиқиро тасвир кардааст. Муаллиф аз боби мусобиқаи дастаҳои ҳунарии мактабҳои замони шуравӣ ёддошт кардааст. Аз забони муаллими мусиқӣ Рустам Мирзоев зикр кардааст, ки дар асоси тасдиқи Библия, Худо барои осонии кораш одамро зери навои мусиқӣ офаридааст. Нависанда ҷаҳолати аҳли хурофотро андар ин мавзуъ дар таънаву маломати мулло Холмурод ба муаллим Мирзоев ба ин шева тасвир кардааст: “Ту барои чӣ тифлони маъсумро гунаҳкор ва ин қадар онҳоро ба мусиқӣ ташвиқ мекунӣ? Ин бас набуд, ки бо ҳамон рубобат сари калонсолҳои бенамозро гаранг ва як деҳи калонро сурудхону мусиқидон ва ба ин амали куфрат моил кардӣ? Бо ҳар баҳона дар мактабат иди Моҳи маю иди Наврӯзу иди Соли наву иди фалону бисмадон гуфта, анбуҳи муслиминро ҷамъ мекунӣ? Чӣ, кори дигар надорӣ? Фардо, рӯзи қиёмат бо ин корҳоят чӣ ҷавоб медиҳӣ?” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 319-320).
Моҳияти фалсафии мусиқиро адиб аз назари Арасту ёддошт кардааст, ки мусиқӣ ба ахлоқ таъсиргузор аст. Гуфтааст, ки сухан гоҳо ба мусиқӣ ниёз дорад, аммо мусиқӣ ба ягон чиз ниёз надорад. Ҳукм кардааст, аз инсонҳое, ки мусиқиро мефаҳманд, бадӣ нарӯяд. Изҳор кардааст, ки Антонио Стадивари созандаи муҳимтарин асбоби мусиқии дунё – ғижжак буду ду писари ӯ навъҳои дигар ғижжак – алт ва виолончеро сохтаанд. Дар “Ёддоштҳо” аз рози пардаҳои мусиқӣ дар инкишофи “Шашмақом”-и қавми тоҷик, ҳунари асбобсозии Бободӯстов, эҷоди навоҳои “Регравон” ва “Навои Бухоро” сухан рафтааст, ки ин тасвирҳо на танҳо аҳамияти бадеӣ, балки илмиро низ дар худ касб кардаанд.
МАВЗУИ МЕҲНАТ ВА ҲУНАРМАНДӢ ДАР АСАР
Мавзуи ҳунару ҳунармандӣ, ки асоси ҳастӣ аст, дар “Ёддоштҳо” сарфи назар нашудааст. Хусусияти хоси назари муаллиф дар ин ҷода, дар мисоли симои чор тракторист бо аломати хос омадааст. Чор трактори як тамғаи Т – 40, чор тракторист, чор намояндаи майдони як ҳунар.
Аммо дар симои ин чаҳор, чаҳор мавқеъ, чаҳор дид, чаҳор хислат ва чаҳор бинишро сифат кардааст.
Яке трактористи чиркинак дар кони намаки Хуҷамуъмини ноҳияи Восеъ аст, ки гӯё ин касбу ҳунарро танҳо барои қутти лоямут пеша кардааст.
Дуюм, тасвири Абдулғаффори тракторчӣ, ки ин шуғлро дар заминаи меҳр хоставу ҳар оҳани трактори худро чун ҷабини худ озода парварад.
Сеюм, трактористи майзада, ки трактори шалақи худро дар нишеби хатарзо гузоштаву аз дарки масъулият ғофил аст.
Ва чорум, ҷуръати муаллиф андар идораи трактору арзиши ҳамчунин тракторҳо дар ноҳияи Рӯшон, сафар ҷониби деҳаи Миршакар. Натиҷаи равонии ин чаҳоргонаро муаллиф ба ин баёни фалсафӣ ҷамъбаст кардааст, ки: “Моҳият зуҳур меёбад, зуҳур моҳитист”.
Тасвири бакордарории самолётҳо аз тарафи лётчикҳо, ёдраси он ки мототсикли сечархаро немисҳо ихтироъ кардаанд, рӯшангари арзиши ҳунар ва дониш аст.
Ин ҳама суолеро пайдо мекунад, ки мо, тоҷикон, миллате, ки фахри тамаддунофарӣ дорем, дар ин рӯзгор чизе тавонем офарид, ки башар онро бо арзи миннат қабул дошта бошад? Аз самари чанд тан уламое, ки мероси “Ганди Шопур”-ро дошту ҳосили он дар завқи Синову Беруниву Хоразмиву Закарё бор дод, пасон чӣ шуд? Посух як аст. Аз бозе, ки ба кори масҷиднигорӣ гузаштему мақоми илмро ба дин додем ва ба “ҳаёҳӯй”-и сӯфиёна “рақси гирди сутун”-ро маҳзари ақида қарор додем, магар тавонистем, ки ҳаддалимкон тасбеҳи зикр офарида бошем? Ҳамин аст, ки мусалло дар бағал, ҳама ҷониби кишвари “куфор” дар сурати як мавло роҳ мепӯйем. Шояд Зебуннисо ҳамин ҳолати равониро дарк карда бошад, ки гуфта:
Дин агар ин асту оин ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
Ва то замоне, ки садои азони масҷидҳо садои занги расадхонаҳоро пахш кунад, то замоне, ки олими мо пойбанди “ҳама аз Ӯст” гуфтаву азамати худойгонии худро раҳо кардааст, ба ҷуз аз “олимхасак”-они унвондор беш нахоҳем буд, ки танҳо барои даргирони алов ба кор оему бас.
МУТОИБОТ ДАР “ЁДДОШТҲО”
Мавзуи мутоиба, танз ва мазҳака дар дуҷилда ҳамсафари сужа аст. Муаллиф дар тасвири чеҳраи персонажҳо ва ҳаводис лаҳзаҳои басо зебои мутоибот, ҳазлу шӯхиро корбасти сухан кардааст, ки заҳмати хонданро сабук созад. Аз забони кампири Робиямоҳ дар муноқиша бо набераҳояш каломе омада, ки чашми хастаро ба олами ханда кашад. Ва ханда бунёди саломат аст.
Тасвирҳои зер исботи ин гуфтаҳост. Вақте набераи кампир коргурезӣ карданӣ шуда изҳор медорад:
– “Вообшем (в общем), кампир, ту гаранг кардӣ!” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 275).
Аз ин калимаи нофаҳмо кампир ба ғазаб омада, бо изҳори қаҳру ситеза, охирин эҳсосоти эътирозии худро ба ким-чӣ хел сухани ба назари пиразан сахти мармузи наберааш, бо овози ҳамашунав эълон медорад:
– Вообшем, бачам, туро хок бкашат. Вообшем, бачам сарам бенабера шавад. Вообшем, туро бачам, бурда ҳо дар баландӣ, дар таги як янтоқ тап-тап карда гашта биём, вообшем, бачам...” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 275);
“Э Ҳайдаре, Ҳайдаре, ба Худо аз ҳамин хел модари бузург ҳамин хел бачаи муғамбир мебаромадаст-е. О, кампири бечора, ки моро ин қадар дӯст медоштааст, маълум, ки чанд вақт боз интизор будааст, барои чӣ мо, сағераҳои ғарибро дар як ҳафта, ақаллан, ду маротиба даъват намекунӣ, ки ҳамин очаҳаки бечораат хурсанд шавад, э беинсоф-е” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 332-333);
“...Барфак” “Ҷангалӣ”-ро дошта овард. Модарам гуфт, онро сар деҳ. Сар дод. Ба замин афтодан баробар, ҷонвари ҷабрдида, ки агар адвокат мешуд, онро тамоман бегуноҳ мебаровард, дар ҷояш дароз кашид. Ӯ қувват ҳам надошт, вагарна тавассути радиои “Озодӣ” изҳороти махсус пахш ва дигар ҳайвонҳоро ба митинг даъват мекард” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 2. – Саҳ. 55);
Ҳамин гуна лаҳни танз дар тасвири як корманди НАТО омадааст, ки чунин аст: “Қомати ӯ ба дараҷае баланд буд, ки зонуҳояш як ваҷаб аз миз болотар меистоданд. Ман самти осмон даст ёзонда, ба осонӣ панҷаи овезонкардаи он мардро гирифтам ва ба саломи ӯ посух додам” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 500).
