Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ"


АЗ ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ТО ШИНОХТИ ТОЗАИ ТАЪРИХ
Аз ҷумла, аз худ кардани арзишҳои миллии ниёкони мо, махсусан, намояндаи миллати хеш донистани чеҳраҳои илму адаби тоҷик сархати ахбори ҷаҳон гардидаву танишҳои фикрии зиёдро ба миён овардааст. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки зиёиёну донишмандони мо бузургони моро бо осорашон ва дигар арзишҳоро ҳифз ва воқеиятҳои таърихиро ба таври шоиста ба насли наврасу ҷавон, хосатан, ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, то дар оянда саҳифаи ҷонбозиҳои фарзандони миллат ва таърихи пурғановати он холӣ намонад. Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, нигоҳдошт ва эҳёи арзишҳои миллию таърихии миллат беназир арзёбӣ мегардад.
Аз нахустин рӯзҳои роҳбарии худ дар баробари таъмини суботу оромӣ, барқарорсозии иқтидори иқтисодӣ, ба тавофуқ расидан ба рақибони сиёсии давлат, ҳифз, нигоҳдошт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, аз қабили забони тоҷикӣ-форсӣ, эҳёи ҷашну маросим ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон – Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, ва дигар расму оинҳои миллӣ талошҳои хастагинопазир менамуданд.
Самараи заҳматҳои беш аз сисолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи анъанаҳои миллӣ боис гардид, ки тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун шинохта шуда, баробари абарқудратҳо дар ҳалли даҳҳо масъалаҳои глобалӣ соҳиби раъйи худ бошанд. Дар марҳалаи кунунии давлатдорӣ талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расмикунонӣ ва ба санаҳои хосаи ҷашнӣ табдил додани анъанаҳои миллӣ қарор гирифтааст.
Барои шинохти гузаштаи миллат ва огоҳӣ пайдо намудан аз фарҳангу тамаддуни оламшумул аз ҷониби Роҳбари давлат туҳфа гардидани «...3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ» (порае аз Паём) таҷрибаи беназир маҳсуб ёфта, дар тамоми давраҳои таърихӣ чунин таҷриба бори аввал аст, ки амалӣ карда мешавад.
Бо саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ёздаҳ ёдгории таърихӣ – фарҳангии миллат – «Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ», бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният)», ки ҷузъи асосӣ ва муҳими таърихи ниёкони тоҷикон маҳсуб меёбад, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад: «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд».
Ориёиҳо, ки дар таърих соҳиби шуҳрати хосаанд, аҷдоди қадимаи тоҷикон ва дигар халқҳои эронизабон мебошанд. Салтанати ориёиҳо мутобиқи далоили таърихӣ дар асрҳои IX – VIII пеш аз мелод тақрибан нисфи қитъаи Осиё ва сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ – Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ маскан доштанд. Дар шумори халқиятҳои ориёии ин давра бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо – скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигар дохил мешуданд. Ин ҳузурро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» хеле барҷаста таъкид намудааст: «Агар мо асри биринҷро асри ориёиҳо гӯем, хато намекунем, зеро дар асри биринҷ, махсусан, дар нимаи дуюми он ориёиҳо бахши калони Аврупо ва Осиёро дар даст доштанд. Мувофиқи маводи забонӣ ва бостоншиносӣ онҳо аз ҳавзаи рӯди бузурги Дунай то баҳри Байкал, аз ҳавзаҳои рӯдҳои Окаву Волга то Ҳиндустони Шимолӣ, аз Тибет то баҳри Миёназаминро ҳавзаи сукунат ва тамаддуни худ сохтанд. Ба ривояте номи қитъаи Осиё аз ориё реша гирифтааст».
Сарчашмаи боэътимод ва далели раднопазир барои шинохти таърихи ориёиҳо китоби муқаддаси дини зардуштӣ «Авасто» ва дини ҳиндуӣ Ведҳо маҳсуб меёбад. Ин сарчашмаҳо барои он осори муҳим маҳсуб меёбанд, ки муаллифони он худро ориёӣ ном бурдаанд ва муҳимтарин маълумотро дар бораи ориёиҳо додаанд.
Ориёиҳо дар таърих соҳиби тамаддуни ғанӣ ва мафкурасоз дониста мешаванд. Империяи ориёиҳо намунаи беҳтарини давлатдорӣ шинохта шудааст ва боиси тавсифи бештари муаррихону шарқшиносони дунё гардидааст. Дар пешгуфтори «Авасто», ки бо қалами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф гардидааст, ин масъала чунин баррасӣ гардидааст: «Тавре ки аз сайри таърихии тамаддуни ориёӣ дар мисоли пайдоиш, ташаккул, рушд ва густариши он дида мешавад, қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла пешгузаштагони мо, тоҷикон, тавонистаанд силсилаи арзишҳои волоеро эҷод карда, барои башарият ба мерос гузоранд, ки дар давоми садсолаҳои зиёд ҳамчун дастаи нур ва гавҳари тобнок роҳи инсонҳоро ба сӯйи некӣ ва покизагӣ равшан нигоҳ доштааст. Ва қарзи мо, имрӯзиён, ки бино ба қавлу тасдиқи беғаразонаи даҳҳову садҳо донишмандони маъруфи ҷаҳон ворисони ҳамон аҷдоди покандешу некрафтор ва меросхӯрони ҳамон тамаддуни некиву покӣ ҳастем, идома бахшидани роҳи аҷдоди номдори худ ва равшан нигоҳ доштани чароғи афрӯхтаи онҳост».
