Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОКИНОН ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ КАМАР БАСТААНД


Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони бонангу ори шаҳр дар деҳаи Байналмилали Ҷамоати деҳоти Регар дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 сохтмони бинои иловагии таълимӣ оғоз гардид. Табиист, ки сол ба сол бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ низ меафзояд. Биноан, сокинони боиродаву меҳанпарасти деҳаи фавқ ва соҳибкорон азм карданд, ки бояд чунин мушкилӣ дар Муассисаи мазкур пурра бартараф гардида, шароит барои таҳсили фарзандонашон дар сатҳи лозимӣ фароҳам бошад.
Лайло Абдуллозода, мудири маорифи шаҳри Турсунзода, дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона мебошад. Баробари бунёд ва ба истифода қарор гирифтани бино, мушкили ҷойи нишаст барои толибилмони Муассисаи зикршуда комилан рафъ гардида, шароити таҳсил боз ҳам беҳтар мешавад.
Чунин иқдоми созанда, аз ҷониби истиқоматкунандагони деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият низ рӯйи кор гирифта шуд. Онҳо бо сармоягузорӣ ва неруи тавонои хеш барои сохтани бинои иловагии дуошёна бо 20 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 камар бастанд. Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфта, шароити таълим барои хонандагон боз ҳам хубтар мегардад. Дастандаркорон изҳор намуданд, ки бо эъмори боргоҳи илму маърифат ва фароҳам овардани шароит дар он барои ояндаи неки фарзандонашон замина мегузоранд.
– Алҳол дар шаҳр сохтмони зиёда аз 300 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва сокинон бомаром ҷараён дорад. Тамоми иқдомҳои созанда, аз ҷумла бунёду барқарорсозии инфрасохтори соҳаи маорифи шаҳр, дар меҳвари таваҷҷуҳи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода қарор доранд. Мавсуф мунтазам аз рафту сифати корҳои бунёдӣ дидан ва бо сокинон мулоқоту машварат намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир меандешад, – илова кард мудири маориф.

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»