Аз лиҳози дигар, тамоми моҷарои Девлох Паҳлавон бо Сафар Каҷала, вохӯриву суҳбат бо оғои Амирӣ, ки соҳиби зану сиву панҷ фарзанд аст, қиссаи тарбузтезхӯрак бо Мансурхон, муколама бо Зуҳур Ёров баъди таркиш дар “Гардиши Наврузалӣ” ва чандин лаҳазоти дигари “Ёддоштҳо” ҳамагӣ аз ҳазлу шухиву мутоибот иборатанд, ки хотири хонандаро болида мегардонад.
ХОСИЯТИ ЗАБОНИ “ЁДДОШТҲО”
Забони осори дуҷилдаи “Ёддоштҳо” рангин аст.
Аммо, бидуни истиҳола, бо такя ба назардошти талаботи нақди адабӣ – сабки нигориши аён ва тарзи услуби баён, “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов дар пайравии ногусастанӣ ба забони «Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ эҷод шудааст.
Аз ин лиҳоз, барои хондан, фаҳмидан ва дарки муҳтавои хотираҳо ва тобишҳои маъногии калимоти истифодашуда ба барандаи забон ниёз ба истифодаи луғати тафсирӣ нахоҳад монд.
Ҳамзамон, ба хотири фардикунонӣ ва типпизатсияи забони қаҳрамону персонажҳои асар, ба муаллиф гоҳо истифодаи шеваву лаҳҷа ва ҳамчунон вожаҳои корбурди забонҳои хориҷӣ зарурат пеш омадааст. Лекин онҳо ҳамагӣ эзоҳу тафсир ёфтаанд, ки барои хонандаи муҳтарам мушкил эҷод нагардад.
Дар хотироти нависанда, чунончӣ, воҳидҳои шевагӣ ва иқтибосии маҳалликунонидашудаи чм (чашм), дуову дабара, қоқсар (яккаписар), лош (сарҳуй, бесоҳиб), суркунопешкунак (бозии дунболгирак), ҷим-ҷит (хапу хомӯш), асраву абра (нигоҳу бин, парвариши ятимон, яъне асра – умр бахшидан, абра – зери соябон гирифтан), ваабше (вообщем), шушулка (сущилка), бӣ (будан) ва монанди инҳо истифода шудаанд.
Масъалаи поксозии забон ва зарурати татбиқи ин мавзуъ низ, аз ҷониби муаллиф сарфи назар нашудааст.
Муаллиф ҷонибдори ақидаест, ки ҳангоми корбурди меъёрҳои лексикӣ ва синонимӣ, аз ҷониби сохторҳои марбути забонӣ, кӯшишҳои сарфи назар кардани этиология, этимология, полисемия, ассимилятсия ва назокати фонетикии забони адабии ҳозираи тоҷик, гоҳо ба саҳлнигарӣ роҳ дода мешавад. Нисбат ба қавмият ва хешигарии забонҳо беэътиноӣ зоҳир мегардад.
Эътимоди ин ҷониб бар он аст, ки хулосаи нависандаи соҳибназар оид ба мавзуъ аз аҳамият холӣ нест.
Барои мисол, муаллиф изҳор медорад, ки истилоҳи “фестивал” (аз фаронсавӣ ба маънои ҷашнвора, маросими ҳамагонӣ барои намоиши осори ҳунарӣ мебошад. Бо маънои кӯчида дар забони англисӣ first of all – пеш аз ҳама, дар ҷойи аввал) фаҳмо, дақиқу аниқ, то замони истиқлол хеле серистифода ва маълуму машҳур буд.
Баъдтар, ба ҷойи он вожаи сабқат (арабӣ), ба ҷойи кабинет (франс.) – утоқ (туркӣ); ба ҷойи рул (ҳоландӣ) – чанбарак; ба ҷойи билет (фран.) – чипта ва ғайра омаданд.
Вожаҳои аввалӣ бо мурури забон, дар натиҷаи муносиботи фаъоли ҷамъиятӣ барои ҳар тоҷик фаҳмо, худӣ ва пазируфта, аслан аз забонҳои ҳиндуаврупоӣ гирифта шуда буданд. Аммо вожаҳои ба ҷойи онҳо номбаршуда, ба таври сунъӣ ба забони мо ворид кунонида шудаанд.
Дар талаффузи калимаҳои ивазшуда, ғайр аз бегонагиашон (гарчанде кӯшишҳои тоҷикӣ нишон додани онҳо ҳам ба чашм мерасад, аммо ин “писарҳо” аз нишони “падар”камтар баҳраварӣ доранд) забон латма хӯрад.
Албатта, бояд иқрор бошем, ки ягон забони дунё наметавонад аз ҳодисаи баҳамтаъсиргузорӣ (хосияти ассимилятивӣ) канор бошад.
Бузургтарин забонҳои дунё ба иллати муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хоҳу нохоҳ ҳатто аз хурдтарин забонҳои дунё имкон дорад, таъсиргир бошанд.
Барои бори дигар таъкидсозии қудрати бузурги маъниофаринӣ доштани забони модарии мо, адиб қайд кардааст, ки тамоми калимаҳои мансуб ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки решаи st доранд, ҳолат, ҳаракат, макон ва мансубиятро мефаҳмонанд, дар асл аз решаи феъли ёридиҳандаи “аст” бунёд гардидаанд. Мисли stop, stay, stood, еstablishment, stabil, state, stile station, estimate, statistik, story ва ҳоказо.
Дар ин маврид, нависанда ба хотири муътақид намудани ин назарияи илмӣ, суффикси маконсози –истон-ро мисол меорад, ки манзалати байналмилалӣ гирифтааст. Он хосияти таркибӣ касб карда, аз феъли замони ҳозира – оянда ва ҷонишини ишоравӣ таркиб ёфтааст. Дар як макон ҷойгир будан, ҷамъ омадани предмет, ашё, халқу миллатҳои гуногун ва ҳатто баъзе кишварҳои аврупоиро ҳам тасдиқу таъйид мекунад.
Решаи феъли ёридиҳандаи англисӣ, ки асоси замонҳои ин забонро ба таври бунёдӣ ба танзим медарорад, феъли ёридиҳандаи “будан”-и тоҷикӣ аст (to be).
Дар ин шакл, истифода бурдани калима дар шеваҳои сокинони шарқӣ ва шимолу ҷанубии Тоҷикистон, ин феъл, ҳамчун зуҳуроти мустақили морфологӣ маълуму машҳуру маъмул аст.
Қудрат ва мақоми забони тоҷикиро баҳогузорӣ карданӣ шуда, муаллиф иброз медорад: “Фирдавсӣ ...исбот кардааст, забони тоҷикӣ маҳсули таърихии тамаддун ва маънавиёти халқест, ки тавассути ин муҳимтарин абзори муоширати бани Одам, тамоми рӯйдодҳои табиат, ҷамъият ва тафакурро қудрати ифода кардан дорад” (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1. – Саҳ. 413).
Ёддоштҳои Саймумин Ятимов ба мавзуъҳои анъанавии адабӣ, чун мавзуи ишқ дар мисоли тасвири ҳолати руҳиву равонии персонажҳо Сайфиддин ва Хумор, дӯстии дар бунёди намунавии оиладорӣ абадигардида дар ҳикояи “Тақдири як духтари украинӣ”, илми боғдорӣ дар таҷрибаи деҳқони асил Карими Дадабой, заҳмати бобои Абдулло дар соҳаи боғпарварӣ, чорводорӣ дар намунаи кори Асомуддин, касбияти тахассусмандона дар аъмоли тракторчӣ Абдуғаффор ва монанди инҳо мавриди тасвир қарор гирифтаанд.
“Ёддоштҳо”-и дуҷилда аз ҷиҳати дарбаргирии мавзуъ, хусусияти бадеияти асар, паҳлуҳои тасвири таърихӣ, арзишҳои илмӣ ва алалхусус, моҳияти тарбияи ватандориву миллатшиносӣ, ба андешаи мо, дорои арзиши баланд аст.
САФАРНОМАҲО ДАР “ЁДДОШТҲО”
Кишваршиносӣ дар амали нависанда мақоми махсус ва аз ин лиҳоз, хотирмонро дорад. Қисматҳои муҳимтарини онро муаллиф рӯйи коғаз овардааст.