Болотар ишора намудем, ки солҳои охир олимони аз рисолати хеш дуррафта бо роҳи «таърихсоз» ошкоро тамаддуни шашҳазорсолаи тоҷиконро афсона тарҷеҳ дода, фарзандони барӯманди миллат, ҳудудҳои таърихии давлати тоҷикон ва осори гаронбаҳои онро нашармида аз худ намуда истодаанд. Иддае аз шарқшиносону бостоншиносони хориҷӣ ориёиҳоро қабилаҳои саҳронишин медонанд, махсусан, фарҳангшинос ва археологи рус Е. Е. Кузмина ба ин назар аст, ки «... ориёиҳо бо қабилаҳои чорводору саҳронишини андроновӣ, ки дар ҷануби Урал ва Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд ва дар асри XII-XI пеш аз мелод ба Осиёи Миёна омада буданд». Лекин қисми зиёди ориёшиносон ин андешаро ботил дониста ҳузури ориёиҳоро дар Осиёи Миёна ва шимолу шарқи Эрон ба давраҳои хеле қадимтар, ба ҳазорсолаҳои V-III пеш аз мелод нисбат медиҳанд.
Академик Юсуфшоҳ Яъқубов ба ин назар аст: «Ориёиҳо аз он ҷо бо ду роҳ ба самти шарқ ҳаракат карданд. Як гурӯҳи онҳо ба воситаи шимоли Эрон ба Осиёи Марказӣ ва гурӯҳи дигар, ки минбаъд саҳронишин шуда, бо чорводорӣ машғул шуданд, ба воситаи шимоли баҳри Сиёҳ ва баҳри Каспий ба ҷануби Урал, Сибири Ғарбӣ ва Олтой рафтаанд».
Муаррихи шинохтаи тоҷик Нуъмон Неъматов Осиёи Марказиро нахустватани ҳиндуаврупоиён шуморида, таъкид мекунад, ки «...дар ин минтақа нишонаи ҳузури дигар халқҳои ҳиндуаврупоӣ ба ғайр аз ориёиҳо пайдо нагардидааст».
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар заминаи ибтикори хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, эҳёи таърихии миллат ва устувор гардонидани мавқеи давлат дониста шуда, махсусан, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфта, дар шароити пурпечутоби танишҳои геополитикии ҷаҳон миёни абарқудратҳо амалӣ намудани чунин иқдомот ҷасорат талаб мекунад. Дар ин марказҳо ба таври шоиста эътибори таърихии миллат дубора эҳё ва дар ҳофизаи таърих саҳифаи тоза боз мешавад ва миллати тоҷик ба ҳайси меросбарони ягонаи тамаддуни ориёӣ шинохта мешаванд. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърих арҷгузорӣ ва хидмати шоиставу нотакрор барои миллати тоҷик сабт хоҳад гардид. Дар амалисозии ин ташаббуси Роҳбари давлат ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки саҳми холисонаи худро гузоранд ва таърихи худро бо дасти худ, бо забони худ, бо қаламу коғаз ва ободии диёрашон эҳё ва ҳифз намоянд. Мисле, ки Сарвари давлат на танҳо бо усулу шеваи беназири роҳбарӣ, балки бо китобҳои хубу хушояндашон дар хидмати фарҳанг камар бастаанд.
Ҳамзамон, муҳаққиқони дигари тоҷик Зафар Мирзоён «Се шикасти ориёиҳо», М. Ҳазратқулов «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ», Қ. Расулиён «Ориёиҳо кистанд ва ватани онҳо куҷост?», Ш. Ҳайдарӣ «Этногенез ва этнонимияи ориёиён», Юсуфшоҳ Яъқубов «Ориёиҳо – асосгузори роҳи бузурги абрешим» ва даҳҳо таҳқиқоту пажӯҳишҳои мондагори дигар, ки масъалаҳои муҳими ориёшиносӣ дар онҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд, барои бедории ҷомеаи мо раҳнамову дастурҳои хубанд.
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон бузургтарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба мақсадҳои ниҳоии шинохти гузаштаи пурифтихори худ дониста шуда, барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун маҳсуб меёбад.


Абдусалом МИРАЛИЗОДА,
доктори илмҳои педагогика, профессор,
мудири кафедраи педагогикаи ДМТ