Ҳанӯз нуздаҳ сол пеш аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо гузошта, барои беҳбудии рӯзгор ва вазъи иҷтимоии мардум қадами ҷиддиеро пешниҳод намуда буданд. 20-уми июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул шуда, боз ҳам сабукиҳоро дар баргузории ҷашну маросим ба миён овард.
Қонуни мазкур дар таърихи қонунгузории на танҳо Тоҷикистон, балки дар фазои давлатҳои Осиёи Марказӣ як падидаи воқеан ҳам, беназир ба шумор меравад. Қабули он шаҳодати равшани ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоли мо дар роҳи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ки бар пояи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ устувор аст. Бо қабули ин Қонун давлат ба танзими яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ҷашну маросимҳои миллию динӣ рӯ овард. Ҳадафи асосии Қонун пешгирӣ аз зиёдаравӣ, исрофкорӣ, таъмини манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар натиҷа, ҷашну маросим аз воситаи намоишу тафохур ба омили ҳамдигарфаҳмӣ, сарфакорӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ табдил ёфтанд.
Татбиқи Қонуни мазкур дар амал нишон медиҳад, ки ҷомеа тадриҷан ба фарҳанги риояи қонун ва масъулияти иҷтимоӣ одат мекунад. Бино ба иттилои Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2025 вобаста ба риоя накардани Қонун 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 шумораи онҳо 138 ҳолат кам мебошад. Ин нишондиҳанда аз болоравии сатҳи худогоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ҳамзамон, маърака ва маросим низ нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 1907 камтар гузаронда шудааст.
Коҳиш ёфтани ҳам шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳам маъракаю маросим далели он аст, ки Қонун тадриҷан ба як меъёри пазируфташудаи иҷтимоӣ табдил ёфта, таъсири мусбати худро ба вазъи иқтисодии оилаҳо ва устувории ҷомеа мерасонад. Такмили пайвастаи он ва риояи бошууронаи талаботи дар он омада метавонад дар оянда низ ба рушди устувори ҷомеаи тоҷик хидмат намояд.
Ниёз НИЁЗОВ,
омӯзгори калони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов