Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 78-сола дорад. Дар давраи фаъолияти худ аз соли 1948 то инҷониб корхона ба як сохтори устувор ва ихтисосёфта мубаддал гашт.
Дар оғоз дар ҳайати раёсати хоҷагидории Дастгоҳи Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон воҳиди махсуси таъмиру сохтмонӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он иҷрои корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ барои биноҳо ва иншооти мақомоти олии давлатӣ буд. Дар солҳои 1948 – 1991 корхона, асосан, ҳамчун қитъаи таъмиру сохтмонӣ ва баъдан раёсати сохтмонию таъмирӣ фаъолият намуда, корҳои таъмири ҷорӣ ва асосии биноҳои маъмуриро анҷом медод.
Солҳои 1994 то 2000-ум барои корхона давраи такмил ва мутобиқшавӣ ба шароити нави иқтисодӣ гардид. Сохтори идоракунӣ такмил ёфта, таҷрибаи касбии кормандон ғанӣ гардонда шуд. Аз соли 2000-ум сар карда, корхона ҳамчун раёсати таъмиру сохтмонии раёсати молиявию хоҷагидории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмириро боло бурд.
Дар ниҳоят корхона соли 2018 номи Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифта, то ба ҳол ҳамчун як ниҳоди устувори давлатӣ фаъолият мекунад. Корхона дар ин марҳала, ба яке аз сохторҳои муҳими хидматрасонии давлатӣ табдил ёфт. Аз ҷумла, дар таъмири асосӣ ва ҷорӣ, сохтмон ва бозсозии биноҳои маъмурӣ, нигоҳдории ҳолати техникии иншооти давлатӣ, мутобиқшавӣ ба шароити иқтисодии нави давраи истиқлол ва идомаи фаъолияти мунтазам, такмили кадрҳои муҳандисӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва гузариш аз корҳои одии таъмирӣ ба иҷрои лоиҳаҳои мураккаби сохтмонӣ саҳми назаррас гузошт.
Айни ҳол КВД “Таъмиру сохтмон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди устувори давлатӣ фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва нигоҳдории инфрасохтори мақомоти олии кишвар нақши муҳим мебозад. Корхона дар даврони фаъолияташ бисёр иншоотҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Суди Олӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 барои 1500 хонанда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1200 хонанда (ҳар ду дар шаҳри Душанбе), бинои нави Вазорати адлияро бо сифати баланд сохта, ба истифода додааст.
Таърихи корхона ин таърихи устуворӣ, мутобиқшавӣ ва рушд мебошад. Аз як воҳиди хурди таъмирӣ то ба Корхонаи давлатии воҳиди муосир табдил ёфтан, роҳи пурифтихореро тай намудааст ва имрӯз низ фаъолияти худро дар хидмати давлат ва ҷомеа идома медиҳад. Корхона 78 сол мешавад, ки аз марҳалаҳои гуногуни ташаккул гузашта, бо вуҷуди тағйирёбии сохторҳои давлатӣ ва шароити иқтисодӣ, самти асосии фаъолияти худро ҳифз намуд. Таҷрибаи ғании касбӣ, пайгирии меъёрҳои давлатӣ ва саҳми назаррас дар нигоҳдорӣ ва рушди инфрасохтори давлатӣ боис гардид, ки КВД “Таъмиру сохтмонӣ” ҳамчун ниҳоди боэътимод ва устувор дар соҳаи таъмиру сохтмон шинохта шавад.
Ҳамин тавр, КВД “Таъмиру сохтмон” дар тули фаъолияти худ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар ободонӣ, рушди инфрасохтор ва беҳдошти шароити иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Собирҷон АБДУАЛИМЗОДА,
сармуҳандиси
КВД “Таъмиру сохтмон”-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон