Баргашт Чоп кардан

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД


“ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ҶАНГАЛ. МУАММОҲОИ САРБАСТА ОЁ ҲАЛ МЕШАВАНД?”
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, №622 мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Оҳистамоҳ Вафобекро таҳти унвони «Заминҳои фонди ҷангал. Муаммоҳои сарбаста оё ҳал мешаванд?», ки 18-уми августи соли 2025, №158 ба табъ расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.


Дар мақола сухан оид ба истифодабарии заминҳои чарогоҳҳои мавсимӣ, пистазори фонди давлатии ҷангал, инчунин, худсарона аз худ намудани қисми заминҳои хоҷагиҳои давлатии ҷангал меравад, ки бамаврид аст.
Муайян карда шуд, ки тибқи ҳисоботи солонаи замин, ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 заминҳои фонди давлатии ҷангал 1 322 986 гектарро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2025, №454 майдони 257 544 гектар қитъаҳои замини фонди давлатии ҷангал, ки қаблан барои чарогоҳҳои мавсимӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста гардида буданд, ба муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал баргардонда шуданд. Истифодаи мақсадноки онҳо зери назорати Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Зиёда аз 80 ҳазор гектари заминҳои фонди давлатии ҷангалро пистазор ташкил медиҳад, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҳисор, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ, Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин ва Шаҳринав ҷойгиранд. Ин қитъаҳо, тибқи тартиби муқарраргардида ва дар асоси шартнома, ба шаҳрвандон барои истифодабарии муҳлатнок дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки риояи қонунгузории замин, бахусус вобаста ба заминҳои фонди давлатии ҷангал, таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад. Ин аст, ки дар натиҷаи чораандешиҳо зиёда аз 42 ҳазор гектар заминҳое, ки қаблан худсарона ишғол ё ғайриқонунӣ ҷудо гардида буданд, ба муассисаҳои хоҷагии ҷангали шаҳру ноҳияҳо баргардонда шуда, истифодаи минбаъдаи онҳо аз рӯйи таъинот таъмин гардид.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки заминҳои фонди давлатии ҷангал идома дошта, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ мешаванд.


Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон