Баргашт Чоп кардан

АРТИШИ МИЛЛӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА

Дар як фурсати кӯтоҳ бо талошҳои созандаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии кишварамон, ки дар майдони холӣ аз сифр сохта шудааст, ба як неруи бузурги мудофиавӣ табдил ёфт. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мавқеи басо хосса дорад, зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин нукта дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати 33-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа доир шуд, баён гардид.


Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, зимни суханронӣ иштирокдоронро табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр кард, ки агар ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, оғози бунёди он ба давраи басо мураккаб рост меояд. Баъди аз заволи пошхӯрии шуравӣ миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик дар шароити душвору ноором марҳалаи нави давлатдории худро оғоз намуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гашт, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, аввалин қисмҳои низомӣ дар идораҳои колхозу совхоз, мактабҳои миёна ва беморхона таъсис ёфтанд.

Абдураҳмон Ҳалимзод афзуд, ки дар ин давра, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо аз имтиҳони сангини таърих гузашт. Яъне, Артиши миллӣ барои мубориза бар зидди душманони сохти конститутсионӣ истодагарӣ карда тавонист. Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳо аз ҳудуди пойтахт ва дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда, дар мавзеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир шуданд.

Воқеан, тадбирҳои чанд соли охир дар ин самт андешидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар баробари ин, мардуми кишварро мебояд, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиштагии Ватан ва ободиву рушду ташаккулёбии мамлакат масъулияти баланд эҳсос намоянд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”