Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Ин аст, ки дар дунё имрӯз тоҷику Тоҷикистонро ба туфайли иқдомҳои созандаи Сарвари давлатамон мешиносанду эътироф менамоянд. Имрӯз дар ҳар гӯшаи олам, ки сухан аз обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо равад, номи Тоҷикистон низ ҳамрадиф бо онҳо садо медиҳад, исми Роҳбари давлат чун ғамхори аҳли башар вирди забон меояд.
ИҚДОМЕ, КИ ИСТИҚБОЛИ ГАРМ ЁФТ
3-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карда, пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Боиси хушнудист, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 14-уми декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи махсус қабул намуда, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд. Ин пешниҳод дар саросари ҷаҳон истиқболи гарм ёфт ва таваҷҷуҳ ба ҳифзи ин манбаи муҳими об ва ҳаёт торафт афзуд.
ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ СУБОТИ ИҚЛИМ ДАР САРТОСАРИ ДУНЁСТ
Бо назардошти ҳамин паҳлуи масъала Сарвари дурандеши давлат бисёр муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расонданд, зеро Тоҷикистон низ яке аз кишварҳои осебпазир дар ин раванд асту дар зарфи панҷоҳ соли охир аз 14 ҳазор пиряхи он беш аз ҳазортояш об шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурии мо ташаккул меёбаду минтақаро бо оби тоза таъмин мекунад.
Дар ин робита, Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоӣ” моҳи апрели соли рафта дар шаҳри Самарқанд ин тамоюлро ташвишовар хонданд, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки кишвари мо барои таъмини суботи иқлим ва таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамеша омода буда, истифодаи технологияи муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткоронаро шарти асосии кам кардани талафоти об мешуморад.
ҒАМХОРИ БАШАР
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун пешгоми ҳалли ин масъала амалан корҳои зиёдеро сомон дода истодааст. Моҳи марти соли 2018 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки дар ин самт тадқиқоти бунёдӣ мебарад ва бо беҳтарин марказҳои илмии олам ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Илова ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 13-уми августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул гардид, ки ин қарори муҳим низ ба ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар ин самт равона шудааст.
Аз 29 то 31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳими ҷаҳонӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор кишварҳо, инчунин, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни Конфронс муколамаҳои созанда сурат гирифта, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои амалии ҳалли мушкилоти вобаста ба обшавии пиряхҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд. Баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд бори дигар ғамхорӣ ва масъулиятшиносии Пешвои муаззами миллатро нисбат ба тақдири инсоният собит намуд. Тоҷикистон, ҳарчанд кишвари хурд аст, бо ташаббусҳои созандаи худ нишон дод, ки метавонад дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра саҳми арзанда гузорад ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муассир даъват намояд.
Шаҳзода СОЛЕҲЗОДА,
магистранти соли дуюми
кафедраи беҳдошти муҳити
зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино