Маърифати молиявӣ яке аз омилҳои калидии таъмини рушди устувори иқтисодии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, сатҳи дониши молиявии аҳолӣ ба ташаккули рафтори дурусти иқтисодӣ, истифодаи самараноки зихираҳо ва таҳкими суботи молиявӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Маърифати молиявӣ маҷмуи дониш, малака ва муносибатҳои вобаста ба маблағҳои шахсӣ мебошад, ки ба ҳар нафар имкон медиҳад, аз хароҷоти барзиёд канорагирӣ намуда, беҳзистии молиявии худро таъмин созад.
Ҷойи таъкид аст, ки дар шароити раванди босуръати рақамикунонии иқтисодиёт, нақши маърифати молиявӣ боз ҳам муҳимтар шуда, шакли рақамиро ба худ касб мекунад, зеро маърифати молиявии рақамӣ истифодаи муваффақона ва бехатари амалиётҳои молиявӣ ва дастрасии хидматрасониҳои муосирро имконпазир мегардонад. Омезиши маърифати молиявӣ бо малакаҳои рақамӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ҳаёти иқтисодии кишвар фаъолона иштирок намоянд ва ба тағйироти бозор мутобиқ шаванд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ на танҳо вазифаи иҷтимоӣ, балки яке аз самтҳои стратегии рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо назардошти ин омил, ҳанӯз 23-юми декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро муваззаф карда буданд, ки бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ барои рушди шабакаҳои хидматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмини гуногуншаклии хидматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хидматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯйӣ намоянд.
Ин аст ки, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур аз тадбирҳои муассир кор мегирад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 саводнокии молиявии аҳолии мамлакатро баланд мебардорад. Аз ҷониби Бонки миллӣ сомонаи таълимӣ оид ба саводнокии молиявӣ fingram.tj – Саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, инчунин, чорабиниҳои гуногуни омӯзишии молиявӣ барои доираи васеи тарафҳои манфиатдор роҳандозӣ гардидаанд. Омӯзишҳо, асосан, ба рақамикунонӣ, ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хидматрасониҳои молиявӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, пасандозҳо ва идораи қарзҳо буда, занон, ҷавонон, соҳибкорон ва сокинони деҳотро фаро мегиранд.
Бояд гуфт, ки маърифати молиявӣ дар ҷаҳони муосир маҳорати муҳимест, ки амнияти иқтисодии шахсӣ, қобилияти идоракунии самараноки даромад ва хароҷот, пешгирӣ аз қаллобӣ ва ба даст овардани сарватро таъмин мекунад. Имрӯз, ки муносибатҳои молиявӣ торафт мураккабтар мешаванд, маърифати молиявӣ барои ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз синну сол ва шуғл, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бинобар ин, ғайр аз тадбирҳои мавҷуда метавон, ҳамчунин, барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳоро бо саводнокии молиявӣ ғанӣ гардонд, воситаҳои ахбори оммаро барои паҳн кардани маълумоти зарурӣ ҷалб намуд. Илова бар ин, ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро платформаҳои рақамӣ ва барномаҳои мобилӣ метавонанд дар расондани маълумоти молиявӣ ба аҳолӣ, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, нақши бориз дошта бошанд.
Хулоса, маърифати молиявӣ пояи асосии ташаккули иқтисоди устувор ва рақобатпазир ба шумор меравад. Сарватмандтарин шахсони олам бо донишҳои молиявии худ аз оммаи мардум тафовут доранд, яъне ин гуна донишҳо мояи муваффақияти ҳар гуна дороиҳост. Аз ин рӯ, тарғиб ва густариши маърифати молиявии шаҳрвандон тақвияти ҳамкории давлат, муассисаҳои молиявӣ, низоми маориф ва воситаҳои ахбори оммаро тақозо менамояд, зеро ҷомеаи дорои донишҳои кофии молиявӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳбуди зиндагӣ ва таҳкими суботи молиявии кишвар мусоидати бештар дошта метавонанд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»