Баргашт Чоп кардан

АЛОҚА. ҶАЛБИ БАХШИ ХУСУСӢ БО МАҚСАДИ ХИДМАТРАСОНИИ БЕҲТАР


Дар шаҳри Душанбе байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сервис и технология» созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: низоми автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба имзо расид.


Арзиши умумии лоиҳа 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки маблағгузории пурраи он аз ҳисоби сармоягузории шарики хусусӣ – ҶДММ «Сервис и технология» таъмин мегардад.
Лоиҳа ба ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ равона гардида, ба такмили соҳа, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ва таъмини шаҳрвандон бо усулҳои нави муросилоти почтавӣ, хидматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо нигаронда шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар доираи амалишавии лоиҳа беш аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳамчунин, зиёда аз 500 нафар корманди соҳаи алоқаи почта ҷалб карда мешавад.


Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»