Махсусан, сафарҳои адиб ба Исфаҳон дар ҷустуҷӯйи ҳамватанон, ба Қазвин баҳри муайян кардани макони таваллуди Убайди Зоконӣ, ташкили намунавӣ, тахассусмандонаи дипломатии маҳфили ҳамагонии донишҷӯёни бо сабаби тақдири талхи ҷанги шаҳрвандӣ ба гурӯҳҳо ҷудогашта, зиёрати мақбараҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино, оромгоҳи шоири машҳури тоҷику форс – Орифӣ Қазвинӣ ва тафсири илмӣ – таърихӣ ва адабии вобаста ба ҳаёт ва рӯзгори онон, тавассути олими машҳури эронӣ оғои Солукӣ бо иштироки профессор Мусулмониён тасдиқ кардан ва зиёрат намудани оромгоҳи шаҷара – авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таъйиди воқеии мансубияти эшон ба қабилаи бани араб ибратомӯз ва ҷолиби таваҷҷуҳи махсусанд.
Бо даъвати яке аз машҳуртарин шахсиятҳои Эрон, марди фарҳангӣ, се карат қаҳрамони ҷаҳон Ҳасан Ҳабибӣ сафар кардан ба Мозандарон, муҳтавои мулоқот бо “Бабр”-и он (лақаби машҳури оғои Ҳабибӣ аз лиҳози бузургмардӣ ва паҳлавонӣ), баҳс ва табодули афкор бо эшон на танҳо диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад, балки як таассуроти нек дар бораи ҳаёту фаъолият, дараҷаи донишу фарҳанг ва дӯстдори адабиёти тоҷик будани эшон ба бор меорад.
Хотироти нависанда аз сафари Британия, омӯзиши хулқу атвори ибратомӯзи мардуми Дунёи Куҳан, дараҷаи ватанпарастии Ричард Блейк, ки дороиашро барои афзун гардонидани сарватҳои моддӣ ва мадании ватанаш сарф мекунад, шоистаи пайравӣ барои ҳамватанони муаллиф аст.
Тасвири Саймумин Ятимов аз тамошои музейи қаҳрамони ҳамноми асари Артур Конан Дойл Шерлок Холмс, як мақолаи илмии адабиётшиносӣ ва фарҳангпарастиро мемонад.
Ин ҳама, барои нависандагон ва ҳам барои омилоне, ки мехоҳанд, шаҳри худро аз рӯйи қаҳрамонони воқеӣ ва хаёлӣ ба фарҳангистон мубаддал созанд, аз баҳри “мазорҳои бешафоати аҷнабиён бо руҳияи амиқи хурофотситоӣ ва бегонапарастӣ” мардуми оламро бо образофаринии шахсиятҳои миллӣ ҷалб намоянд, мактаби бузурги омӯзишӣ мебошад.
ХУЛОСА
Довари аслии “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов, мухотаби нависанда – одамони одӣ, мардум, мактаббачагон, донишҷӯён, муаллимон, устодон, аҳли зиё, адабиётшиносон, олимон, ҳамчунон вақту замон ва, албатта, худи таърих аст.
Аммо шиносоии умқии “Ёддоштҳо”-и адиб, дар ҳоли ҳозир, ва вокунишҳои зиёде, ки муддати ду сол оид ба қисматҳои алоҳидаи он, махсусан, дар соҳаи мактабу маориф, ки дар васоити ахбори умум ба табъ расиданд, ба хулоса меорад, месазад, ки муҳтавои мунтахаби онҳо дар дарсҳои факултативии мактабҳои миёна ва миёнаи махсусу олӣ мавриди омӯзиш, тадқиқ ва таълим қарор гиранд. Аз ҷониби забоншиносон ва донишмандони ҳирфаии адабиёти муосир, ҳамчун падидаи адабӣ, дар асоси таснифи мавзуоти зидахли иҷтимоии ин асари бадеӣ, тибқи ниёзҳои воқеии нақди адабӣ, ҳамчун предмет воқеъбинона пажӯҳиш ва корбарӣ гардад.
Муҳимтарин омиле, ки имрӯз барои сохтани Тоҷикистони худкифову худдифоъ ногузир аст, мубрамияти илм, маърифат, фосилагирӣ аз ақидаҳои фоҷиабарангези аҷнабиён, баръакси он рӯ овардан ба ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, руҳ – идеологияи миллӣ ва ватанпарастист.
Асари мазкур, ки ифодакунандаи ҳаёти воқеӣ ва талаботи насри реалистӣ мебошад, ба бисёр масъалаҳои мавқеъгирии руҳияи сиёсии наврасон, ҷавонон, ниёзҳои тахассусӣ ва иҷтимоии кормандони соҳаҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ посухгӯ мебошад.
Муҳаммад Алии НУРАЛӢ, файласуф