![]()
ДАНҒАРА. НОҲИЯЕ, КИ НАМОИ ШАҲРРО ДОРАД
Ба гуфтаи Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, имрӯзҳо дар пайи ташаббусҳои созандагӣ дар деҳаи Зарнисори ноҳияи Данғара бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дуошёна барои 672 хонанда дар ду баст идома дорад. Сохтмони муассиса дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия роҳандозӣ шуда, ба ҳалли мушкилоти норасоии ҷойи нишаст барои хонандаҳо мусоидат менамояд. Ҳоло корҳои асосии сохтмонӣ идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки иншоотро дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Қарор аст, ки муассиса то моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор гирад.
![]()
ЁВОН. СОКИНОНИ МАҲАЛ ВАТАН МЕСОЗАНД
Хушоянд аст, ки дар баробари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷавонони бонангу номус дар ободии деҳу маҳали зисти худ саҳм мегиранд. Аз ҷумла, бо саҳми сокинони маҳал дар назди МТМУ №10-и деҳаи Ширинчашма толори варзиш ва дар деҳаи Челонзор майдончаи хурди бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Толори варзиш ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, пурра бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз аст.
![]()
Илова бар ин, дар деҳаи Калф низ бо саҳми сокинон, аз ҷумла ҷавонони фаъол, варзишгоҳ барои бозии футбол бо андозаи 90 ба 60 бунёд мегардад. Майдони варзишгоҳ бо сабзаи сунъӣ пӯшонда мешавад. Лоиҳа, инчунин, бунёди нишастгоҳ барои 1000 тамошобинро дар бар мегирад. То имрӯз барои бунёди он зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардид. Масъулон изҳор доштанд, ки варзишгоҳ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода супурда мешавад.
![]()
Рустамшо Ҷаҳонгир дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки чанде пеш раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз рафти сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди МТМУ №17 дидан намуд. Ҳамзамон, ба раиси вилоят лоиҳаҳои сохтмони 17 муассисаи таълимии дигар барои 10 580 ҷойи нишаст дар ду баст, ки дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ гардид.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”