Известия. 17 май вазирони корҳои хориҷии Россия ва Беларус Сергей Лавров ва Сергей Алейник дар пайи музокирот изҳорот дар бораи авлавиятҳои умумии сиёсати хориҷии ду кишварро имзо карданд.
“Мавзуъҳои ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷӣ ба динамикаи хусусият ва муносибатҳои бародарона комилан мувофиқанд. Ба ин муносибат, имзо кардани изҳороти якҷояро дар бораи афзалиятҳои умумии сиёсати хориҷӣ, муҳим мешуморам. Дар ин ҳуҷҷат майлу хоҳиши умумии мо ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳо ифода ёфтааст. Онро мавқеи умумии мо оид ба масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи ҳозираи байналмилалӣ донистан лозим аст”, – гуфт Алейник.
Лавров зикр кард, ки ҷонибҳо аз натиҷаҳои музокирот қаноатманданд.
Баимзорасии созишнома байни Россия ва Эрон
Мир24. Россия ва Эрон дар мавриди анҷоми сохтмони роҳи оҳани Рашт– Астара дар Эрон қарордод ба имзо расонданд.
Ҳуҷҷат бо ширкати Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, тавассути пайванди видеоӣ имзо шуд.
Путин гуфт, ки бастани созишнома дар бораи сохтмони муштараки қитъаи роҳи оҳани Рашт – Астара як рӯйдоди бузург барои тамоми инфрасохтори нақлиётии ҷаҳон аст. Вай ба Президенти Эрон барои ширкати шахсиаш дар роҳандозии ин лоиҳа ва дастгириаш изҳори сипос намуд. Роҳбари Эрон ин тавофуқро як иқдоми бузург ва муҳим дар ҳамкориҳои Теҳрон ва Москва хонд. Ӯ зикр намуд, ки ин долон ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа кор хоҳад кард.
Гуфтугӯи Токаев бо Си Ҷинпин
CentralAsia (KZ). Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) Си Ҷинпин дар Чин мулоқот карданд.
Токаев ба Си Ҷинпин барои даъват ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намуд ва ӯро бо интихоб шуданаш ба мақоми Раиси ҶМЧ самимона табрик гуфт. “Барои Қазоқистон, Чин аҳамияти хосса дорад. Ҳамкории мо ба дӯстии вайроннашаванда ва ёрии ҳамдигарӣ асос ёфтааст. Мо як мақсад дорем – боз ҳам пурзӯр намудани муносибатҳои дутарафа. Моро, инчунин, хоҳиши таҳкими амният ва ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ муттаҳид мекунад. Барои мо рушди минбаъдаи шарикии абадии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Чин хеле муҳим аст”, – иброз намуд Роҳбари Қазоқистон.