Филмҳои кӯтоҳметражаи истеҳсоли "Тоҷикфилм" – “Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма», дар VII Синамоҷашнвораи байналмилалии «Мартовский КиноКот» иштирок менамоянд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ба рӯзномаи "Ҷумҳурият" иттилоъ доданд.
Фестивали мазкур яке аз майдонҳои эҷодии байналмилалӣ барои муаррифии филмҳои кӯтоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо иштироки коргардонҳо ва филмсозон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Чорабинӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида, беҳтарин филмҳо дар номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ мешаванд.
Иштироки ду филм дар ин фестивал имконияти хубест барои муаррифии синамои миллии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ.
Ёдовар мешавем, ки "КИНОКОТ" Синамоҷашвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳ буда, соли 2023 дар Воронеж таъсис дода шудааст. Маросими ҷоизасупорӣ дар Москва дар охири моҳи март доир мегардад.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”