Омодасозии саривақтии иншооти обрасонӣ заминаи асосии таъмини кишоварзон бо оби полизӣ ва кафолати фаровонҳосилӣ мебошад. Дар робита ба ин масъала, дар ноҳияи Зафаробод корҳои омодагӣ ба мавсими обрасонӣ бомаром идома дошта, мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ чораву тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод дар пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1” корҳои муҳими омодагӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, таҳкурсии дастгоҳи обкашӣ барои васлу насби таҷҳизоти нав омода шуда истодааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи шартномаи тарафайн соли гузашта аз ҷониби ширкати чинӣ ба пойгоҳи “Мирзочӯл-1” ду дастгоҳ ва як муҳаррики обкашӣ дастрас гардид. Насби таҷҳизоти нав ба баланд бардоштани иқтидори пойгоҳ ва таъмини боэътимоди обрасонӣ мусоидат менамояд.
Бино ба иттилои Шавкат Отаев, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод, дар мавсими обрасонӣ тавассути панҷ пойгоҳи обкашӣ об то баландии 360 метр бароварда мешавад ва 3210 гектар замин обёрӣ мегардад. Ин нишондиҳанда аҳамияти стратегии пойгоҳҳоро дар таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об бори дигар таъкид месозад.
Пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-4” бошад, асосан, беш аз 3000 гектар заминҳои ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшанро бо об таъмин менамояд.
Маълум аст, ки кафолати фаровонҳосилӣ, пеш аз ҳама, аз таъмини саривақтии об вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати таъмири хушсифат ва омодагии пурраи онҳо аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода баранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мутахассисони пойгоҳҳои обрасониро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои фаъолияти босамар шароити мусоид фароҳам меоварад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”